logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОӢ МОНЕАИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, роҳи ояндаи давлатдории хешро муайян намуд. Он замон барои муайян намудани сохти давлат андешаҳо гуногун буданд. Дар ҳамон шароит Шӯрои Олии Тоҷикистон барои дар фазои ором ва бехатар инкишоф ёфтани давлат қарорро дар бораи ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи амалкунанда қабул намуд ва тибқи он Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон кард.
 
Дар бораи мазмун, моҳият ва хусусиятҳои давлати дунявӣ донишмандони тоҷик фикру андешаҳояшонро дар китобҳояшон баён кардаанд. Дар миёни онҳо профессор Муҳаммад Абдураҳмон дар китобаш «Донишномаи мухтасари сиёсӣ» давлати дунявиро чунин тавсиф менамояд: «Давлати дунявӣ сохтори сиёсие мебошад, ки дар он дин аз сиёсат ҷудо карда шудааст. Яъне дар давлати дунявӣ рӯҳониён наметавонанд дар ҳаёти сиёсӣ ширкат варзанд ва ҳизби динӣ таъсис диҳанд».  Ба андешаи муҳаққиқи дигари тоҷик, профессор Г. Н. Зокиров давлати дунявӣ ин: «умумияти сиёсие мебошад, ки дар он дин, арзишҳо ва догмаҳои динӣ, иттиҳодияҳои динӣ ба ҳокимияти сиёсӣ, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он, ба низоми маълумотгирӣ ва соҳаҳои дигари ҷамъиятӣ таъсири муайянкунанда намерасонанд».
Ин ҳолат, аз рӯи бисёр омилҳо вобастагӣ дошта, анъанаҳои миллӣ, тарзи ҳаёти шаҳрвандон дар ҷомеа, ҳодисаҳои таърихӣ, пояҳои фарҳангию сиёсии давлат, андозаи муносибат миёни давлат бо иттиҳодияҳои диниро муқаррар менамояд.
Вазъи сиёсии кишварҳои олам махсусан Африқо, Шарқи наздик, Ҷанубу Шарқии Осиё ҳар як инсони комилро ба ташвиш меорад. Неруҳои бадхоҳ аксаран зери ниқоби дини мубини ислом зиддӣ арзишҳои дунявии ҷомеа мубориза мебаранд. Ҳоло он, ки таърих исбот кардааст, беҳтарин навъи ҷомеае, ки дар он баробарии манфиатҳои ҳамаи динҳо, диндорон, иттиҳодияҳои динӣ ҳифз карда мешавад, ин давлати дунявӣ аст. Мутаассифона, дар ҷомеаи тоҷик низ баъзе аз гурӯҳҳои одамоне пайдо шудаанд, ки фазои ором, хушбахтӣ, пешравии давлат, сохтмони ин қадар масҷидҳои зиёд, ки шумораашон аз 3900 адад мегузарад, нодида гирифта, даст ба амалҳои бади инсонӣ мезананд. Ин гурӯҳи одамонро бештар аз камсаводӣ, хурофотпарастӣ ва мафкураи маҳдуди сиёсиашон истифода бурда ба онҳо донишҳои гуногуни диниро таълимӣ нодуруст медиҳанд.
Солҳои охир мо шоҳиди он гардидем, ки гурӯҳҳои гуногуни тундрав ба монанди ҳаракатҳои “Толибон”, “Ҳаракати Туркистони Шарқӣ” “ДИИШ”, “ТТЭ ҲНИ” дар зери ниқоби таълимоти динӣ борҳо кушиши сохтани давлати исломиро карданд, ки дар шароити имрӯза фаолияти харобиовари онҳо хатару таҳдидҳои ҷиддиро ба миён овардааст. Таърихнигори машҳури асри ХХ  А. Тойинби қайд менамояд, ки ҳама навъи кӯшиши бунёди давлати теократӣ дар асоси ислом ё ин ки дини дигар дар ҷаҳони муосир, бесамарӣ ё ҳамон беҳудагӣ аст. 
Фирӯз  ЯҚУБОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии
Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2018    №: 255    Мутолиа карданд: 961
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед