маориф
ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ НАЗДИК АСТ
(Ф. Файзалӣ «МТМУ № 46. Мушкил ҳамоно боқист», «Ҷумҳурият», 17 декабри соли 2018)
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мақолаи Фарзона Файзалиро, ки 17 декабри соли 2018, № 248, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» оид ба ҳолати бади муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 46 - и ноҳияи Сино нашр гардидааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.
Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, таҳти № 258 аз 17 майи соли 2017, сохтмони корпуси нави муассисаи мазкур, барои 320 ҷойи нишаст дар як баст, ба нақша гирифта шудааст. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ - харҷномавии иншооти мазкур таҳия ва хулосаи мусбати экспертизаи давлатӣ таҳти № 431/17/431 дастрас гардид.
Сохтмони корпуси нави муассиса баъди нашри мақола ба нақшаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ» - и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ворид гардида, бунёди он соли 2019 оғоз мешавад.
М. АЗИЗӢ,
сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.12.2018 №: 257-258 Мутолиа карданд: 1067