фарҳанг
РОҲ БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кормандони Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб ба воситаи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ тамошо карда, аз мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳаи фарҳанг рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд. Ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, ки ҳадафҳои асосии давлатро барои соли 2019 муайян менамояд, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро баҳри рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисодию хоҷагии мамлакат доир ба баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ возеҳу равшан баён намуд.
Ҳар як дастуру супоришҳои дар Паём дарҷгардида, аз ҷумла дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ мо китобдоронро водор менамояд, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузошта, ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем. Барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон, рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем, тарғиби адабиёти зикргардидаро боз ҳам васеъ ба роҳ монда, мувофиқи нақшаи чорабиниҳои оммавӣ ин нишондоди муҳими дар Паём зикргардидаро мавриди омӯзиши хонандагон қарор диҳем.
С. ОБИДОВ,
директори Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон
ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.01.2019 №: 3-4 Мутолиа карданд: 842