logo

ҳуқуқ

ҲИДОЯТНОМАИ ОЯНДАСОЗ

Арзиши баланди сиёсӣ, ҷанбаи пурқуввати ҳуқуқӣ, таъйиноти инсонпарваронаи иҷтимоӣ ва моҳияти тараққихоҳонаи иқтисодӣ доштан ҷавҳари асосии ғоя ва мазмуни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳуриро ташкил менамояд.

Хосияти барҷастаи Паёми навбатӣ дар он буд, ки зимни ироаи ин ҳидоятномаи ояндасоз аз татбиқи комили ду ҳадафи стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар пайвастагӣ бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати нахусти Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар алоқамандии ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва бозкушоии ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадиву гумрукӣ ва долонҳои нақлиётӣ ба тоҷикистониён мужда расонда шуд.  Дар ҳамин заминаи масъулияти нави ватанхоҳона дар назди давлат, Ҳукумат ва сокинони мамлакат гузошта шуд ва ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар эълон гардид, ки дар марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдорӣ басо зарурӣ ва саривақтӣ буда, барои таҳкими истиқлолият масъалаи муҳим ва сарнавиштсоз аст. Зеро ҳалли куллии мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриро танҳо гардиши бузурги таърихӣ – аз кишвари аграрӣ – иқтисодӣ ба кишвари индустриалӣ – иқтисодӣ табдил додани Тоҷикистон, ки танҳо аз саноатикунонии босуръат ва бовусъат вобастагии асосӣ дорад, таъмин хоҳад намуд.
Мавзӯъҳои вобаста ба масъалаи қонун ва ҳуқуқ дар ҳама паёмҳои Президенти ҷумҳурӣ ҷойгоҳи хос дорад, зеро Пешвои миллат басо оқилона таъкид намудаанд, ки танҳо волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ заминасози аслии ҳалли ҳама гуна мушкилоти ҷомеа ба шумор рафта, таъмингари субот ва оромист, ки арзишҳои асосии Истиқлолияти давлатӣ ба шумор мераванд.
Дар ин зимн Пешвои муаззами миллат чанд нуктаи муҳимро таъкид намуда, ҳамзамон иҷрои якчанд корҳои заруриро вазифагузорӣ карданд: «Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд».
Ин даъватҳои Пешвои миллат бояд сармашқ, маромнома ва дастури кори ҳамарӯзаи ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад.
Суҳроб РӮШАНЗОДА,
раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2018    №: 260    Мутолиа карданд: 911
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед