logo

ҳуқуқ

ЭКСТРЕМИЗМ. ЧӢ ТАВР ҶАВОНОНРО АЗ МАҒЗШӮИИ МУБАЛЛИҒОНИ ОН ЭМИН ДОРЕМ?

Ҳар боре дар ягон кишвари дунё амали террористӣ содир ва риштаи умри чандин нафар одамони бегуноҳ канда мешавад, ҷонбезори гумроҳе миёни издиҳом худро метарконад, ақли солим қабул карда наметавонад, ки ин одамхоронро ҳам модар зода бошад. Кулли онҳо ҷавонанд, ки бо чунин амалҳои разилона ва ғайриинсонӣ теша ба решаи худ мезананд.
Дар чунин мавридҳо нисбат ба онҳо метавон фармудаи халқро ёд овард: хас каму ҷаҳон пок. Аммо ин фирор аз ҳақиқат мешуд. Ин ҷо бояд ҳама сари он андешанд, ки чаро ин нафарон даст ба аъмоли зишт мезананд, чӣ онҳоро водор месозад, ки аз ҷони ҷавони худ, аҳли оила, ёру дӯст, диёри хеш гузар кунанд? Гузашта аз ин, ҷавоби мардуми бегуноҳ кушташударо кӣ медиҳад?
Имрӯз, мутаассифона, амали террористию экстремистӣ торафт ҳодисаи муқаррарӣ гаштааст. Зеро чун вабо ба тамоми дунё паҳн шуда, ҳатто ягон кишвари абарқудрати ҷаҳон ҳам аз хатари он эмин нест. Замоне қотилони гурӯҳи террористии “Ал - қоида” бо ҷиноятҳои мудҳиши худ дунёро ларзонда буданд. Чанд соли охир ба ҷои он “Давлати исломӣ” пайдо шуд ва сарзамини Ироқ, Сурия, Урдун, Лубнон ва соири кишварҳои Шарқи Наздикро оғуштаи хуни бегуноҳон, миллионҳо мардумро кӯчию дарбадар кард. Эътилофи байналмилалӣ ҷангиёни ин гурӯҳи террористиро дар Ироқ шикаст дод ва чанде пеш мардуми ироқӣ яксолагии ғалаба бар ин одамхоронро таҷлил намуд. Дар Сурия низ силоҳбадастони ин гурӯҳ вазъияти хуношом ба вуҷуд оварданд. Басо мардуми осоишта кушта шуд, хонаю дари ободро партофта гуреза гаштанд. Хушбахтона, ду сол қабл низомиёни Россия ба ҳимояи мардуми суриёӣ ва кумаки артиши ин кишвар омада, ҷангиёни “ДИ”- ро торумор карданд.
Аммо ҷомеаи ҷаҳониро табли нусрат задан бармаҳал аст. Гузашта аз ин, силсилаи амалҳои мудҳиши террористӣ дар Олмон, Фаронса, Дания ва Англия ба сиёсатмадорони Иттиҳоди Аврупо ҳушдори ҷиддиест, ки ҷангиёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” метавонанд дар Аврупо “фронти дуюм” кушоянд. Ғайр аз ин, тибқи маълумоти расмӣ, шумори тарафдорони “Давлати исломӣ” дар Афғонистон торафт меафзояд. Ва барои ба ин мақсадҳои нопоки худ расидан аз ягон восита рӯй намегардонанд. Махсусан, барои мағзшӯии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафҳои худ аз муосиртарин технологияҳои коммуникатсионӣ истифода мебаранд. Хосса аз шабакаҳои иҷтимоӣ.
Дар бораи сабабҳои ба гурӯҳҳои террористӣ гаравидани ҷавонон коршиносону олимон, сиёсатмадорон, намояндагони дин дар васоити ахбори умум фикру мулоҳизаҳои хешро борҳо баён кардаанд.
Дар ин иртибот мехоҳам чанд мулоҳизаамро баён дорам. Имрӯз дар бораи шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр мегӯянд, ки сомонаҳои экстремистии онҳо пули пайванди мубаллиғони “ДИ” бо ҷавонон гаштааст. Зеро тавассути Интернет дастрасии ҷинояткорон ба аудитория, муоширати анонимӣ (беном) осон аст, ғайр аз ин, паҳнсозии глобалӣ, суръати баланди интиқоли иттилоот, арзонӣ ва содагии истифода, имкониятҳои зиёди чандрасонаӣ айни муддаояшон аст. Аз ин рӯ, ҳазорҳо сомона бо маводҳои хусусияти экстремистидошта фаъол буда, аз ин миён зиёда аз 150 сомона ба забони русист, ки рӯ ба афзоиш доранд. Ва ҷавонони мо пеш аз ҳама, бо сомонаҳои русӣ сари кор мегиранд. Ҳамзамон, бо рушди хизмати алоқаи мобилӣ нусхабардории адабиёти экстремистӣ ба телефони мобилӣ, ирсоли онҳо тавассути MMS ва SMS - паёмакҳо тавсеа меёбад. Экстремистҳо аз гурӯҳҳои анъанавии муоширати иҷтимоӣ низ фаъолона истифода мебаранд.
Ин ҳама шаҳодати он аст, ки мубориза барои ақли ҷавонон, аз ҷумла насли ҷавони мо, торафт тезутунд мешавад. Бояд таъкид кард, ки танҳо бо дастгирии фаъолонаи аҳли ҷомеа ба ҳадаф метавон расид, яъне ҷавононро аз мағзшӯиҳои экстремистӣ эмин дорем ва ба роҳи касбу донишомӯзӣ, ободкорӣ равона созем.
Ҳусейн ҲАМИДЗОДА,
сардори бахши таъминоти ҳуқуқии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 835
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед