иқтисод
ПАЁМИ НУРБАХШ
Паёми навини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамо ва боиси зиндагии осоишта, оғози инкишофи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ барои соли навбатӣ мебошад. Тамоми таъкидҳое, ки дар Паёми имсола ироа гардиданд, барои боз ҳам беҳтару шоиста намудани зиндагии мардуми Тоҷикистон бахшида шуда, бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки шиори Пешвои миллати мо таъмини зиндагии шоиста ва некуаҳволии мардум буда, ба халқ содиқона хизмат кардан аст.
Имрӯз дар деҳаҳои дурдасти кишвар ободкории беназирро дида, дар умқи дил барои боз ҳам шукуфоии Ватан бовар эҳсос мекунем.
Нуфузу эътибори кишвари мо дар соли 2018, пеш аз ҳама аз ташаббуси чоруми ҷаҳонии Пешвои муаззами миллати мо дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид, марҳилаи тоза касб намуда, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ дигарбора муаррифӣ шуд.
Дар Паём зикр гардид, ки ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта, ин иншооти тақдирсоз дар наздик шудан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ мусоидат намуд. Имрӯз бо бовари комил гуфта метавон, ки баъди ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳаёти сокинони кишвар тағйир ёфта, ба сӯйи дурахшандагиву тараққӣ қадами устувор гузошта шуд.
Боҳир РАҶАБОВ,
устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.01.2019 №: 1 Мутолиа карданд: 989