logo

иқтисод

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РОҲИ БУНЁДКОРӢ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри  сазовор  истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар саросари кишвар корҳои ободонӣ беш аз пеш тавсеа меёбанд. Аз ҷумла, ба муносибати ин ҷашни фархунда дар ноҳияи Темурмалик бунёду навсозӣ ва таъмири 248 иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ – корхонаҳои саноатӣ, мактабу кӯдакистонҳо, варзишгоҳу майдончаҳои варзиш, бунгоҳу марказҳои тиббӣ, биноҳои маъмурию хизматӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре раиси ноҳия Эмомиддин Аслзода иброз намуд, ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нақшаи чорабиниҳоро таҳия намудаааст.
- Соли ҷорӣ дар доираи созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати ин санаи муборак, маркази хизматрасонӣ, 21 синфхона ва 8 ҳуҷра, дукони маҳсулоти ҳунармандӣ, маркази савдо ва корхонаи ордбарорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, клубу китобхонаи деҳаи Ҷайралӣ ва кинотеатри марказии ноҳия таъмир шуданд. Ғайр аз ин, сохтмону навсозии 28 иншоот оғоз ёфта, рӯзҳои наз-дик эъмори боз 62-тои дигар сар мешавад,- иброз дошт Эмомиддин Аслзода.
Бо мақсади беҳтар сохтани шароити таълим аз ҷониби роҳбарияти ноҳия чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳоло аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша дар як қатор  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тармиму таҷдид ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ идома доранд. То имрӯз бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 ба истифода дода шуда, тармими МТМУ № 34 ба итмом расид ва таъмири ҷории муассисаи таълимии № 30 дар арафаи анҷомёбист. Дар деҳаи Сафарбоён ба маблағи 681 ҳазор сомонӣ бинои МТМУ № 34 таъмири асосӣ гардида,  5 синфхонаи МТМУ № 4-и деҳаи Қазоқ ва болопӯши бинои он бо харҷи беш аз 50 ҳазор сомонӣ навсозӣ гашт.
Ба истиқболи ин ҷашни фархунда таҷдиди иншооти  муассисаҳои тандурустӣ низ ҷараён дорад. Бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар деҳоти Саидмуъмин Раҳимов беморхонаи ноҳиявии №2 бо харҷи беш аз 45 ҳазор сомонӣ тармим гардида, дар деҳаи Кангурт ба маблағи 1 миллиону 850 ҳазор сомонӣ сохтмони коллеҷи тиббӣ барои 350 нафар ба охир расид. Ҳоло бошад, дар деҳаҳои Лолазор ва Давлатшоён эъмори бунгоҳҳои тиббӣ оғоз ёфтааст.
Бояд гуфт, ки дар ноҳия баҳри беҳтар намудани ҳолати роҳу пулҳо низ тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Бо  ин мақсад, 8 километр роҳи мошингарди деҳаи Кӯҳдоман таъмир гашта, сохтмони пули он идома дорад. Айни ҳол сангфаршсозӣ ва асфалтпӯшии наздики 22 километр роҳи байни деҳоти Саидмуъмин Раҳимов ва деҳаи Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара ҷараён дошта, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, роҳҳои байни деҳаҳои Ҳалқаёр, Чилча, Баҳористон ва Совет - Муродбахш аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Ғайр аз ин, барқарорсозии пул ва роҳи деҳаи Булакдашт, таҷдиду сангфаршсозии роҳҳои деҳаҳои Н. Болтаев, Ҳасанбегӣ, Бурдангал, Ойшабулоқ ва Рӯҳафзо босуръат идома дошта, дар се соли оянда эъмори роҳҳои нав ва тармими роҳу пулҳои мавҷуда ба нақша гирифта шудааст.
Кобили зикр аст, ки айни замон дар гӯшаву канори гуногуни ноҳия аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони коргоҳу марказҳои хизматрасонӣ идома дошта, аллакай, қисме аз онҳо дар хизмати сокинон қарор доранд. Аз ҷумла, бо харҷи зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ дар деҳоти Кангурт маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ қомат афрохт. Ҳамзамон, бунёди меҳмонхона, тарабхона, маркази хизматрасонии чорошёна ва бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ дар арафаи анҷомёбист. 
- Дар ноҳия, ҳамчунин, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, эъмори сутунпояҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, гулгашту хиёбонҳо, меҳмонхона, сардхона, корхонаҳои коркарди ширу мева ва ғайра, инчунин, таҷдиду навсозии як қатор иншоот босуръат ҷараён доранд,- афзуд раиси ноҳия.
Ҳамин тариқ, масъулину сокинони ноҳияи Темурмалик азм доранд, ки баҳри бо дастовардҳои намоён истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин гӯшаи диёри азизро боз ҳам ободтару зеботар намоянд.
Бахтовар КАРИМ, Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 911
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед