logo

порлумон

ПАРЛУМОН. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилон ва роҳбарияту намояндагони  вазоратҳои молия, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо,  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар мавзӯи «Рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» дар самти таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид.
 
Акрамшо Фелалиев, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор намуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва даст-расии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, ки баробари дигар 3 ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати соҳибихтиёр яке аз масъалаҳои умдатарин ба ҳисоб меравад.
Ӯ афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ҳадафҳои миллиро дар сатҳи сифатан нав тарҳрезӣ намуданд, ки ба марҳилаи нави рушд гузаштани Тоҷикистони соҳибистиқлол шаҳодат медиҳад.
Бо назардошти нақши муҳими соҳаи кишоварзӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат бо дастури бевоситаи Пешвои миллат марҳилаи ҳалкунандаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ оғоз гардид, ки мақсади он пеш аз ҳама таъмини адолати иҷтимоӣ дар истифодаи замин, ташаккули имкониятҳои бештари иқтисодии истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат мебошад.
Тадбирҳои амалигардида имконияти сол аз сол беҳтар гардондани сатҳи зиндагии аҳолиро ба миён оварда истодааст. Танҳо дар давоми солҳои 2011 - 2017 истифодаи даромади аҳолӣ барои хариди хӯрокворӣ аз 67,3 дарсади соли 2011 то ба 49,2  дарсади соли 2017 кам гардида, мутаносибан барои хариди маҳсулоти ғайриозуқа, пардохти хизмати шахсӣ ва истеҳсолӣ равона шудааст.
Рустам Латифзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, иброз дошт, ки истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар самти коркард, бандубаст ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа, ворид кардани технологияҳои нав, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, сардхонаҳо ва беҳтар намудани корҳои бозорёбӣ (маркетинг) аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошанд.
Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарияти вазоратҳои марбутаи соҳа  саволу ҷавоб ва музокираҳои судманд баргузор гардид.
Сипас, аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида   қарори дахлдор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул карда шуд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 1624
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед