logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 6, мод. 7; с.2010, № 1, мод. 6; с. 2012, № 7, мод. 721; с. 2014, № 7, қ.1, мод. 388, № 12, мод. 821; с. 2015, № 11, мод. 953; с. 2016, № 5, мод. 360; с. 2018, № 1, мод. 6), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 124 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- талабот оид ба додани молу мулки манқул ба кредитор, ки ба ӯ ба сифати таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо пешниҳод шудааст, арз шуда  бошад;».
2. Қисми 3 моддаи 126 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Ҳангоми талаб кардани молу мулки манқул дар ариза бояд тасвири аломатҳои фарқкунандаи молу мулки талабшаванда, ки барои ҳаммонандкунии он кифоя мебошад ва арзиши он зикр гардад.».
3.  Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 130 калимаҳои «манқуле, ки бояд талаб карда гирифта шавад, бо зикри арзиши он» ба калимаҳои «манқули талаб карда гирифташаванда, ки барои ҳаммонандкунии он кифоя мебошад» иваз карда шаванд.
4. Моддаи 131 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 131. Огоҳ намудани қарздор дар хусуси қабули фармон
1. Судя фармонро на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани он ба қарздор мефиристад. Қарздор  ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани фармон оид ба он норозигии худро дар шакли хаттӣ ба суд пешниҳод кунад.
2. Аз рӯи фармонҳо дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, судя на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани фармон ба қарздор онро барои иҷро  мефиристад. Қарздор  ҳуқуқ дорад дар мӯҳлати даҳ рӯз пас аз  гирифтани фармон ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани  рӯёнидан муроҷиат намояд.
3. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраршуда бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан муроҷиат накардани қарздор,  фармон  дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, мавриди иҷрои фаврӣ қарор мегирад.».
5. Ба моддаи 132 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Фармон дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ҳамчун таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо ба ӯ дода шудааст, танҳо дар асоси муроҷиати қарздор ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани рӯёнидан бекор карда мешавад.».
6. Дар моддаи 133:
- дар қисми 1 калимаҳои «нусхаи фармонро» ба калимаи «фармонро» иваз карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Судя фармонро дар бораи ба кредитор додани молу мулки манқуле, ки ба ӯ ба сифати таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо дода шудааст, на дертар аз як рӯз пас аз қабул кардани он ба кредитор месупорад. Фармон бо мӯҳри нишондори суд тасдиқ карда шуда, бо риояи    қисми 3 моддаи 131 ҳамин Кодекс мавриди иҷрои фаврӣ қарор мегирад.».
7. Ба моддаи 135 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолатҳое, ки даъвогар талабҳои худро асоснок менамояд;».
8. Ба қисми 6 моддаи 143 пас аз калимаи «месозад» калимаҳои      «, даъвогар бошад, огоҳиномаи гарави дахлдорро дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда ба қайд мегирад» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1559


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2018, № 1199


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 583


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4    Мутолиа карданд: 1176
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед