logo

маориф

МАОРИФ. ҲАМҚАДАМИ ЗАМОНА БОШЕМ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи  маорифро  асоси таҳкими  аркони давлат ва наҷоти миллат унвон карда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ қарор додаанд.

Ҳамин аст, ки Сарвари давлат аз оғози фаъолияти пурсамарашон ин соҳаро нисбат ба дигар соҳаҳо афзал дониста, онро таҳти назорат ва таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доданд. Ба хотири пешрафти соҳа тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ силсилаи қонунҳо ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар  бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва чандин консепсия ва барномаҳои давлатӣ таҳия ва қабул гардиданд. Албатта, ин ҳама, тайи солҳои сипаришуда дар раванди  таълиму таҳсил нақши бориз гузошта, боиси  такмилу  рушди соҳа гардиданд. Алалхусус,  ба сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, ки зинаи нахустини таҳсилот маҳсуб меёбанд, аҳамияти махсус дода шуд. «Барномаи давлатии рушди соҳаи  томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2006 - 2010» қабул гардид. Зимни амалӣ намудани барномаи  мазкур ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мустаҳкам, шаклу усулҳои тарбияи томактабӣ муайян, заминаи моддӣ - техникӣ ва таълимию методии ҳамаи муассисаҳо беҳтар гардонда шуд.
Барои рушд ва тавсеаи соҳаи маориф дар кишвар ҳамасола бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат беш аз пеш маблағи муайян ҷудо мегардад.  Аз ҷумла, соли 2000 ба соҳаи маориф аз Буҷети давлатӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас ин рақам дар соли 2015 ба се миллиард сомонӣ расид. Дар давоми ин солҳо дар кишвар шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бамаротиб афзуда,  теъдоди онҳо ҳоло ба беш аз 4000 расидааст. Дар ин давра, шумораи донишгоҳу донишкадаҳо низ зиёд гардид, ки дар онҳо  бештар аз 150 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд. Дастурҳои дигари Президенти мамлакат дар паёмҳои худ андешидани тадбирҳои иловагӣ барои омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ мебошад. Дар замоне, ки вазъи сиёсии ҷаҳон бисёр мураккаб шудааст, иҷро ва  амалӣ намудани ин дастурҳову тадбирҳо бениҳоят муҳим арзёбӣ мегарданд. Дар ҳақиқат, моро зарур аст, ки бо шинохти масъулият беҳтару бештар заҳмат кашем. Барои ин, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ беҳтарин раҳнамои мо - омӯзгорон маҳсуб мешавад.
Шаҳноза АБИБУЛЛОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 15 - и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 976
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед