logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011  «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод.167) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун, сархати якуми моддаи 1, қисми 1 моддаи 4, қисми 4 моддаи 5, қисми 1 моддаи 17, қисми 1 моддаи 19, қисмҳои 3 ва 6 моддаи 31 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
- ба сархати ҳаштум пас аз калимаи «мақоми» калимаи «машваратӣ,» илова карда шавад;
- сархати нуҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ – субъектҳои фаъолияти соҳибкорие, ки новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқияшон, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд;»;
- дар сархати даҳум калимаи «шаҳодатномаи» ба калимаи «тасдиқномаи» ва аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шаванд;
- сархати ёздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- бизнеснақша – ҳуҷҷате, ки аз ҷониби субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ пешниҳод гардида, дар он  иттилооти муфассал дар бораи  муҳлати  хароҷотбарорӣ, самаранокӣ, талабот ва омӯзиши бозор дарҷ карда мешавад.».
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар қисми 1 моддаи 5 калимаҳои «шакли функсионалии (маҷмӯии)» ба калимаи «намуди» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 8 калимаи «зарурӣ» ба калимаҳои «зарурие, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд,» иваз карда шавад.
6. Дар қисми 4 моддаи 10 калимаҳои «шаҳодатномаи» ва «шаҳодатнома» мувофиқан ба калимаҳои «тасдиқномаи» ва        «тасдиқнома» иваз карда шаванд. 
7. Ба ном ва қисми 1 моддаи 11 пас аз калимаи «хизматрасонии» калимаҳои «мақомоти давлатӣ барои» илова карда шаванд.
8. Ба қисми 4 моддаи 12 пас аз калимаҳои «субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ» калимаҳои «пас аз пардохти андозҳо» илова карда шаванд.
9. Дар моддаи 14:
- қисми 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«4..Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.»;
- қисми 8 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«8. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ комиссияро оид ба баррасии бизнеснақшаҳо ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузории довталабон- субъектони минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис медиҳад. Тартиби фаъолияти комиссия оид ба баррасии бизнеснақшаҳо ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузории довталабон-субъектони минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи Низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ муқаррар карда мешавад.».
10. Ба моддаи 16 қисми 3 бо мазмуни  зайл илова карда шавад:
«3..Номгӯй ва андозаи пардохти маблағи корҳо ва хизматрасонии маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодиро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар соҳаи молия тасдиқ менамояд.».
11. Ба қисми 1 моддаи 17 пас аз калимаи «мақоми» калимаи «машваратӣ,» илова карда шавад.
12. Дар моддаи 19:
- ба қисми 4 пас аз калимаи «беруни» калимаи «ҳудуди» илова карда шавад;
- қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«6. Ҳангоми аз ҳудуди як минтақаи озоди иқтисодӣ ба ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумрукӣ интиқол додани молҳо андоз ва боҷи гумрукӣ ситонида намешаванд ва чораҳои манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, татбиқ намегарданд.»;
- қисмҳои 6 ва 7 мувофиқан қисмҳои 7 ва 8 ҳисобида шаванд.
13. Дар қисми 6 моддаи 20 калимаи «коргарони» ба калимаи «кормандони» иваз карда шавад.
14. Дар моддаи 24:
- дар қисми 3 калимаи «коргарони» ба калимаи «кормандони» ва калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқии» ба калимаи «қонунгузории» иваз карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«4. Барасмиятдарории иҷозати кор ба кормандони хориҷӣ тибқи Дастурамали тартиби содакардашудаи додани иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисод ва савдо тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.».
15. Дар қисми 1 моддаи 26 калимаҳои «заминро дар ҳудуди он» ба калимаҳои «замини дар ҳудуди минтақа ҷойгиршударо» иваз карда шаванд.
16. Матни моддаи 29 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Ба расмият даровардан ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият менамоянд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
  
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1581
 

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2018, № 1153


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 610


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 1196
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед