logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДИЛИ БУЗУРГ, СИЛОҲИ ҲАҚИҚАТ ВА ПИРӮЗӢ ДОШТ

Файласуф ва нависандаи бузурги Фаронса Волтер ҳангоми видоъ дар сари тобути дӯсти ҷавонаш де Вовенарг, ки дар эҷоди суханони муъҷаз ва пурҳикмат ҳамто  надошт, гуфтааст: «Хотираҳои дӯстии бебаҳои туро, ки дертар лаззати онро чашидаам, солҳои сол талхии дарди онро эҳсос хоҳам кард». Аз ҷумлаи суханони пурҳикмати де Вовенарг ин будааст: «Ҳеҷ чизе боманфиаттар аз номи нек нест ва ҳеҷ чизе онро ба ғайр аз фазилат устувор намегардонад».

19 декабри соли ҷорӣ, ҳангоми таҷлили ҷашни 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия  суханрониҳои ҳамкорону шогирдони донишманд ва сиёсатмадори бузургамонро дар бораи ӯ шунида, гуфтаҳои   мазкури Волтер ва де Вовенарг ба ёдам расиданд. Солҳои зиёд аз даргузашти  олими тавоно, сиёсатмадори дурандеш ва роҳбари  хирадманд гузашта бошад ҳам, номи нек ва фазилатҳои ӯ дар хотири аҳли илми Россия ҷилои бештар ва қадру қимати волотар  пайдо кардааст. Онҳо дар бораи Б. Ғафуров сухан ронда, ҳикмати русиро ба забон меоварданд, ки «ҳар чизи бузург аз фосилаи дур дида мешавад», бинобар  ин,  эътимоди комил доштанд, ки бузургии Б. Ғафуров низ бо гузашти замон бештар ва беҳтар эҳсос мешавад.
Ин ҷаласаро идомаи Конференсияи илмии байналмилалии ба муносибати 110 - солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе ва озмуни «Ҷумҳурият» метавон гуфт.
Маҷлиси шӯрои олимонро роҳбари илмии институт академик Виталий Наумкин бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, хизматҳои шоёни Б. Ғафуровро дар рушди илми шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар сатҳи ҷаҳон баланд бардоштани нуфузи он, боз кардани  самтҳои нави таҳқиқи илмӣ, тарбияи  мутахассисони соҳибистеъдод хеле бузург арзёбӣ кард.
Дар номаи табрикии раёсати Академияи илмҳои ҷумҳуриамон, ки аз тарафи Қ. Искандаров  қироат шуд, саҳми аллома Б. Ғафуров дар пешрафтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар давраи дар вазифаҳои бомасъулияти ҳизбию давлатӣ кор кардани ӯ, хидматҳои арзандааш дар таъсиси Донишгоҳи давлатӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон, асарҳои баландмазмуни таълифкардаи ӯ ва саҳми босазояш дар таҳкими дӯстии халқи тоҷик бо халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шарқ зикр гардид.
Дар ин маҷлис камина  низ дар бораи  фаъолияти беназири Бобоҷон Ғафуров дар таҳқиқи проблемаҳои муҳими илм, аз ҷумла таърихшиносӣ, ва шарқшиносӣ, хидмати арзандаи ӯ дар вусъати ҳамкориҳои илмии олимони ҷумҳуриҳои шӯравӣ ва кишварҳои хориҷ ва таҳкими дӯстии халқҳо, махсусан дӯстии халқи тоҷик бо Россия, сухани мухтасар ироа карда, пешниҳод намудам, ки ба номи устод Б. Ғафуров гузоштани Институти шарқшиносии АИ Россия ё ягон кӯчаи муносиб дар Маскав боиси абадӣ гардондани хотираи ин олими бузург ва ҳамзамон, иқдоме барои боз ҳам мустаҳкамтар гардидани дӯстии мардумон ва кишварҳои мо хоҳад гашт. Ин пешниҳод аз тарафи иштирокдорони маҳфил мавриди ҷонибдорӣ қарор гирифт. 
Суханрониҳо ва хотироти олимони машҳури  Россия В. В. Наумкин, Л. Б. Алаев, Д. Д. Василев, А. И. Яковлев, А. А. Симония, А. М.  Казанов, Н. И. Пригарина, Ф. Н. Юрлов, Н. Г. Романова ва дигарон дар бораи Бобоҷон Ғафуров хеле самимона, воқеъбинона, ҳақиқатнигорона ва ҷолиб буданд. 
Профессор Л. Б. Алаев дар маърӯзааш таъкид бар ин дошт, ки Бобоҷон Ғафуров Институти шарқшиносиро, ки то омадани ӯ фаъолияти назаррас намекард ва дар давраи бедории мардумони Шарқ ва ҳаракатҳои миллӣ - озодихоҳонаи онҳо кори ба талаботи ҳукумат ҷавобгӯ надошт ва бинобар ин, ҳадафи интиқоди шадиди мақомоти давлатӣ қарор гирифта буд, ба сатҳи баланди илмӣ ва сиёсӣ бардошт. Маҳз бо кӯшиши Б. Ғафуров теъдоди кормандони илмии институт чанд баробар зиёд шуд, маҷаллаҳои илмӣ таъсис ёфтанд, шуъбаҳои нав кушода шуданд, таҳқиқи проблемаҳои муосир оғоз гардид, робитаҳои институт бо кишварҳо ва марказҳои илмии ҷаҳонӣ вусъат ёфтанд.
Олимони куҳансоли институт мақоми баланди инсонии Б. Ғафуровро  махсус таъкид мекарданд ва мегуфтанд: "Ӯ олими бузург ва сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ буд".
Профессор  Н. И. Пригарина бо як эҳсоси пурмеҳр сухан ронда, аз ҷумла гуфт, ки Бобоҷон Ғафуров барои ҳайати кормандони институт ҳамчун падари ғамхор ва меҳрубон буд ва дар тақдири неки бисёр  олимони шарқшиноси институт нақши ӯ беҳамтост. Н. Пригарина мисол овард, ки барои сарнавишти ӯ Б. Ғафуров чи нақши ҳалкунандае доштааст. Ӯ, духтари ҷавон, баъди хатми институт кор наёфтааст ва ба ӯ маслиҳат додаанд, ки ба назди Б. Ғафуров равад, шояд ӯ ёрӣ расонад. Вақте ӯ ба назди Бобоҷон Ғафуров меояд ва мушкилашро арз мекунад, устод бе  ҳеч таъхир ӯро ба кор қабул мекунад ва аз ҷараёни корҳояш низ воқиф шуда меистад. Аз ин ҷиҳат, гуфт ӯ, Ғафуровро мушкилкушои ҷавонон меномидем. Маҳз натиҷаи дастгирии Б. Ғафуров будааст, ки Н. И. Пригарина имрӯз яке аз эроншиносони машҳури Россия гаштааст.
Ҳангоми суҳбат, бо гузашти солҳои зиёд дар чашмони баъзеашон ашк ҳалқа мезад, ки аз таассуфи онҳо аз набудани ин абармард гувоҳӣ медод.
Олимони рус дар ин маҳфил, ҳамчунин, аз  ҳисси ифтихори миллии баланд  ва меҳру муҳаббати халалнопазири Бобоҷон  Ғафуров  ба миллати худ ва Тоҷикистон   ёдовар шуданд ва дар институт ва  махсусан, ҳангоми сафарҳояш ба хориҷ аз Иттиҳоди Шӯравӣ  бо тоқии тоҷикӣ гаштанашро  ва таълифи китоби мондагори «Тоҷикон» - и ӯро  далел меоварданд.
Олимони Институти шарқшиносии Россия яке аз фазилатҳои устод Б. Ғафуровро дар гуманизм ва инсонпарварии беғаразонаи ӯ медиданд. Ӯ ба намояндагони ҳамаи миллатҳо нигоҳи баробар ва ғамхорона дошта, кормандони  институтро ҳамеша  ҳимоя мекардааст. Ин хислати наҷиби аллома боиси муттаҳидии ҳайати илмии институт ва бо боварии комил ба таҳқиқоти проблемаҳои илмӣ машғул шудани кормандон шудааст.
Таҷлили 110 - умин солгарди зодрӯзи фарзанди бузурги халқи тоҷик, академики АИ Иттиҳоди Шӯравӣ  дар Москва ва хотираҳои олимони ховаршиноси Россия бори дигар нишон доданд, ки мактаби аллома Б. Ғафуров мактаби бузурги ҳақиқатнигоронаи илмӣ, мактаби одамият, дӯстии халқҳо, роҳбарии хирадмандонаи орӣ аз ғаразҳои маҳаллию миллатгароӣ ва мактаби дипломатияи созанда будааст.  Бинобар ин, ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ин ҳама хидматҳои фидокорона ва фазилатҳои инсонии академик  Б. Ғафуровро ба назар гирифта, ӯро бо  унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарафроз намуданд.  Мо - фарзандони ин Ватан барои чунин кори наҷиб ва қадршиносӣ  аз Сарвари давлатамон  сипосгузорем.
Кароматулло ОЛИМОВ,
академик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.01.2019    №: 2    Мутолиа карданд: 952
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед