logo

фарҳанг

ФАРҲАНГИ МАЪНАВӢ. ОМӮЗИШ, ТАҲҚИҚ ВА ОЯНДАБИНӢ

Чанде пеш  дар  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони  «Вазъияти омӯзиш ва таҳқиқи фарҳанги маънавӣ дар Тоҷикистон ва ояндабинии он» баргузор гардид. Дар кори он устодон, кормандони илмӣ, аспирантон, унвонҷӯён, докторантон аз рӯи ихтисоси PhD ва магистрони донишкада, инчунин, намояндагони Академияи илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илму фарҳанги ҷумҳурӣ,  Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар донишкадаву донишгоҳҳо ҳузур доштанд.
Ҷаласаи пленариро Хайриддин  Идиев, ректори донишкада, ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки бузургону хирадмандони тоҷик бо заҳмату талоши пайвастаашон дар роҳи илму адаб тавонистаанд, ки  бароямон як фарҳанги волою  ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоранд. Ин фарҳанг саропо аз хайр иборат аст. Фарҳанги миллии мо парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ ва эътиқод буда, тараннумгари сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ, фаровонии неъматҳои зиндагист. Фарҳанги мо шиносномаи миллатамон мебошад, ки тавассути он чеҳраи моро ҷаҳониён қарнҳо боз хуб мешиносанд. Хушбахтона, дар замони Истиқлолияти давлатӣ фарҳанги миллӣ рушд ёфт.
- Мавриди зикри хос аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои фаъолияти сиёсиашон ба фарҳанг ва рушду нумӯи он аҳамияти махсус медиҳанд. Ба таъбири  дигар, ин абармард кори давлатдории худро бо фарҳанг оғоз карданд. Пас мо, муҳаққиқони соҳаи фарҳангро зарур аст, ки дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷанбаъҳои гуногуни онро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Мо бояд вазъияти имрӯзаи фарҳанги маънавӣ дар Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ қарор дода,  рушди босуботи онро дар оянда муайяну мушаххас намоем, - иброз дошт Х. Идиев.
Дар, воқеъ, фарҳанги волою  ғании мо на танҳо боиси ифтихор аст, балки ганҷинаи беназирест, ки  тӯли қарнҳо ҳамчун заминаи боэътимод боиси рушду нумӯи  тамаддун ва фарҳангҳои мухталифи ҷаҳон гардидааст. Ҳифзу нигаҳдошт ва дар оянда тавсеаи он вазифаи асосии мутахассисони соҳа мебошад.
М. ЧУРҒОСИЕВ,
мудири шуъбаи магистратура ва  аспирантураи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 1053
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед