logo

иқтисод

ММД. РУШДИ ВОҚЕӢ 7,2 ДАРСАДРО ТАШКИЛ ДОД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 22 декабри соли 2017  ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдо дастур доданд:  “Ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот, тезондани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигарондашуда аҳамияти махсус дода, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваю сабзавот, истихроҷи маъдан, коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо, тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд».

Дар ёздаҳ моҳи соли 2018 ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд  ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷа, таҳлили соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, дарёфти роҳҳои муосири пешгирии таъсири омилҳои манфии беруна ва таъмини тамоюли мусбати рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ корҳои зиёде ба анҷом расонда шуданд.  Дар қатори дастовардҳои зиёди иқтисодӣ, аз ҷумла дар ин давра афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,2 дарсадро ташкил намуд.
Рушди ММД асосан аз ҳисоби истифодаи оқилонаи омилҳои дохилӣ, бахусус аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гардиши савдои чакана таъмин гардидааст.
Бо мақсади кам кардани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёт 30 ноябри соли 2018  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» қабул гардида, 5 декабри соли ҷорӣ дар доираи он ҷаласаи Гурӯҳи корӣ (зинаи дуюм) баргузор гардид.
Дар ҷаласа вазъи низоми молиявӣ ва бонкӣ, аз ҷумла чораҳои кӯтоҳмуддат ва аввалиндараҷаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таъмини суботи молиявӣ дар ҷавоб ба таъсири омилҳои берунӣ ва мушкилоти дохилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷаи он ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳодҳои мушаххас ирсол карда шуд.
Айни ҳол барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, таъмини рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти содиротӣ ва коҳиш додани ҳиссаи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии воридот Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 мавриди амал қарор дорад. Натиҷаи татбиқи барнома нишон медиҳад, ки барои рушди содироти кишвар заминаҳои институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ  фароҳам оварда шудаанд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, аз Паём то Паёми навбатӣ дар 13 зерсоҳаи саноати коркард, аз ҷумла истеҳсоли селулозаю коғаз, фаъолияти табъу нашр, истеҳсоли мошинолот ва таҷҳизот, маҳсулоти кимиёвӣ, таҷҳизоти барқӣ,  маҳсулоти нафтӣ, чарм, маснуот аз чарм ва истеҳсоли пойафзол, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чӯб, маснуоти резинӣ ва пластмассӣ, маҳсулоти металлургӣ ва тайёри филизӣ,  ғайрифилизии маъданӣ  рушди истеҳсолот таъмин карда шуд.
 Нишондиҳандаҳои асосии гардиши савдои хориҷӣ давоми соли ҷорӣ гувоҳи онанд, ки вазъ дар бозори ҷаҳонӣ ва истеъмолии кишвар то андозае муътадил гардидааст ва суръати рушди савдои хориҷӣ тадриҷан тамоюли афзоиш дорад. Суръати рушди содирот бе назардошти филизоти қиматбаҳо 12,1 дарсад зиёд гардидааст. Аз ҷумла, суръати рушди содироти маъданҳо 106,1, алюминийи аввалия 103,1, нахи пахта 141,5, қувваи барқ 143,2 ва семент 142,3 дарсадро ташкил намуд.  Содироти газвори нассоҷӣ ва маснуоти он 54,7 миллион доллар  зиёд гардидааст.
Тайи солҳои охир дар натиҷаи мавриди истифода қарор додани иқтидорҳои истеҳсолии ватанӣ бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании воридотивазкунанда таъмин гардида, хусусан ҳаҷми содироти семент, давра ба давра афзоиш ёфта истодааст. Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук,  дар 11 моҳи соли равон 1323,9 ҳазор тонна семент (бо арзиши умумии 60,7 миллион доллар) содирот  шудааст, ки дар таносуб ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1,5  маротиба зиёд мебошад. Ҳаҷми содироти қувваи барқ  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1  маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин, дар ин давра аз ҷумҳурӣ бо арзиши умумии 15,3 миллион доллар 132,6 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017 аз рӯи ҳаҷм 18,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Барои ноил шудан ба рушди саноат ва баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ сатҳи таъминоти кафолатноки неруи барқ аҳамияти калидӣ дорад.  Мавриди истифода қарор гирифтани  агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дастоварди бузургест, ки барои қонеъ намудани талаботи афзояндаи аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар  мусоидат менамояд.
Барои таҳлили ҳаматарафаи сохтори молии гардиши савдои хориҷӣ, таҳкими истеҳсолоти ба содирот нигарондашудаву воридотивазкунанда ва ҷиҳати дастгирии молистеҳсолкунандагони ватаниву рушди содирот  дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз ҳисоби мутахассисони соҳа ва намояндагони вазорату идораҳои мутасаддӣ бо ҷалби намояндагони молистеҳсолкунандагони ватанӣ Гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ таъсис дода шуд.
Гурӯҳи доимоамалкунанда  дар ин давра 8 ҷаласа баргузор намуда, оид ба 44 номгӯйи маҳсулоти асосии озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ, зиёд намудани имконияти истеҳсолӣ, роҳҳои дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо молҳои ниёзи аввал ба Ҳукумати ҷумҳурӣ  ҷиҳати дастури минбаъда ба вазорату идораҳои дахлдор таҳлилу тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд. Дар таҳлилҳои анҷомдодаи гурӯҳи коршиносон  таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҳимояи манфиатҳои молистеҳсолкунандагони ватанӣ, ташкили истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва дар ин замина беҳтар намудани фаъолияти иқтисодию молиявии корхонаҳо, инчунин, пайдо намудани сарчашмаҳои иловагии даромади Буҷети давлатӣ равона шудааст.
Дар асоси пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ вобаста ба воридоти ашёи хом барои ташкили истеҳсолоти ватанӣ (либосҳои мактабӣ, доруворӣ, қолинҳо ва ғайра) дар кодексҳои андозу гумрук тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд як қатор тадбирҳои воқеӣ роҳандозӣ гардиданд.  Ҳаҷми сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 57,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 19,1 миллион сомонӣ ба МОИ «Суғд», 35,6 миллион сомонӣ ба МОИ «Данғара», 2,5 миллион сомонӣ ба МОИ «Панҷ» ва 0,205 миллион сомонӣ ба МОИ  «Ишкошим» рост меояд. То имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 67 ширкати ватанию хориҷӣ  ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст, ки бештари онҳо дар  минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Данғара» амал мекунанд.
Ҷиҳати  пешбинӣ  кардани рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2019 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ барои соли 2019 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2020 - 2021» таҳия шуда, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 25 январи соли 2018 тасдиқ гардидааст.
Бо мақсади такмили низоми дурнамосозӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, № 149 маъқул дониста, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дастгирӣ ёфт.  Ҳоло тибқи талаботи қонуни мазкур, як қатор лоиҳаҳои санади зерқонунӣ таҳия гардидаанд, ки дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд
Завқӣ  ЗАВҚИЗОДА,
муовини якуми вазири рушди
иқтисод ва савдо


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2019    №: 1    Мутолиа карданд: 995
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед