иқтисод
БАШОРАТ. ДЕҲИ МАН ЯК ПОРАИ ХОКИ ВАТАН
Дар Паёми пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи рушди деҳот бо назардошти инкишоф ва тараққӣ додани инфрасохтори зарурӣ ва бо ин мақсад Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани солҳои 2019 – 2021 хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Қариб 73 дарсади ҳудуди Тоҷикистони азизро деҳот фаро мегирад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат, бевосита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳо инҷониб ба хотири обод кардани шаҳраку деҳот ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолу коркард, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, маорифу тандурустӣ, таъмини деҳотиён бо оби тозаи нӯшоӣ, бунёду азнавсозии роҳу коммуникатсия ва, умуман, ободонии деҳот тадбирҳои судманд андешида истодаанд. Татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин омодагӣ ба таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи тадбирҳоеанд, ки дар беҳтар шудани сатҳи зиндагии шоистаи мардуми деҳот нақши пешбаранда мегузоранд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар доираи амалисозии нақшаи чорабиниҳо давоми соли 2018 бисту як иншооти таъйиноташон гуногун бунёд кардааст. То ҷашни бузурги миллӣ таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони 200 иншооти дигар, аз ҷумла 22 бунгоҳи тиббӣ, 1 маркази саломатӣ, 23 мактаб, корхонаҳои коркарди шир, пашм, қуму шағал, сохтмони биноҳои маъмурии прокуратура, бахши бойгонӣ, таъмири роҳҳо, сохтмони хати оби нӯшоӣ ва иваз намудани симчӯбҳои куҳна дар назар дошта шудааст. Айни замон дар шаҳраку деҳот аз ҷониби соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва саҳми аҳолӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ ва бунёди иншооти нав вусъати тоза гирифтаанд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати шаҳраки Муъминобод сохтмони ҳуҷраҳои корӣ барои беҳтар намудани шароити меҳнатии кормандони буҷетӣ ба итмом расида, таъмиру азнавсозӣ, мумфарш ва равшаннамоии 10 километр роҳи дохили шаҳрак, азнавсозии Қалъаи Муъминобод, сохтмони корхонаҳои дӯзандагӣ, коркарди шир, ҳаммому сартарошхона, кошонаи ҳусн, бозори меваю сабзавот, ошхона, дорухона, корхонаи коркарди маҳсулоти заргарӣ ва хонаи 36 - ҳуҷрадор дар кӯчаи Т. Раҳимови шаҳрак бо муваффақият ҷараён доранд. Ғайр аз ин, иваз кардани лӯлаи обгузар, таъмири роҳи кӯчаи Н. Сафаров, 4 синфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 30, таъмини аҳолии маҳаллаи Ҷавонони шаҳрак бо трансформатор, оби нӯшоӣ ва бунёди майдончаи варзиш дар назди биноҳои истиқоматӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар Ҷамоати деҳоти Шамсиддини Шоҳин бошад, сохтмони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, гази моеъ ва таъмири автомобилҳо, дар деҳаи Толеи Нав сохтмони осиёби барқӣ ва коргоҳи чӯб ба анҷом расида, бунёди зеристгоҳи барқӣ дар деҳаи Чашмасор ва бунгоҳи тиббӣ, китобхона, сартарошхона ва ҳаммом дар деҳаи Толеи Нав идома дорад.
Муъминобод дорои табиати зебою мавзеъҳои тамошобоб аст ва таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони хориҷиро ҷалб намудааст. Аммо имконияти аз ин ҳам бештар рушд додани соҳа ва ба даҳҳо ҳазор нафар расондани шумораи сайёҳон воқеист. Дар робита ба ин, масъулони соҳа дар ноҳия баҳри рушди туризми табобатӣ ва истироҳатӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Барои сайёҳон ишораҳои туристӣ, гӯшаҳои иттилоотӣ насб ва ҷойи фурӯши армуғонҳо – маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва майдони аспсаворӣ бунёд карда мешаванд. Албатта, барои рушди комили шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо анҷом додани чунин корҳо ҳанӯз басанда нест. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод кӯшиш менамояд, ки минбаъд низ бо амалисозии дастуру супоришҳои дар Паём додаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи туризм, ҳунарҳои мардумӣ ва зиндагии мардуми деҳотро боз ҳам беҳтар гардонад.
Тоҳирхон АМИРШОЗОДА,
раиси ноҳияи Муъминобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.12.2018 №: 260 Мутолиа карданд: 933