маориф
ДЕҲОТ. БУНЁДИ 1050 МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ВА УМУМӢ
Инкишофи таҳсилоти томактабӣ дар шумори масъалаҳое буд, ки дар баробари дигар зинаҳои таҳсилот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Пешвои миллат, аз ҷумла таъкид намуданд: «Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем».
Зинаи таҳсилоти томактабӣ дар соҳаи маориф яке аз бахшҳои асосӣ, яъне зинаи аввали таълиму тарбия ба шумор меравад. Аммо, мутаассифона, ҳоло дар кишвар ҳамагӣ 615 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар он 93 ҳазор кӯдак ба таълим фаро гирифта шудааст. Албатта, барои ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбия дар кишвар марказҳои инкишофи кӯдакон низ амал мекунад. Бо вуҷуди ин, дар самти фаро гирифтани кӯдакон ба кӯдакистонҳо мушкилӣ дорем. Ҳиссаи хеле ками кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ҷалб шудаанду ҳолат беҳбудиро тақозо мекунад.
Ҳоло бинои 141 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд 73, Хатлон 33, шаҳри Душанбе 23 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 кӯдакистон барои фаъолияти дигар соҳаҳо истифода мешаванд.
Бо мақсади ба таҳсили томактабӣ пурра фаро гирифтани кӯдакон соли 2014 Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020» - ро қабул намуд, ки тибқи он мақомоти маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм бояд ҳамасола теъдоди муайяни муассисаҳои томактабии ғайридавлатӣ бунёд намоянд. Вале барнома то имрӯз ҳамагӣ 14,3 дарсад иҷро гардидааст.
Хушбахтона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон зикр карданд, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки сохтмони қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидаанд.
Пешвои миллат дар робита ба масъала, ҳамчунин, сохторҳои марбутаро муваззаф намуданд, ки барои ҳалли мушкил чораҳои зарурӣ андешанд: «Ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки рушди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва то соли 2021 ба 30 дарсад расондани фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд». Дастуру супоришҳое, ки Пешвои муаззами миллат барои ҳалли мушкили норасоии муассисаҳои томактабӣ доданд, дар рушди ин зинаи таҳсилот нақши созгор хоҳанд гузошт.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.12.2018 №: 260 Мутолиа карданд: 964