қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ТОПОЛОГИЯҲОИ МИКРОСХЕМАҲОИ ИНТЕГРАЛӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2006 «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №12, мод. 542) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 13:
- дар сархати якуми қисми панҷум калимаи «ариза» ба калимаи «дархост» иваз карда шавад;
- қисми шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои бақайдгирии топологияи микросхемаи интегралиро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.».
3. Дар ном ва матни моддаи 14, қисми дуюми моддаи 19 калимаҳои «Санҷиши», «санҷиши», «Санҷишро» ва «санҷиш» мувофиқан ба калимаҳои «Экспертизаи», «экспертизаи», «Экспертизаро» ва «экспертиза» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1585
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2018, № 1165
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 614
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.01.2019 №: 5-7 Мутолиа карданд: 1047