logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1.  Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №  9, мод. 68, мод. 69, № 22, мод.  306; с. 1999, № 12, мод.  316; с. 2001, №  4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, № 5, мод.  346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, № 6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2, мод.  992; с. 2009, №  3, мод. 80, № 7-8, мод. 501; с.  2010, № 3, мод. 155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод. 161, № 7-8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с. 2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод. 785, № 12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3 мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, № 3, мод. 127, № 5, мод. 355, мод. 356, № 7, мод. 608, мод. 609; с. 2016, № 11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, № 1-2, мод. 2, мод. 3, № 7-9, мод. 568; с. 2018, № 1, мод. 4, мод. 5, № 5, мод. 266, № 7-8, мод.  522), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1.  Дар ном ва қисми 1) моддаи 121, ном ва қисми 1) моддаи 122 ва банди в) қисми 3 моддаи 130 калимаҳои «трансплантация» ва «трансплантатсия» ба калимаи «пайвандсозӣ» иваз карда шаванд.
2.  Дар моддаи 1301:
- ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 1301 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 1301.  Савдои одамон
1. Хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин, новобаста аз розигии қурбонӣ, бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан, ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад,-»;
- дар қисми 2:
- банди г) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«г) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;»;
- дар банди д) калимаи «трансплантатсия» ба калимаҳои «пайвандсозӣ, ҳамчунин ғайриқонунӣ истифода намудани ӯ бо мақсадҳои репродуктивӣ ё таҳқиқоти биотиббӣ» иваз карда шавад;
- дар қисми 3:
- калимаҳои «якум ва» ба калимаҳои «якум ё» иваз карда шаванд;
- дар банди а)  калимаҳои «хариду фурӯши» ба калимаи «савдои» иваз карда шаванд;
- эзоҳ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Эзоҳ: Шахси содирнамудаи кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки ихтиёран ба мақомоти дахлдор хабар дода, қурбонии савдои одамонро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорҳои ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. ».
3.  Моддаҳои 1302 ва 132 хориҷ карда шаванд.
4.  Дар қисми 3) моддаи 138:
- банди  г) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«г) боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шудааст;»;
- бандҳои г) ва д) мувофиқан бандҳои д) ва е) ҳисобида шаванд.
5.  Дар қисми 3) моддаи 139:
- банди  б) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«б) боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шудааст;»;
- банди б) банди в) ҳисобида шавад.
6.  Дар моддаи 141:
- ба қисми 2) банди б) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«б) боиси ба касалии зӯҳравӣ гирифтор шудани ҷабрдида гардидааст;»;
- банди б) банди в) ҳисобида шавад;
- қисми 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3) Ҳамин ҳаракат, агар боиси ба вируси норасоии масунияти одам мубтало гардидани ҷабрдида шуда бошад,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. ».
7.  Дар моддаи 167:
- номи модда ва дипозитсияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 167.  Савдои кӯдакон
1. Ҳама гуна амал ё аҳде, ки ба воситаи онҳо кӯдак ғайриқонунӣ аз тарафи падару модар, дигар намояндаи қонунӣ ё дигар шахсе (гурӯҳи шахсоне), ки кӯдак доимӣ ё муваққатӣ дар парастории вай (онҳо) мебошад, ба дигар шахс (гурӯҳи шахсон) бар ивази подоши моддӣ ё дигар ҷуброн, бо мақсади истисмори ӯ ва ё ба даст овардани фоидаи моддӣ ё дигар фоида, инчунин бо мақсади фарзандхондии ғайриқонунии кӯдак, новобаста аз тарзҳои ҳангоми он истифодашаванда супорида мешавад,-»;
- дар қисми 2:
- банди г) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«г) бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;»;
- дар банди д) калимаи «трансплантатсия» ба калимаҳои «пайвандсозӣ, ҳамчунин ғайриқонунӣ истифода намудани ӯ бо мақсадҳои репродуктивӣ ё таҳқиқоти биотиббӣ» иваз карда шавад;
- дар қисми 3:
- калимаҳои «якум ва» ба калимаҳои «якум ё» иваз карда шаванд;
- дар банди а) калимаҳои «хариду фурӯши ноболиғон» ба калимаҳои «савдои кӯдакон» иваз карда шаванд;
- эзоҳ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Эзоҳ: Шахси содирнамудаи кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки ихтиёран ба мақомоти дахлдор хабар дода, қурбонии савдои кӯдаконро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорҳои ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. ».
8.  Дар моддаи 239 матни модда қисми 1) ҳисобида шуда, қисми 2) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2) Ҳамин кирдор, агар такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад. ».
9.  Ба моддаи 335 қисми 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3) Кирдорҳои дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо дар алоқамандӣ бо савдои одамон содир шуда бошанд,
- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз  даҳ то понздаҳ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад. ».
10.  Ба моддаи 3351 қисми 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3) Кирдорҳои дар қисми якум ё дуюми ҳамин модда пешбинигардида, агар онҳо дар алоқамандӣ бо савдои одамон содир шуда бошанд,
- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад. ».
        11.  Дар қисми 3 моддаи 339 калимаҳои «хариду фурӯши» бо калимаи  «савдои» иваз карда шаванд. 
12.  Дар қисми 3 моддаи 340 калимаҳои «хариду фурӯши» бо калимаи  «савдои» иваз карда шаванд.
13.  Ба банди 1) эзоҳи моддаи 347 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«Ҳамчунин қурбонии савдои одамон барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ва пинҳон доштани ҷинояти пешакӣ ваъданашуда, ки бо қарор доштани ӯ ба сифати қурбонӣ дар савдои одамон алоқаманд аст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад. ». 
14.  Эзоҳи моддаи 351 банди 1) ҳисобида шуда, банди 2) бо мазмуни  зерин илова карда шавад:
«2) Қурбонии савдои одамон барои додани нишондоди бардурӯғ, ки бо қарор доштани ӯ ба сифати қурбонӣ дар савдои одамон  алоқаманд  аст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад. ».
15.  Эзоҳи моддаи 352 банди 1) ҳисобида шуда, банди 2) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2) Қурбонии савдои одамон барои саркашӣ кардан аз ҳозир шудан ба даъвати мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё ба суд, ё нахостани додани нишондод нисбат ба ҷиноятҳое, ки бо қарор доштани ӯ ба сифати қурбонӣ дар савдои одамон алоқаманданд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида  намешавад. ».
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, №  1554


Қарори  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 ноябри соли 2018, №  1231


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М.  УБАЙДУЛЛОЕВ
ш.  Душанбе,   25 декабри соли 2018, №  585


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4    Мутолиа карданд: 1351
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед