барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
3 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович!
Хабари таркиши газ дар бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск, ки мӯҷиби ҳалок ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо нафар одамон гардид, моро сахт андуҳгин намуд.
Дар робита ба ин фоҷиа, тасаллияти амиқи худро ба тамоми мардуми дӯсти Россия иброз дошта, хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва, ҳамзамон, таманниёти зуд шифо ёфтанро ба тамоми осебдидагон расонед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.01.2019 №: 3-4 Мутолиа карданд: 5531