қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2017, № 1469 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 11, мод. 781: с. 2018, № 2. мод. 63, № 3, мод. 161, № 6, мод. 446) қисмҳои 15 ва 16 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
16. Дар соли 2018 воридоти дарахтон, гулу буттаҳои ороишӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои маҷмааи «Нишони давлатӣ» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидаанд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 январи соли 2019, № 1587
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2018, № 1258
Қ А Р О Р И
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ
ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъйин кардани интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон № 1
Мутобиқи моддаҳои 12 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон № 1 рӯзи 4 марти соли 2019 таъйин карда шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. ХУДОЁРЗОДА
Котиби Комиссияи марказии интихобот
ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. АЗИЗОВА
шаҳри Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.01.2019 №: 3-4 Мутолиа карданд: 1119