маориф
МАОРИФ. МАСЪУЛИЯТ БЕШТАР МЕГАРДАД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд: «Танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем».
Бо таъкиди Пешвои миллат, дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.
Пешвои миллат таваҷҷуҳи аҳли маорифро пеш аз ҳама ба масъалаи афзалияти бештар додан ба таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати он дар тамоми зинаҳои таҳсилот, истифодаи тамоми имкониятҳо дар таълиму тарбияи насли наврас, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва самаранокии фаъолияти онҳо ҷалб намуданд.
Сиёсати соҳаи маориф, ки дар саргаҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили боэътимод қарор доранд, тавре оқилона тарҳрезӣ шудааст, ки дар раванди татбиқи он ҷомеаи мо зина ба зина дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас беш аз пеш ноил мегардад. Зеро пешрафти тамоми соҳаҳо маҳз аз ҳамин муҳаррики асосӣ - илму маориф вобастагии қавӣ дорад ва меҳвари асосии ин муҳаррик ҳамоно омӯзгор аст.
Имрӯз, мо - омӯзгоронро зарур аст, ки Паёми Сарвари давлатро сармашқи кор худ намуда, дар ҷараёни таълим кӯшиш намоем, танҳо бо гузарондани машғулиятҳои фаннӣ маҳдуд нашуда, дар баробари таълим ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонону наврасон, бахусус ба тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси миллии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем. Зеро, дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ташаккул ва вусъати тафаккури нави сиёсиву маънавии насли ҷавон мавзӯи муҳимтарин маҳсуб мешавад, ки маҳаки он ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдату худшиносии миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат аст.
Таманно ХОЛОВА,
омӯзгори МТМУ № 49 - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.2018 №: 257-258 Мутолиа карданд: 974