иқтисод
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ
Султоншо Ҳомидов, сардори раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ:
- Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомоти устуворонаи Ҳукумати мамлакат баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат ва, инчунин, вусъатдиҳии шуғлҳои самаранок ёдовар шуданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки маҳз татбиқи мукаммали ҳамин ҳадафҳои стратегӣ баҳри амалишавии нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ замина муҳайё месозад.
Татбиқи давра ба давраи ду ҳуҷҷати давлатӣ - Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат буданд, ки дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17, 3 дарсад расид. Умед аст, ки тавассути саноатикунонии иқтисодиёт таъсиси ҷойҳои нави кори доимӣ ва имконияти боз ҳам бештари гузоштани заминаи боэътимод барои зиндагии шоистаи мардум меафзояд.
Ҳабиба Мӯсоева, раиси Ҷамоати деҳоти «Россия» – и ноҳияи Рӯдакӣ:
- Бо Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом доштани солҳои 2019 – 2021 дар Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти деҳотро яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ намуданд. Паёми имсолаи Сарвари давлат мо – кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро баҳри талош ҷиҳати ободонии деҳот неруи тоза мебахшад. Алҳол сокинону соҳибкорони ҷамоати деҳоти мо дар баробари пеш бурдани корҳои кишоварзӣ барои ободонии кӯчаю маҳаллаҳо, таъминот бо оби ошомидании тоза ва бунёди инфрасохтори муҳими деҳот талош меварзанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.01.2019 №: 1 Мутолиа карданд: 961