фарҳанг
ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ҷамъбастии фестивал - озмунҳои ҷумҳуриявии «Навозандагони ҷавон» ва «Рассомони наврас» баргузор гардид.
Мақсад аз гузарондани чорабиниҳои мазкур тарғибу ташвиқ ва дастгирии истеъдодҳои наврас дар соҳаи санъати мусиқӣ ва тасвирӣ, инкишофи шавқу завқи наврасон дар ин соҳаҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои дар- ёфти истеъдодҳои ҷавон, инкишоф додани малакаҳои касбӣ ва ҳунарии онҳо ва омода намудани истеъдодҳои ҷавон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки дар даври ниҳоии озмун 20 нафар толибилмони муассисаҳои таҳсилотии санъат ва мусиқӣ дар бахши «Навозандагони ҷавон» ва 10 нафар толибилмони марказҳои санъат ва рассомӣ дар бахши «Рассомони нав- рас» иштирок намуданд.
Барномаи консертии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҳунару истеъдоди волои наврасони тоҷик шаҳодат медод. Аҳли толор ба навозиши рубоб, рубоби прима, дутор, кларнет, най, фортепиано, доира, скрипка ва кселофон, ки аз ҷониби иштирокчиён дар сатҳи баланд иҷро гардид, аҳсан гуфтанд.
Сангалӣ Ҳакимов, раиси ҳакамони озмун, иштирокчиёнро бо ғолибият табрик гуфта, ба сатҳи баргузории озмун ва барномаи консерти ҷамъбастӣ баҳои баланд дод. Ба иштирокчиён ва ғолибони даври ниҳоии фестивал - озмунҳои ҷумҳуриявӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи Вазорати фарҳанг супурда шуд.
Дар бахши «Навозандагони ҷавон» Рухшона Мирзоева ва Меҳрафрӯз Мирзоева, хонандагони мактаби мусиқии бачагонаи № 3, Фирӯз Ҷӯраев, хонандаи мактаб - интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев ғолиб дониста шуданд. Дар бахши «Рассомони наврас» Маҳинсон Мирзоева, хонандаи синфи 6 - и мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзода, Ҳамидуллои Ҷунайдулло, хонандаи синфи 9 - и мактаб - интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев ва Ҳалим Ҳакимов, хонандаи синфи 4 - и мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб ғолибиятро ба даст оварданд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.2018 №: 257-258 Мутолиа карданд: 958