logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ҚИСМИ ЯКУМ)

Моддаи 1.  Ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум), ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 1999 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 6, мод. 153, мод. 154; с. 2001, № 7, мод. 508; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 170; с. 2005, № 3, мод. 125; с. 2006, № 4, мод. 193; с. 2007, № 5, мод. 356; с. 2010, № 3, мод. 156, № 12, қ. 1, мод. 802; с. 2012, № 7, мод. 700, № 12, қ. 1, мод. 1021; с. 2013, № 7, мод. 504; с. 2015, № 3, мод. 200; с. 2016, № 7, мод. 612), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1.  Қисми 3 моддаи 26 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3.  Талаботи кредиторони соҳибкори инфиродӣ дар сурати муфлис эътироф гардиданаш аз ҳисоби молу мулки ба ӯ тааллуқдоштае, ки мумкин аст бо тартиб ва навбати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисшавӣ аз он маблағ рӯёнида шавад, қонеъ гардонида мешавад. ».
2.  Дар қисми 4 моддаи 64 калимаи «панҷум» ба калимаи «чорум» иваз карда шавад.
3.  Моддаи 641 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 641.  Молу мулки манқули шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст
1.  Молу мулки манқули шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст (гарав, лизинг ва усули дигари таъминот) ҷудо карда мешаванд ва барои фурӯш ба кредитори таъминшуда дода мешавад.
2.  Кредитори таъминшуда ӯҳдадор аст бовиҷдонона барои ба амал баровардани фурӯши мавзӯи таъминот тавре чораҳо андешад, ки он барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ манфиатнок бошанд. 
3.  Маблағҳои аз фурӯш ба дастомада барои пардохти талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардиданд, равона мегарданд, маблағҳои аз фурӯш боқимонда бошад, ба комиссияи барҳамдиҳӣ барои пардохт намудани дигар талаботи кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур равона мегарданд.
4.  Агар маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти ҳамаи талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардидаанд, нокифоя бошанд, қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда бо тартиби барои талаботи кредиторони таъминнашуда, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, пардохт мегардад. ».
4.  Қисми 1 моддаи 65 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1.  Дар сурати барҳам додани шахси ҳуқуқӣ талаботи кредиторони он бо навбати зерин қонеъ гардонида мешаванд:
- дар навбати аввал – талаботи кредиторони таъминшуда аз ҳисоби арзиши молу мулки ба сифати таъминот пешниҳодшуда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи шаҳрвандоне, ки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда дар назди онҳо барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатиашон масъулият дорад, бо роҳи ба сармоя табдил додани пардохтҳои дахлдори вақтбайъ;
- дар навбати дуюм – пардохти кӯмакпулии аз кор рафтан ва музди меҳнати шахсоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод кор мекунанд ва пардохти мукофотпулӣ бо ҳисобу китоб аз рӯи шартномаҳои муаллифӣ;
- дар навбати сеюм – пардохти қарз аз рӯи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
- дар навбати чорум – ҳисобу китоби кредиторони дигар тибқи қонун.
Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои қарзӣ, талаботи кредиторон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ қонеъ гардонида мешаванд. ».
5.  Дар моддаҳои 203, 345, 360, 362, 363, 367, 368, 369, 373, 374, 375, 376, 380, 382, 383, 386 ва 446 калимаи «предмети» ба калимаи «мавзӯи» иваз карда шавад.
6.  Ба моддаи 329 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4.  Кредиторе, ки талаботи ӯ ба қарздор бо гарав, нигоҳ доштан ё дигар усулҳое, ки афзалиятро дар назди дигар кредиторон оид ба таъмини талаботи худ аз ҳисоби молу мулки муайяни қарздор ё шахсони сеюм медиҳад, таъмин шудааст, кредитори таъминшуда  мебошад. ».
7.  Ба моддаи 354 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4.  Дар ҳолати ба таъминот супоридани молу мулк аз ҷониби шахсе, ки ин ҳуқуқро надошт, чунин таъминот нисбати ҳамин молу мулк:
а) қатъ мегардад,  агар кредитор медонист ё мебоист донад, ки таъминот аз ҷониби шахси ваколатдорнашуда пешниҳод шудааст.  Дар баробари ин, кредитор пас аз эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи суд оид ба гирифтани чунин молу мулк ҳуқуқи талаб кардани иҷрои пеш аз мӯҳлати   ӯҳдадориҳо  ва ё  иваз кардани  мавзӯи таъминотро дорад;
б) то иҷрои ӯҳдадории таъминшуда нигоҳ дошта мешавад, агар кредитор намедонист ё намебоист донад, ки молу мулк аз ҷониби шахси ваколатдорнашуда (кредитори бовиҷдон) пешниҳод шудааст.  Дар ин маврид молик дар назди кредитор танҳо бо молу мулки зикршуда ҷавоб медиҳад.
Дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҳуқуқи шахси дигар ба молу мулк барои бовиҷдон эътироф кардани кредитор асос дониста мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин молу мулкро молик ё шахсе, ки молик барои соҳибӣ додааст, гум карда бошад ё аз яке аз онҳо дуздида шуда бошад ё бо усули дигар бе ихтиёри онҳо аз  соҳибиашон баромада бошад. ».
8.  Қисми 1 моддаи 359 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1.  Гарав – усули таъмини иҷрои ӯҳдадорӣ, ки тибқи он кредитор  дар ӯҳдадории бо гарав таъминшуда (гаравгир) ҳангоми аз ҷониби қарздор иҷро нашудани чунин ӯҳдадорӣ, барои қонеъ намудани талаботаш, аз арзиши молу мулки ба гаравгузоштаи шахсе, ки ин молу мулк ба ӯ тааллуқ дорад (гаравдеҳ) нисбат ба дигар кредиторон ҳуқуқи афзалиятнокро доро мебошад, ба истиснои ҳолатҳои дар қонун муқарраршуда.».
9.  Ҷумлаи якуми банди дуюми қисми 4 моддаи 362 хориҷ карда шавад.
10.  Дар моддаи 367:
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4.  Мавзӯи гарав метавонад аз ҷониби гаравгир муваққатан барои соҳибӣ ё истифода ба шахси сеюм дода шавад.  Дар ин маврид мавзӯи гарав дар назди гаравгир қарордошта ба ҳисоб меравад. »;
- қисми 4 қисми 5 ҳисобида шавад.
11.  Банди якуми қисми 1 моддаи 369 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳуқуқи гарав ба самара, маҳсулот ва даромаде, ки дар натиҷаи истифодаи молу мулки ба гарав гузошташуда ба даст оварда шудааст, татбиқ мегардад, агар шартнома ҳолатҳои дигареро пешбинӣ накарда бошад. ».
12.  Моддаҳои 370 ва 371 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 370.  Ба  миён омадани ҳуқуқи гарав
1.  Ҳуқуқи гарав ҳангоми дар як вақт мавҷуд будани шартҳои зерин ба миён меояд:
- соҳиб будани гаравдеҳ ба ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ ба мавзӯи гарав ва ё ҳуқуқи дигари молу мулкӣ;
- мавҷуд будани шартнома дар бораи гарав мутобиқи талаботи моддаи 368 Кодекси мазкур ё дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.  Агар дар шартномаи гарав тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи гарав нисбат ба гарави молу мулке, ки бояд ба гаравгир супорида шавад, аз лаҳзаи супоридани ин молу мулк ба миён меояд.
3.  Ҳуқуқи гарав ба молҳои дар муомилотбуда мутобиқи қоидаҳои қисми 2 моддаи 386 Кодекси мазкур ба миён меояд.
4.  Ҳуқуқи гарав ба молу мулке, ки гаравдеҳ дар оянда ба даст меорад, аз лаҳзаи ба даст овардани ҳуқуқи дахлдор ё ворид шудани ашёи дахлдор ба моликияти гаравдеҳ ба миён меояд.
Моддаи 371.  Гарави минбаъда ва муайян кардани навбати гаравгирон
1.  Молу мулке, ки аз рӯи шартномаи гарав ҷиҳати таъмини иҷрои як ӯҳдадорӣ (гарави ибтидоӣ) ба гарав гузошта шудааст, метавонад барои таъмини иҷрои ӯҳдадории дигар (гарави минбаъда) ба гарав гузошта шавад.
2.  Гарави минбаъда, агар бо шартномаҳои ибтидоии гарави ҳамон молу мулк манъ нашуда бошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иҷозат дода мешавад.
3.  Навбати гаравгирон ба ҳамон як молу мулки мавзӯи гарав аз рӯи санаи дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда  ё Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он бақайдгирифташуда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун муқаррар карда мешавад.
4.  Гаравгире, ки дар навбат бартарӣ дорад, кредитори таъминшудаи ибтидоӣ номида мешавад.  Гаравгирони дигар кредиторони таъминшудаи минбаъда мебошанд.
5.  Гаравдеҳ ӯҳдадор аст ба ҳар як гаравгири минбаъда оид ба ҳамаи гаравҳои молу мулки мазкур, ки дар қисми 1 моддаи 368  Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, маълумот диҳад ва ӯ барои зиёне, ки ба гаравгирон бинобар иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ расонидааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ҷавобгар мебошад.
6.  Талаботи гаравгири минбаъда аз арзиши мавзӯи ба гарав гузошташуда баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторони таъминшудаи ибтидоӣ қонеъ карда мешавад.
7.  Навбати қонеъ гардонидани талабот мумкин аст бо созишномаи хаттии кредиторони таъминшуда тағйир дода шавад. ».
13.  Моддаҳои 378 ва 379 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 378.  Рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав
Тартиб ва шартҳои рӯёнидан аз  ҳисоби  мавзӯи гарав бо қонун муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 379.  Фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда
Тартиб ва шартҳои фурӯши мавзӯи гарав бо қонун муқаррар карда мешаванд. ».
14.  Дар моддаи 380:
- дар қисми 1:
-  зербанди г) хориҷ карда шавад;
- зербандҳои д) ва е) мувофиқан зербандҳои г) ва д) ҳисобида шаванд;
- дар қисми 2:
- зербанди а) хориҷ карда шавад;
- зербандҳои б) ва в) мувофиқан зербандҳои а) ва б) ҳисобида шаванд.
15.  Зербанди г) қисми 1 моддаи 381 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«г) ҳангоми фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда;».
16.  Қисми 1 моддаи 382 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1.  Дар сурати гузаштани ҳуқуқи моликият ба молу мулки ба гарав гузошташуда ё ҳуқуқи хоҷагидории он аз гаравдеҳ ба шахси дигар дар натиҷаи бо музд ё бемузд бегона кардани ин молу мулк, ё ин ки тибқи тартиби  ворисии умумии (универсалии) ҳуқуқ, ҳуқуқи гарав қобили эътибор аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки кредитор барои гузаштани ҳуқуқи моликият ба молу мулки ба гарав гузошташуда бе нигоҳ доштани гарав розӣ мебошад.
Ба ҳамаи молу мулке, ки гаравдеҳ дар натиҷаи бегона кардани молу мулки ба гарав гузошташуда ба даст овардааст, ҳуқуқи гаравии гаравгир татбиқ мегардад, агар дар қонун ва шартнома ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Дар мавриди нигоҳ доштани гарав, вориси гаравдеҳ ҷои гаравдеҳро ишғол менамояд ва тамоми ӯҳдадориҳои гаравдеҳро ба зимма мегирад, агар дар созишнома бо гаравгир тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. ».
17.  Аз моддаи 383 рақами «1»  ва қисми 2 хориҷ карда шаванд.
18.  Банди якуми қисми 1 моддаи 388 хориҷ карда шавад.
19.  Моддаи 389 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 389.  Қонеъ намудани талабот аз ҳисоби ашёи нигоҳдошташуда
Талаботи кредиторе, ки бо нигоҳдории ашё таъмин шудааст, аз ҳисоби арзиши он бо бартарӣ  аз тамоми талаботи боқимондае, ки иҷрои онҳо бо худи ҳамин ашё таъмин шудааст, қонеъ гардонида мешавад. ».
20.  Ба моддаи 401 банди якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Бенефитсиар метавонад ҳуқуқҳои худро барои гирифтани пардохт аз кафил дар сурати қонеъ гардонидани талаботи бенефитсиар аз рӯи кафолат гузашт намояд, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд. ».
21.  Ба қисми 2 моддаи 411 банди якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар ҳолати гарав, гузашти ҳуқуқ (талабот) ё ба тариқи дигар додани он ба якчанд шахсон, навбати қонеъгардонии талаботи онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. ».
22.  Ба моддаи 417 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3.  Бе розигии қарздор гузашт кардани талабот аз рӯи ӯҳдадории дар қисми 2  моддаи мазкур пешбинишуда ӯро аз иҷрои ин талабот, ки ба ин шахс гузашт карда шудааст, озод наменамояд. ».
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, №  1557


Қарори  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2018, №  1195


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     М.  УБАЙДУЛЛОЕВ
ш.  Душанбе, 25 декабри соли 2018,  №  581


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4    Мутолиа карданд: 1311
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед