фарҳанг
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ҶУЗЪИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар Вазорати фарҳанг, ки ваколатдор ва масъули ҳамоҳангсозии соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷамъоварии маълумоти амиқу дақиқ вобаста ба ҳунармандон ва корхонаҳои истеҳсолии ҳунарҳои бадеии халқӣ мебошад, чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ шуда, тадбирҳои зарурӣ амалӣ гашта истодаанд.
Дар ин доира, аз ҷумла моҳи марти соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиносон ва мутахассисони Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмаато, семинари омӯзишии мутахассисони соҳавии бахши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар рафти ин семинари омӯзишӣ оид ба раванди корҳои мушаххасгардонӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳқиқот, нигоҳдорӣ, тарғибот, таҳияи Феҳристи ягона ва Махзани ягонаи иттилоотӣ, шиносномаи объектҳои таърихию фарҳангӣ ва Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, маълумот оид ба ҳар як намунаи фарҳанги ғайримоддӣ ва моддии халқи тоҷик, рақамгузории онҳо мувофиқи бахшҳо, номи унсур (бо муродифҳояш) ва тавсифи мухтасари унсур, вазъи имрӯзаи ин унсури фарҳангӣ, ки дар кадом ҳолат қарор дорад ва ҷиҳати такмилу таҷдиди минбаъдаи ин унсурҳо, инчунин, иқдомҳои муассири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи мероси фарҳангӣ, аз ҷумла таъсиси ниҳоди сармоягузорӣ барои рушди ҳунарҳои халқӣ ва сайёҳӣ, муфассал рӯнамоӣ шуд.
Моҳи апрели соли 2018 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 25 - умин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивал - намоиши ҳунарҳои халқӣ баргузор гардид.
Вобаста ба ин 27 апрели соли 2018 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳти унвони «Пешвои миллат - ташаббускори рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату кумитаҳо, идораҳои масъул ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Ҳамин гуна ҳамоиши илмӣ 3 майи соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Идоракунии давлатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир шуд.
Моҳи июли соли 2018 дар осоишгоҳи «Зумрад» - и шаҳри Исфараи вилояти Суғд Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 150 нафар роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҳадафи форуми мазкур муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон, мубодилаи афкор ва густариши ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои «Шоҳроҳи абрешим», омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва тақвияти ҳамгироии минбаъдаи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии сайёҳӣ буд.
Иштирокдорони ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ: дастовард ва мушкилот», «Рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ - муаррифи симои сайёҳии кишвар» ва «Имкониятҳои сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар Тоҷикистон» андешаву мулоҳизаҳои худро баён карда, роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани фаъ- олияти ширкатҳои сайёҳӣ, пазироии сайёҳон ва боз кардани хатсайрҳои нави сайёҳиро баррасӣ намуданд. Дар доираи ҳамоиш дар натиҷаи гуфтугӯю суҳбатҳо миёни роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла «Ҷавоҳир тур», «Куҳандиз», «Панҷакент интур», «Бозори Вору», «Нодир тур», «Ориён эдвентур», «Скай тур», «Ассотсиатсияи ёрирасони рушди сайёҳӣ» ва «Сайри Мунк», бо ширкатҳои сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва Ӯзбекистон 21 ва дар Ҳамоиш - намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон - сарзамини сайёҳӣ», ки моҳи августи соли 2018 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон доир гардид, миёни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Корея, Австрия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Давлати Кувайт 32 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Ҳоло бо мақсади муаррифӣ ва ба бозори хориҷӣ содир намудани намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Ҳунармандони Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ширкат варзида, маҳсулоти хешро муаррифӣ мекунанд ва ҳунару таҷриба меомӯзанд.
Қурбон ҒУЛОМЗОДА,
сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ- фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.2018 №: 257-258 Мутолиа карданд: 908