иқтисод
БОНКДОРӢ. ВАЗЪ БЕҲБУДӢ МЕЁБАД
Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ояндабинии рушди молиявии иқтисод бо ҳузури роҳбарони вазорату идораҳо, коршиносони мақомоти гуногуни идоракунии давлатӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ мизи гирд баргузор шуд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои солимгардонии низоми бонкӣ, ташаккули сиёсати буҷетӣ, татбиқи таҷрибаи муосири омоданамоии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди ММД барои давраҳои миёнамуҳлат ва таъмини ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорию рушди соҳибкорӣ баррасӣ гардиданд.
Ба гуфтаи Ғафур Расулов, сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ, мақомоту ниҳодҳои бонкиро зарур аст, ки баробари пешбурди хизматрасониҳои молиявӣ баҳри амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҳукумат талош намоянд.
- Вақте аз ҷониби ҳамаи ниҳодҳои молиявӣ баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини маҳсулоти бехатари озуқаворӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ заминаи боэътимод фароҳам мегардад. Аммо бо сабаби ба вуҷуд омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ соли 2014 ва таъсири он ба кишвари мо фаъолияти бархе аз бонкҳо, аз ҷумла «Тоҷиксодиротбонк» - у «Агроинвестбонк» ба куллӣ коста гардид. Маълум гашт, ки сохтори низоми идоракунии бонкҳо дар сатҳи паст қарор дошта, бавижа набудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, эҳсос шуд, - гуфт Ғафур Расулов.
Нурмуҳаммад Шарифов, директори департаменти Бонки миллӣ, иброз дошт, ки роҳбарияти бонк дар натиҷаи гузарондани чораҳои солимгардонии ташкилотҳои қарзӣ то ин дам ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъолро, ки сабаби асосии мушкилот буданд, қариб 31 дарсад кам намуд. Бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта дар низоми бонкӣ сатҳи амонатгузории аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ тамоюли болоравӣ дорад. Соли равон меъёри пардохтпазирии низоми бонкӣ 71 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба талаботи муқарраршуда 42 дарсад афзудааст. Ҳоло яке аз корҳои асосие, ки масъулони бонкҳо бояд анҷом диҳанд, ба фаъолияти даромади фоизӣ машғул шудани онҳост. Ҳамчунин, барои гузарондани ислоҳот дар низоми молиявии кишвар қабул намудани санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, аз ҷумла барои роҳандозии таҷрибаҳои муосири бонкдории ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ, зарур аст. Дар асоси санадҳо таъсиси идораҳои алоҳида барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва суботи молиявӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
Иронбӣ МӮСОЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.12.2018 №: 253-254 Мутолиа карданд: 937