фарҳанг
ЛЕВАКАНТ. МАҲФИЛИ "ЧАКАН - ЧЕҲРАИ ВАТАН"
Бо ибтикори соҳибкорон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант соҳибкорзани ҷавон Манижа Муъминова маҳфили «Дугонаҳо» - ро, ки минбаъд «Чакан - чеҳраи Ватан» номгузорӣ шуд, баргузор намуд. Маҳфил ба ифтихори дар нишасти 13 - уми созмони фарҳангии СММ - ЮНЕСКО ба ҳайси «Мероси фарҳангии ғайримоддии башарият» эътироф шудани чакан доир гардида, дар он дастовардҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва масоили дигари ҳунаромӯзии бонувон натиҷагирӣ шуданд.
Занону духтарон ва фаъолону ҳунармандони шаҳр бо хушнудӣ изҳор доштанд, ки аз ғамхорию дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ҳамеша эҳсос мекунанд.
Ҳунармандони шаҳр Зебо Баротова, Гулҷаҳон Мадудова, Раъно Қурбонова, Барно Шамсова, Парчиной Ашурова, Момаҷон Давлатова ва дигарон намудҳои гуногуни ҳунарҳои худро намоиш дода, ҷавондухтаронро барои омӯхтану аз худ кардани илму ҳунар ҳидоят карданд. Ҳамчунин, ҳунармандони навроҳ аз таҷрибаи пирони кордида дарси ҳунар омӯхтанд.
Намоиши либосҳо бо тарҳҳои гуногуни чакандӯзии муосир, базми рақсу шеъру сурудҳои халқӣ аз ҷониби бонувону духтарон аз паҳлуҳои дигари чорабинӣ буданд, ки ба он намои идона бахшиданд. Дар анҷоми маҳфил ҳунармандону фаъолзанон аз туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳравар шуданд.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.01.2019 №: 3-4 Мутолиа карданд: 812