logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 7, мод. 402; с. 2007, № 7, мод. 660; с. 2008, №10, мод. 800; с. 2011, №12, мод. 837; с. 2014, № 3, мод. 148; с. 2017, № 1 - 2, мод. 8, мод. 9, № 5, қ. 1, мод. 297) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархатҳои нӯҳум, даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- бархӯрди манфиатҳо – ҳолати манфиатдории шахсии субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ки метавонад ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳангоми қабули қарор таъсир карда, боиси расондани зарар ба манфиатҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо, мақомоти давлатӣ, ҷомеа ё давлат гардад;
- манфиати давлатӣ – манфиатдории давлат ва ҷомеа, ки бо роҳи қабули қарорҳои беғаразона ва қонунӣ аз тарафи субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ амалӣ карда мешавад;
- манфиати шахсӣ – ҳама гуна манфиати моддӣ ва ғайримоддӣ, ки субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсии худ ё шахсони сеюм дар натиҷаи содир намудани амал ё беамалӣ дар муносибат бо шахсони наздик, дигар шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ мегиранд ё кӯшиши гирифтан мекунанд».
2. Моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 8. Чораҳои назорати молиявӣ
1. Довталабони мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳангоми таъин (интихоб) шудан, шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда (минбаъд-эъломиякунанда) ҳангоми дар мансаб будан ҳар сол ӯҳдадоранд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбари мақоми давлатии ҷойи кор оид ба вазъи молумулкии худ эъломия пешниҳод намоянд.
2. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ӯҳдадоранд, ки ҳангоми таъин (интихоб) ба мансаб ва ҳангоми дар мансаб будан ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи молумулкии худ мувофиқан ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳр ё ноҳияи дахлдор эъломия пешниҳод намоянд.
3. Хадамоти кадрии мақоми давлатии ҷойи кор ӯҳдадор аст:
- эъломиякунандагонро бо варақаҳои эъломия оид ба вазъи молумулкӣ таъмин намояд;
- феҳристи баҳисобгирии эъломияҳо оид ба вазъи молумулкии эъломиякунандагонро пеш барад.
4. Аз ҷониби эъломиякунанда пешниҳод накардан ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ бо мақсади пинҳон доштани маълумот оид ба вазъи молумулкии худ барои ба мансаб таъин (интихоб) накардан ё аз мансаб озод намудан асос мегардад.
5. Маълумоти пешниҳодшуда, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошкор карда намешавад.
6. Шакли эъломия дар бораи вазъи молумулкии эъломиякунанда бо номгӯи маълумоти эъломияшаванда ва тартиби пур кардани эъломияи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
7. Эъломиякунонии даромадҳои шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1564


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2018, № 1155

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон           М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 591


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4    Мутолиа карданд: 1153
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед