фарҳанг
НЕКСИРИШТ. БАРДОШТ АЗ РОМАНИ "ТАЛОШ" - И УСТОД ЁДГОРӢ
Як дӯсти қадрдонам, ки дар пойтахт роҳбари муассисаи давлатиест, ҳар гоҳ ба деҳа, ба аёдати модар ояд, ҳатман ба ман чанд рӯзномаю маҷаллаҳои нав меовард. Туҳфаи навбатии ӯ ғайриинтизори ман китоб буд, китобе, ки маро хеле хушҳол намуд, китобе хонданбоб.
Китоб романи «Талош»-и устоди зиндаёд Шоҳмузаффар Ёдгорӣ буд. Устод Ёдгориро хуб мешинохтам. Замони муҳаррири рӯзномаи вилоятӣ буданаш, аз суҳбатҳояш баҳравар мегаштам, аммо аз ҳунари нависандагии устод хабар надоштам.
«Талош»-ро хондам. Аз мутолиаи китоб хеле хушнуд гаштам, зеро қаҳрамонони асар бароям бегона набуданд. Онҳо чун ман дар як деҳаи кӯҳистон зиндагӣ менамоянд, ки ҳар рӯз бо онҳо вомехӯрам, аз ҳолу аҳволи дирӯзу имрӯзашон огоҳам.
Ман адабиётшинос нестам, вале то ҷое иттилоъ дорам, мақсади навиштани асари бадеӣ бояд, пеш аз ҳама, тарбияи инсон, бой гардондани фонди луғавии забони ӯ, инъикоси таърихи гузаштаю имрӯзаи миллат ва ба ин восита дар дили хонанда парвардани меҳру муҳаббат ба Ватан, зиндагӣ ва ҳаёт бошад.
Романи «Талош» ҳамаи инро дорад, бо осонбаёнию шавқовариаш диққати хонандаро ба худ мекашад, ӯро ба шавқу ҳаяҷон меорад. Хонанда қиссаҳои онро гоҳе ханда дар лаб, гоҳе ашк дар чашм мутолиа месозад.
Образҳои асосии роман, чи хеле ки устод Нур Табаров дар сарсухани китоб зикр намудаанд, «на ашхоси сохтаю бофта, балки имрӯз ҳам сокини он деҳу навоҳианд, зиндаю барҳаёт».
Афзал, Гулдаста, Хуррам, Амиршоҳ, Бобои Ато, Нурмат, Ҷамила, Салима, Арафа, Носирҷон, Мулло Ашраф ва дигар қаҳрамонони асарро хонанда зуд мешиносад.
Тақдири Афзалу Гулдаста ба ҳам монанд аст, ҳар ду танҳо, якеро зану дигареро шавҳар мурдааст, фарзандон аз пайи зиндагии худ овора. Ҳар ду ҳамсоя, бо ҳам зуд-зуд вомехӯранд, аз ҳоли якдигар бохабаранд. Хоҳиши бо ҳам зиндагӣ карданро доранд, аммо расму русуми деҳаро медонанд, ҳар амалу рафторашон бо эҳтиёт сурат мегирад, обру ва иззатро нигоҳ медоранд, вале сарфи назар аз ин, баъзеҳо дар ҳаққашон бадгӯӣ менамоянд.
Танҳоӣ онҳоро азоб медиҳад. Афзал хостгори Гулдаста шуда, розигиашро мепурсад, аммо қатъи назар аз танҳоию бесаробонӣ, ӯ аз гапи мардум тарсида ҷавоби рад медиҳад.
Ҳамин сабаб мешаваду Афзал хоҳиши писараш Хуррамро, ки дар шаҳр зиндагӣ менамояд ва кайҳост ӯро ба хонааш бурданист, рад карда наметавонад. Аммо барои Афзале, ки як умр дар деҳа зистааст, ба урфу одатҳои он одат кардааст, дар шаҳр зистан душвор, барояш дур будан аз Гулдаста низ мушкилу нофорам аст.
Афзал муддате дар шаҳр зиста, ба деҳа бармегардад. Ӯ деҳаи худро бо ҳама неку бадаш дӯст медорад, медонад, ки аҳли деҳа, хусусан Гулдаста, ӯро интизор аст. Бо ҳидояту дастгирии Бобои Ато, писараш ва ҳамсояҳо бо Гулдаста ҳамхона мегардад.
Романи «Талош» аз се қисм иборат буда, ҳар қисм аз қиссаҳои шавқангез, ки номҳои хеле зебо доранд ва аз забони қаҳрамони асосӣ Афзал нақл мешаванд ва маънии асосии қиссаро ба хонанда мекушоянд: «Оташе сӯзон, ҳиссиёте ҳаловатбахш», «Маро ҷанозахонӣ меоянд», «Танҳо зистан гуноҳ аст»...
Ман ба номи қиссаҳои устод менигараму беихтиёр ба хаёлам давраи муҳарририашон дар рӯзномаи вилоятӣ меояд. Боре дар ҷамъомади мухбирони ҷамъиятии рӯзнома ба мо таъкид карда гуфта буданд:
- Ба мақолаҳоятон номи муносибу зебо гузоред. Номи мақола бояд маънии ними мақоларо дошта бошад.
Устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ тамоми умри хешро ба хидмати Ватан- Модар бахшид, осори арзишманде ба халқаш мерос гузошт, ки дар хотираи хонандагон ба некӣ мемонад.
Азим ҲАСАН,
ноҳияи Данғара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.12.2018 №: 260 Мутолиа карданд: 1014