logo

маориф

ТАРБИЯ ОМИЛИ МУҲИМИ ПЕШРАФТ

"Бори дигар ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд", - таъкид карданд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, 26 декабри соли равон.  Зеро ин бесабаб нест. Мутафаккирони мо ҳамеша ба тарбияи башардӯстии инсон арҷ гузоштаанд.

Ниёгони мо одоби ҳамидаро на танҳо таъкид кардаанд, балки бо кору пайкори нек ва рӯзгори омӯзандаашон ба субот расондаанд.
Масъалаи басо муҳим рӯҳияи башардӯстонаи дарсҳои омӯзгорон аст. Яъне, чӣ бояд кард, то шогирд пас аз камоли касб кардан, дар баробари пеш бурдани як соҳа, инчунин, ба шахсони касбу кори гуногун, пиру ҷавон ва дар маҷмӯъ ба атрофиён эҳтироми вижа дошта бошад.
Педагогони машҳур, аз ҷумла М. Липман пешниҳод мекунад, ки бахши махсуси фанҳои тарбиявие таҳия шавад, ки бо усули тадқиқотии машқӣ - бозигии коллективӣ асос ёфта, шогирдон дар шароити мушкилии хусусияти ахлоқидошта тавассути муҳокимаву тадқиқи он бояд ҳалли дуруст ёбанд. Пайдост, ки зимнан аъзои гурӯҳ дар амал рафъ намудани низоъҳоро ба таври табиӣ ҳангоми муҳокима пайдо мекунанд, меомӯзанд, ҳамин тариқ, тарбия барои онҳо на танҳо омӯзиши одӣ, балки бо ҳаёти онҳо пайванд меёбад.
Ҳангоми омӯзиши ҳаракатҳо, бархӯрдҳо, баҳодиҳӣ ба падидаҳо, самтгирӣ дар вазъиятҳо рафтор такмил меёбад. 
Афлотун чунин меҳисобид, ки ба бачагон омӯзондани намудҳои зарурии фаъолият бояд тадриҷан сурат гирад, то ки дар онҳо якбора вокуниши сахти манфӣ ангехта нашавад. Арасту ҳадафҳои умумии маорифро бевосита ифода карда буд: дар шогирд ташаккул додани қобилиятҳои зеҳнию амалӣ, инчунин, сифатҳои ахлоқӣ. 
Шогирд бояд худаш зарурату ногузирии азхудкунии маводи таълимиро дарк намояд, амалиёти таълимиро такрор карда, онро ба одат табдил диҳад. Ҳамин тавр, дар шогирд ҳам сифатҳои иродавӣ ва ҳам ақлӣ ташаккул меёбанд.
Барои он ки аз шогирд олим ба воя расад, бояд ба ҳисси кунҷковии табиии ӯ такя кард ва онро бо ҳар васила сайқал дод. Устод шогирдро бо баҳои аъло барои кашфиёти хурди мустақилона эҷод намудааш ҳавасманд намояд. Ин шавқу рағбати таҳқиқгарии ӯро таҳрик медиҳад ва ба худтакмилдиҳӣ водор месозад.
Шаҳноз ҒАНИЕВА,  омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 1026
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед