logo

маориф

ПАЁМ МОРО БА МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР ДАЪВАТ МЕКУНАД

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун ҳидоятнома ба фардои боз ҳам дурахшон дар назди ҳамаи табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла омӯзгорону устодон ва ҷавонону бонувон вазифаҳои нав гузошт. Мо, устодону донишҷӯён ва олимони филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Паёмро якҷоя тамошо намуда, дастуру супоришҳои Сарвари давлатро дар фаъолияти минбаъдаамон ҳамчун чароғи раҳнамо истиқбол намудем.
Дар Паём зикр шуд, ки яке аз шартҳои дар қатори давлатҳои мутамаддин қарор ёфтани Тоҷикистони азиз босавод ва соҳиби касбу ихтисос будани ҳар фард аст. Саводнокии миллат аз саводнокии ҳар фарди ҷомеа сарчашма гирифта, ин раванд тавассути муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва тарбияи хонаводагӣ сурат мегирад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар 27 соли Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо мактабу кӯдакистонҳои зиёд сохта шуда, пояи моддӣ - техникии ҳамаи зинаҳои таҳсилот  нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар шудааст.
Дар баробари ин, воқеан, нарасидани омӯзгорони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи мушкилоте ба шумор мераванд, ки боиси нигаронии Сарвари давлат гардидааст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат бо таваҷҷуҳ ба ин масъала дар Паём ҳушдор доданд, ки “Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем”. Оре, ҷомеаи имрӯза тақозо менамояд, ки муаллим дар курсҳои бозомӯзӣ санъату маҳорат ва фазилати омӯзгориашро сайқал диҳад, зеро танҳо муаллими варзидаву соҳибтаҷриба қодир аст, ки насли солими созандаро тарбия карда, ба онҳо дониши мукаммал диҳад. Омӯзгори имрӯза бояд дорои тафаккури баланд ва фазилати педагогӣ бошад, аз технологияҳои муосири иртиботӣ истифода бурда тавонад ва дар ҷараёни дарс аз методҳои фаъоли таълим кор гирад.
Саводнок ва соҳиби касб шудани ҷавонон кафили саодати худи онҳо ва татбиқи ормонҳои олии инсонӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Ё ба таъбири Сарвари давлат: “Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”. Аз ин рӯ, мо омӯзгорону устодон, волидон  ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки дар партави Паём ва татбиқи нишондодҳои судманди Пешвои муаззами миллат самимонаву содиқона амал намуда, дар камолоти насли наврас ва тарбияи дурусти онҳо беш аз ҳар вақти дигар масъулиятшинос бошем.
Муҷибахон ҶАВҲАРОВА,
директори филиали Донишгоҳи технологии  Тоҷикистон дар шаҳри Исфара 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4    Мутолиа карданд: 1393
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед