logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ ВА БАҚАЙДГИРИИ УҲДАДОРИҲОИ ТАЪМИНШУДА

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифодаи молу мулки манқул ба сифати гарав ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- гарав – усули таъмини иҷрои уҳдадорӣ,  ки тибқи он кредитор  дар уҳдадории бо гарав таъминшуда (гаравгир) ҳангоми аз ҷониби қарздор иҷро нашудани чунин уҳдадорӣ, барои қонеъ намудани талаботаш, аз арзиши молу мулки ба гаравгузоштаи шахсе, ки ин молу мулк ба ӯ тааллуқ дорад (гаравдеҳ) нисбат ба дигар кредиторон ҳуқуқи афзалиятнокро доро мебошад, ба истиснои ҳолатҳои дар қонун муқарраршуда;
- гарави додашуда – намуди гараве, ки молу мулки ба гарав гузошташуда аз тарафи гаравдеҳ мувофиқи шартномаи гарав ба соҳибияти гаравгир супурда мешавад;
- гаравдеҳ – шахсе, ки дорои ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқи дигари ашёӣ ба мавзӯи гарав мебошад, аз ҷумла, худи қарздор аз рӯи уҳдадории бо гарав таъминшуда ё шахси сеюм, ки дар ин уҳдадорӣ иштирок намекунад;
- гаравгир – шахсе, ки талаботи ӯ оид ба уҳдадории асосӣ бо гарав таъмин шудааст;
- гаравхона (ломбард) – шахси ҳуқуқӣ (ташкилоти махсусгардондашудае), ки ба додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандон машғул аст;
- молу мулки ба гарав гузошташуда – молу мулки манқуле, ки аз муомилоти  гражданӣ гирифта нашудааст, инчунин ҳуқуқи молумулкии дар моддаи 5 Қонуни мазкур зикргардидае, ки барои гарав пешниҳод мегардад;
- молу мулки манқул – ашёе, ки ба молу мулки ғайриманқул мансуб нест;
- даромад аз мавзӯи гарав – молу мулке, ки дар натиҷаи бастани аҳд бо мавзӯи  гарав ё аҳд бо даромад аз мавзӯи  гарав ба даст оварда шудааст;
- Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда (минбаъд – Феҳристи ягонаи давлатӣ) – махзани ягонаи электронии иттилоотии маълумоти уҳдадориҳои таъминшуда;
- огоҳиномаи гарав – хабари кредитор оид ба ҳуқуқи ӯ ба молу мулки қарздор ё шахсони сеюм, ки мутобиқи Қонуни мазкур дар шакли электронӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид карда мешавад; 
- мақоми бақайдгиранда – мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, ҷиҳати пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ уҳдадор мебошад;
- гарави бақайдгирифташуда – гарав ё таъминоти дигаре, ки нисбат ба он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур огоҳиномаи гарав ба қайд гирифта шудааст;
- идоракунандаи гарав – шахсе, ки аз ҷониби  гаравгир барои истифода ва ихтиёрдории молу мулки ба гарав гузошташуда аз номи ӯ ва ҳалли масъалаҳои бо он алоқаманд ваколатдор карда шудааст;
- қарзи дебиторӣ – маблағи қарзҳои ба шахс тааллуқдоштае, ки дар натиҷаи муносибатҳои хоҷагидорӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадаанд;
- молҳои омехта – молҳои тақсимнашавандае, ки бо молҳои дигар омехта шуда, аломатҳои мушаххаси ҷисмии худро дар маҳсулоти тайёр гум мекунанд;
- молҳои пайвастшуда – молҳои тақсимшавандае, ки бо молҳои  дигар пайваст  шуда, аломатҳои  мушаххаси ҷисмии худро дар маҳсулоти тайёр гум намекунанд;
-  кредитор – гаравгир, иҷорадеҳ (лизингдеҳ) ва ё шахси воқеӣ ё ҳуқуқии дигар, ки талаботи молумулкиаш бо молу мулки манқули қарздор таъмин карда шудааст;
- қарздор – гаравдеҳ ва ё шахси воқеӣ ё ҳуқуқии дигар, ки молу мулки манқулро барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои худ ё уҳдадориҳои шахсони сеюм пешниҳод менамояд;
- шартномаи гарав – созишномаи хаттӣ дар бораи ба гарав гузоштани молу мулки манқул барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои гаравдеҳ ё шахсони сеюм, ки метавонад дар шакли шартномаи алоҳида баста шавад ё ба шартномаи дигаре, ки шартҳои гаравро дар бар мегирад, ҳамроҳ карда шавад.

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳое,  ки вобаста ба истифодаи молу мулки манқул ба сифати гарав ба вуҷуд меоянд, татбиқ мегардад.
2. Бо мақсади таъмини шаффофият ва муносибати ягона ба ҳимояи манфиатҳои кредиторон ва қарздорон дар муносибатҳо вобаста ба истифодаи молу мулки манқул, агар қонун ҳолатҳои дигарро пешбинӣ накарда бошад, муқаррароти Қонуни мазкур дар қисми бақайдгирии огоҳиномаи гарав ва аз рӯи навбат қонеъгардонии талаботи кредиторон аз худи ҳамон як молу мулк нисбат ба муносибатҳои зерин татбиқ мешаванд:
1) Муносибатҳо, новобаста ба шакли ҳуқуқии онҳо, ки дар онҳо молу мулки манқул воқеан иҷрои уҳдадориҳоро таъмин менамояд:
- нигоҳдорӣ, лизинг, фурӯши мол бо нигоҳ доштани ҳуқуқи моликияти фурӯшанда ба мол то пардохти он, вогузоштани ҳуқуқи моликият ба молу мулк ҳангоми дар оянда ба миён омадани ҳодисаҳои муайян, хариду фурӯши молҳо  бо таъхир ё тамдиди  муҳлати  пардохт;
- санади эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд дар бораи рӯёнидан аз ҳисоби молу мулки қарздор;
- маҳдудсозии ҳуқуқҳои қарздор оид ба ихтиёрдории молу мулк ва истифодаи он (сервитут, ҳабси молу мулк, боздошти амалиёт аз рӯи суратҳисобҳои бонкӣ);
- талабот оид ба пардохти қарз аз рӯи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии қарздор ба буҷет;
- муносибатҳои дигаре, ки дар онҳо молу мулки манқул тибқи қонун барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо истифода мешаванд.
2) Муносибатҳои марбут ба гузаштани ҳуқуқи соҳибӣ ба молу мулки манқул:
- факторинг;
- иҷора ба муҳлати зиёда аз як сол;
- комиссия;
- муносибатҳои дигар вобаста ба вогузоштани ҳуқуқи соҳибӣ ба молу мулки манқул.
3. Қонуни мазкур нисбат  ба муносибатҳое, ки мавзӯи танзими ҳамин Қонун мебошанд ва пас аз мавриди амал қарор гирифтани он ба вуҷуд омадаанд, татбиқ мегардад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро  эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Субъектҳои муносибатҳои вобаста ба гарави молу мулки манқул ва асосҳои ба вуҷуд омадани онҳо
1. Субъектҳои муносибатҳои гаравӣ гаравдеҳон ва гаравгирон мебошанд, ки онҳо давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда метавонанд.
2. Ташкилотҳои қарзӣ амалиёти марбут ба гаравро мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.
3. Гарав дар асоси қонун ё шартномаи (шартномаи гарави) мутобиқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур байни гаравдеҳ ва гаравгир бас- ташуда ба миён меояд. Чунин шартнома метавонад шартномаи ҷудогона ё қисми шартномае бошад, ки боиси ба вуҷуд омадани уҳдадории бо гарав таъминшуда мегардад.
4. Гарави молу мулки манқул ҳангоми мавҷуд будани шартҳои зерин ба миён меояд:
- ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ доштани гаравдеҳ ба мавзӯи гарав;
- шартномаи гарав ё асосҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 5. Мавзӯи гарави молу мулки манқул
1. Мавзӯи гарав метавонад молу мулки манқул, аз ҷумла пул ё коғазҳои қиматнок, ки ба ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқи ашёии дигар тааллуқ дошта, аз муомилоти гражданӣ гирифта нашудааст ё ҳуқуқе бошад, ки метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона карда шавад.
2. Ҳуқуқи молумулкии ба гаравдеҳ тааллуқдошта, ки онро аз моликият ҷудо кардан мумкин аст, аз ҷумла ҳуқуқи иҷора, ҳуқуқ ба ҳиссаи моликияти умумии якҷоя, талаботи қарзӣ, ҳуқуқи гирифтани фоида аз ашёе, ки ба гаравдеҳ бо ҳуқуқи моликият тааллуқ надорад, ҳуқуқи ашёии вобаста ба фаъолияти зеҳнӣ ва фаъолиятҳои ба он баробаркардашуда, ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок дар шакли қайд ва ҳуқуқҳои дигаре (талаботе), ки аз уҳдадориҳои шартномавӣ бармеоянд, мавзӯи гарав шуда метавонанд. Ҳуқуқе, ки муҳлати амалаш муайян аст, танҳо то вақти ба итмом расидани ин муҳлат  мавзӯи гарав шуда метавонад.
3. Инчунин ашё ё ҳуқуқе, ки дар оянда ба вуҷуд омада метавонад, аз ҷумла захираҳои минбаъдаи маҳсулоти истеҳсолнамудаи гаравдеҳ ё қарзи дебиторӣ бе ҳеҷ гуна маҳдудият мавзӯи гарав шуда метавонанд. Гарав нисбат ба молу мулке, ки дар оянда ба моликияти (ё соҳибияти) гаравдеҳ мегузарад, аз лаҳзаи аз ҷониби гаравдеҳ ба даст овардани ҳуқуқ ба чунин молу мулк ба вуҷуд меояд.
4. Агар дар шартномаи гарав тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ашёи асосие, ки мавзӯи гарав аст, якҷоя бо лавозимоташ чун  ашёи  воҳиди том ба гарав гузошташуда ҳисобида мешавад. Қисми молу  мулке, ки тақсими  он дар шакли  асл бе тағйири таъйиноташ имконнопазир аст (ашёи тақсимнашаванда),  мавзӯи мустақили гарав шуда наметавонад.
5. Ашёи аз муомилот баровардашуда, талаботи ба шахсияти қарздор бевосита алоқаманд, аз ҷумла талабот дар бораи алимент, ҷуброни зарари ба ҳаёт ё саломатӣ расондашуда ва ҳуқуқҳои дигаре, ки ба шахси дигар гузашт намудани онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст, мавзӯи гарав шуда наметавонанд.
6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад феҳристи объектҳоеро муайян намояд, ки онҳо бинобар арзиши таърихӣ, фарҳангӣ ё барои амнияти давлатӣ аҳамият доштанашон мавзӯи гарав шуда наметавонанд.

Моддаи 6. Ҳуқуқи ба гарав мондани молу мулк ва ҳуқуқ
1. Ҳуқуқи ба гарав мондани молу мулк ба молик ё соҳиби дигари ҳуқуқи ашёӣ ё ба шахсе, ки ин молу мулк дар оянда ба моликияти (ё соҳибияти) ӯ мегузарад, ба ғайр аз ҳолатҳои истисноии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тааллуқ дорад.
2. Ҳангоми ба гарав мондани ҳуқуқ танҳо шахсе гаравдеҳ шуда метавонад, ки ба ӯ ҳуқуқи ба гарав гузошташаванда тааллуқ дорад ё тааллуқ хоҳад дошт, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шахси дорои ҳуқуқи истифодабарӣ ҳуқуқ дорад ҳуқуқи истифодабарии худ, аз ҷумла ҳуқуқи иҷораро низ, ки танҳо бо розигии иҷорадиҳанда мавзӯи гарав шуда метавонад, ба гарав гузорад, агар дар қонун ва ё шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
3. Молу мулке, ки ба гаравдеҳ бо ҳуқуқи хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ тааллуқ дорад, бо розигии молики он мавзӯи гарав шуда метавонад, агар бегона кардани он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии моликро талаб намояд.
4. Ба гарав мондани молу мулке, ки аз муомилоти гражданӣ гирифта ё дар муомилот маҳдуд карда шудааст, инчунин  молу мулке, ки мутобиқи қонун аз он ситонидани пардохт мумкин нест, роҳ дода намешавад.
5. Молу мулке, ки дар моликияти умумии якҷоя мебошад, танҳо бо розигии хаттии ҳамаи моликон ё мақоми идоракунандае, ки моликон барои идора кардани молу мулк интихоб намудаанд, ба гарав гузошта мешавад. Дар сурати баъди ба гарав гузоштани чунин молу мулк пайдо гардидани моликони дигар, розигии онҳо талаб карда намешавад.
6. Иштирокчии моликияти умумии ҳиссагӣ ҳуқуқ дорад ҳиссаи дар молу мулки умумӣ доштаи худро бе розигии моликони дигар ба гарав гузорад, агар ҳиссаи ҳар яке аз моликон дар ҳуқуқи моликияти умумӣ муайян шуда бошад. Дар сурати бо талаби гаравгир таҳти рӯёниш қарор дода шудани ин ҳисса ҳангоми фурӯши он, муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи афзалиятноки хариди ҳисса дар моликияти умумӣ ва дар бораи аз ҳисоби ҳисса дар молу мулки умумӣ ситонидани пардохт татбиқ карда мешаванд.

Моддаи 7. Уҳдадориҳо ва талаботе, ки бо гарави молу мулки манқул таъмин мегарданд
1. Гарав метавонад барои таъмини уҳдадориҳои пулӣ ё дар шакли пулӣ ифодаёфта, аз ҷумла уҳдадорие, ки ба хариду фурӯш, иҷора, пудрат ва шартномаҳои дигар бо иҷрои муҳлатноки уҳдадориҳо асос ёфтааст, муқаррар гардад, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
2. Агар дар шартномаи гарав тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, гарав арзиши уҳдадориҳои гаравгирро ҳангоми таҳти рӯёниш қарор додани ҳамин гарав, аз ҷумла қисми пардохтнашудаи маблағи асосии қарз, фоизҳо, ноустуворона, хароҷоти асоснок барои нигоҳ доштани арзиши молу мулки ба гарав гузошташуда, ҷуброни зарари дар натиҷаи гузаронидани муҳлати иҷрои уҳдадорӣ расонидашуда, инчунин хароҷоти марбут ба рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав таъмин менамояд.
3. Бо гарав метавонад иҷрои як ё якчанд уҳдадориҳои мавҷуда ё минбаъда таъмин карда шавад. Маблағи уҳдадориҳо метавонад бо пули миллӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ ифода ёбад.

Моддаи 8. Шакл ва мундариҷаи шартномаи гарави молу мулки манқул
1. Шартномаи гарав бояд дар шакли хаттӣ бо роҳи таҳияи ҳуҷҷате, ки тарафҳо имзо кардаанд, баста шавад.
2. Агар гарав уҳдадориҳоро аз рӯи шартномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшаванда таъмин намояд, инчунин дар мавридҳои пешбиникардаи созишномаи тарафҳо шартномаи гарав бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шавад.
3. Дар сурати ба шартномаи қарз ё шартномаи дигари дорои уҳдадории бо гарав таъминшаванда дохил кардани шартномаи гарав, нисбат  ба шакли ин шартнома бояд талаботи барои шартномаи гарав муқарраргардида риоя карда шаванд.
4. Риоя накардани қоидаҳои шартномаи гарави дар қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи мазкур муқарраргардида боиси беэътибор гардидани шартномаи гарав мегардад. Ин гуна шартнома беэътибор дониста мешавад.
5. Шартномаи гарав дорои маълумоти зерин мебошад:
- ном (насаб, ном ва номи падар) ва маҳалли ҷойгиршавии (маҳалли зисти) тарафҳо;
- тавсифи инфиродӣ ё умумии мавзӯи гарав. Тавсифи умумӣ метавонад ба намуди алоҳидаи молу мулк ё дар маҷмӯъ ба ҳамаи дороиҳо  дахл дошта бошад;
-  намуди гарав;
-  тавсифи инфиродӣ ё умумии уҳдадориҳои бо гарав таъминшуда.
6. Уҳдадорӣ метавонад бо тариқи нишон додани маблағи ҳадди ақал ё мушаххаси бо гарав таъминшуда тавсиф шавад. Тарафҳо метавонанд дар шартномаи гарав шартҳои дигарро низ пешбинӣ намоянд.
7. Арзиши мавзӯи гарав мувофиқи созиши гаравдеҳ бо гаравгир муайян карда мешавад. Арзиш дар шартнома бо пул ифода карда мешавад.
8. Ҳангоми ба гарав мондани моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ) баҳодиҳии (нархгузории) он тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
9. Тарафҳои шартномаи гарав баҳодиҳии (нархгузории) мавзӯи гаравро ба нархгузори мустақил супурда метавонанд.
10. Тавсифи  мавзӯи гарав то ба дараҷае инфиродӣ ё умумӣ шуда метавонад, ки дар лаҳзаи ба миён омадани масъалаи вобаста ба воқеият, навбат ё маҷбуран амалишавии гарав, имконияти ҳаммонандкунии мавзӯи гаравро диҳад.
11. Дар сурате, ки уҳдадории гаравӣ ба шартнома асос ёфтааст, тарафҳои ин шартнома ва санаи баста шудани он бояд нишон дода шаванд.
12. Дар сурате, ки маблағи уҳдадории бо гарав таъминшаванда дар оянда муайян карда шавад, дар шартномаи гарав тартиб ва шартҳои дигари зарурии муайянкунии он бояд нишон дода шаванд.
13. Агар мавзӯи гарав ҳуқуқи ба гаравдеҳ тааллуқдоштаи иҷора бошад, дар шартномаи гарав молу мулки ба иҷора гирифташуда ва муҳлати иҷораи он бояд нишон дода шуда бошад.
14. Созишнома дар бораи даст кашидани гаравдеҳ аз ҳуқуқи худ ё маҳдуд кардани он ё созишнома дар бораи мавзӯи гаравиро гирифтани гаравгир то фаро расидани ҳолати иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо эътибор надорад.

Моддаи 9. Гарави минбаъдаи молу мулки ба гарав гузошташуда (гарави такрорӣ)
Молу мулке, ки ҷиҳати таъмини иҷрои як уҳдадорӣ (гарави  ибтидоӣ)  ба гарав гузошта шудааст, метавонад барои таъмини иҷрои уҳдадории дигар (гарави минбаъда) пешниҳод карда шавад.

Моддаи 10. Гарав дар асоси қонун
1. Ҳуқуқи талаби кредитор барои иҷрои уҳдадории қарздор аз арзиши молу мулки ӯ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун гарав дар асоси қонун эътироф мешавад. Барои ба вуҷуд омадани гарав дар асоси қонун бастани шартнома талаб карда намешавад.
2. Аз лаҳзаи бақайдгирии огоҳиномаи дахлдори гарав дар Феҳристи ягонаи давлатӣ дар асоси қонун талаботи зерин бо гарав таъминшуда эътироф карда мешаванд:
-  талаботи мақомоти андоз ва гумрук – дар қисми молу мулке, ки дар чунин огоҳинома зикр шудааст;
- талаботи кредитороне, ки ба манфиати онҳо ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд мавҷуд аст – дар қисмати молу мулки дар ҳалномаи суд зикргардида.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гаравҳои таъминшуда дар асоси қонун метавонанд талаботи  дигари кредиторон низ тааллуқ дошта бошанд.

Моддаи 11. Нигоҳдорӣ ва таъмири молу мулки ба гарав гузошташуда
1. Агар дар шартномаи гарав тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, гаравдеҳ уҳдадор аст, ки молу мулки ба гарав гузошташударо дар ҳолати коршоям нигоҳ дорад ва хароҷоти нигоҳдорӣ ва таъмири (ҷорӣ ва асосӣ) ин молу мулкро то вақти қатъи гарав пардохт намояд.
2. Гаравгир ҳуқуқ дорад санҷиши мавҷудият, ҳолат ва шароити нигоҳдории молу мулки бо шартнома ба гарав гузошташударо анҷом диҳад.

Моддаи 12. Суғурта
1. Агар шартномаи гарав ба зиммаи гаравдеҳ уҳдадории суғуртаи молу мулки ба гарав гузошташударо вогузор карда бошад, гарав ба ҳама гуна ҳуқуқи гаравдеҳ вобаста ба полиси суғуртавии мазкур дахл дошта ва гаравгир ҳуқуқи афзалиятнок дорад, ки талаби таъминшудаи худро аз ҳар гуна маблағи минбаъдаи подоши суғуртавӣ бевосита аз ҳисоби суғуртакунанда ва бе розигии гаравдеҳ қонеъ намояд.
2. Агар молу мулк бо гуноҳи гаравгир гум шавад ё осеб бинад, ӯ аз ҳуқуқи қонеъ намудани талаби худ аз подоши суғуртавӣ маҳрум мегардад.

Моддаи 13. Даромад аз мавзӯи гарави молу мулки манқул
1. Даромаде, ки гаравгир аз иҷрои аҳдҳо бо молу мулки ба гарав гузошташуда (мубодила, хариду фурӯш ва аҳдҳои дигар) ба даст меорад, мавзӯи гарав мешавад.
2. Воридоте, ки дар натиҷаи истифодаи молу мулки ба гарав гузошташуда (самара, маҳсулот, даромад) ба даст оварда шудааст, мавзӯи гарав мегардад, агар дар шартномаи гарав тартиби дигар пешбинӣ  нашуда бошад.

Моддаи 14. Ҳуқуқи шахсони сеюм нисбат ба мавзӯи гарави молу мулки манқул
1. Гаравдеҳ молу мулки ба гарав гузошташударо танҳо бо розигии хаттии гаравгир бо роҳи фурӯхтан, ҳадя кардан, мубодила намудан, ба сифати саҳм ворид кардани он ба молу мулки ширкатҳо ё ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва ё ба сифати аъзоҳаққии саҳмӣ ба молу мулки кооператив гузоштан ё бо усули дигар ихтиёрдорӣ карда метавонад, агар дар қонун ва шартнома тартиби дигар  пешбинӣ нашуда бошад ё аз моҳияти гарав барнаояд.
2. Гаравдеҳ ҳуқуқ дорад молу мулки ба гарав гузошташударо мерос гузорад. Шартҳои шартномаи гарав ё созишномаи дигаре, ки ин ҳуқуқи гаравдеҳро маҳдуд мекунанд, эътибор надоранд.
3. Шахсе, ки молу мулки мувофиқи шартномаи гарав ба гарав гузошташударо бо тартиби ворисии ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар натиҷаи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ ё бо тартиби мерос ба даст овардааст, ба ҷои гаравдеҳ мегузарад ва тамоми уҳдадориҳои онро аз рӯи шартномаи гарав, инчунин он уҳдадориҳоеро, ки аз тарафи гаравгири аввала ба таври дахлдор иҷро карда нашуда буданд, ба зимма мегирад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
4. Агар молу мулки мутобиқи шартнома ба гарав гузошташуда ба якчанд шахс гузарад, ҳар яке аз ворисони ҳуқуқии гаравдеҳи аввала барои оқибатҳое, ки аз муносибатҳои гаравии иҷро накардани уҳдадориҳои бо гарав таъминшуда бармеоянд, ба андозаи қисми молу мулки ба гарав гузошташудаи ба ӯ гузашта ҷавобгар мебошад.
5. Агар мавзӯи гарав тақсимнашаванда бошад ё бо асосҳои дигар ба моликияти умумии ворисони ҳуқуқии гаравдеҳ дохил гардад, ворисони ҳуқуқӣ қарздорони муштарак мешаванд.
6. Гарави молу мулк, новобаста ба он, ки ҳангоми ба шахсони дигар гузаштани ин молу мулк қоидаҳои барои ин гуна гузариш муқарраршуда риоя гардидаанд, эътибори худро нигоҳ медорад.
7. Дар сурати бегонакунии молу мулки тибқи шартномаи гарав ба гарав гузошташуда бо риоя накардани муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур, гаравгир ҳуқуқ дорад бо салоҳдиди худ талаб намояд, ки:
- аҳди бегона кардани молу мулки ба гарав гузошташуда мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шавад;
- уҳдадории бо гарав таъминшуда пеш аз муҳлат иҷро гардида, пардохтҳо аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда, новобаста ба кӣ тааллуқ доштанаш рӯёнида шаванд.
8. Агар исбот шуда бошад, ки харидори молу мулки мутобиқи шартномаи гарав ба гарав гузошташуда дар вақти харидани он медонист ё бояд медонист, ки молу мулк бо риоя накардани қоидаҳои дар қисми 1  моддаи мазкур пешбинигардида бегона карда мешавад, ин гуна харидор дар доираи арзиши молу мулки мазкур барои иҷро накардани уҳдадории бо гарав таъминшуда бо қарздор аз рӯи ин уҳдадорӣ масъулияти муштарак дорад.
9. Агар молу мулки ба гарав гузошташуда бо риоя накардани қоидаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида аз тарафи гаравдеҳе, ки аз рӯи уҳдадории бо гарав таъминшуда қарздор нест, бегона карда шуда бошад, дар якҷоягӣ бо ин қарздор ҳам харидори молу мулк ва ҳам гаравдиҳандаи собиқ масъулияти муштарак доранд.

Моддаи 15. Таҳмили молу мулки ба гарав гузошташуда бо ҳуқуқи шахсони дигар
1. Агар дар шартномаи гарав тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, гаравдеҳ ҳуқуқ дорад, бе розигии гаравгир, бо огоҳинидани ӯ, молу мулки ба гарав гузошташударо ба иҷора, истифодаи муваққатии ройгон диҳад ва аз рӯи созишнома бо шахси дигар ба ӯ ҳуқуқи истифодаи маҳдуди ин молу мулкро (сервитут)  пешниҳод намояд, агар:
- муҳлате, ки дар тӯли он молу мулк ба истифода дода мешавад, аз муҳлати уҳдадории бо гарав таъминшуда зиёд набошад;
- молу мулк  барои  истифода  бо  мақсадҳои мутобиқ ба таъйиноти молу мулк  пешниҳод гардад.
2. Дар сурати аз тарафи гаравгир дар асосҳои пешбиникардаи қонун ё шартномаи гарав рӯёнидан аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда, тамоми ҳуқуқи иҷора ва ҳуқуқи дигари истифодаи ин молу мулк, ки гаравдеҳ ба шахсони сеюм баъди бастани шартномаи гарав додааст,  қатъ мегардад:
- аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ дар бораи рӯёнидан аз ҳисоби молу мулк;
- баъди гузаштани 15 рӯз аз лаҳзаи фиристодани огоҳинома дар асоси шартҳои қонеъгардонии талаботи гаравдеҳ бо тартиби ғайрисудӣ, ки дар шартномаи гарав ё созишномаи ҳамзамон бо шартномаи гарав басташуда дар бораи қонеъгардонии талаботи гаравдеҳ бо тартиби ғайрисудӣ ё дар созишномаҳои минбаъдаи гаравдеҳ бо гаравгир пешбинӣ гардидаанд.
3. Молу мулки ба гарав гузошташуда метавонад аз тарафи гаравдеҳ ба истифодаи шахси сеюм ба муҳлати зиёда аз уҳдадории бо гарав таъминшуда ё барои мақсадҳои ба таъйиноти молу мулк номувофиқ танҳо бо розигии хаттии гаравгир ва ба таври дахлдор огоҳонидани ин шахсон дода шавад.
4. Аз тарафи гаравдеҳ ба истифодаи шахси дигар додани молу мулки ба гарав гузошташуда гаравдеҳро аз иҷрои уҳдадориҳои шартномаи гарав озод намекунад, агар шартномаи гарав тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 16. Оқибатҳои аз тарафи давлат маҷбуран гирифтани молу мулки ба гарав гузошташуда
1. Агар ҳуқуқи моликият ба молу мулки манқули гаравдеҳ, ки мавзӯи гарав мебошад, дар асос ва бо тартиби муқарраркардаи қонун дар натиҷаи  маҷбуран гирифтан (харида гирифтан) барои эҳтиёҷоти давлат ё ҷамъият, реквизитсия ё милликунонии он қатъ гардад, ба гаравдеҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулки дигар ё ҷуброни дахлдор дода мешавад. Гарав ба молу мулки ба ивази молу мулки гирифташуда пешниҳодгардида дахл дорад ё гаравгир ҳуқуқи афзалиятноки аз ҳисоби маблағи ҷуброни ба гаравдиҳанда тааллуқдошта қонеъ кардани талаботи худро пайдо мекунад.
2. Гаравгире, ки манфиатҳои ӯро ҳуқуқи дар қисми 1  моддаи мазкур  пешбинишуда пурра ҳифз карда наметавонад, ҳуқуқ дорад пеш аз муҳлат иҷро кардани уҳдадории бо гарав таъминшуда ва таҳти рӯёниш қарор додани молу мулки ба ивази молу мулки гирифташуда пешниҳодгардидаро талаб намояд.
3. Дар ҳолатҳое, ки давлат молу мулки  мавзӯи гаравро аз гаравдеҳ дар шакли санксия барои содир кардани ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкунӣ мегирад (мусодира мекунад), гарав эътиборашро нигоҳ медорад ва гаравгир ҳуқуқ дорад пеш аз муҳлат иҷро кардани уҳдадории бо гарав таъминшуда ё иваз намудани мавзӯи гаравро талаб намояд.

Моддаи 17. Гузашт кардани ҳуқуқ ва гузаронидани қарз аз рӯи шартномаи гарави молу мулки манқул
1. Гаравгир ҳуқуқ дорад, ки ҳуқуқи худро аз рӯи шартномаи гарав ба шахси дигар диҳад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
2. Шахсе, ки ба ӯ аз рӯи шартномаи гарав ҳуқуқ дода шудааст, мувофиқи ин шартнома ба ҷои гаравгири собиқ мегузарад. Гузашт кардани ҳуқуқ аз рӯи шартномаи гарав бояд тибқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад.
3. Аз тарафи гаравгир ба шахси дигар гузашт кардани ҳуқуқ аз рӯи шартномаи гарав дар сурате эътибор дорад, агар ба ҳамон шахс ҳуқуқи пешниҳод кардани талабот ба қарздор аз рӯи уҳдадории  бо гарав таъминшуда гузашт шуда бошад. Агар амали  дигаре исбот нашуда бошад, гузашти ҳуқуқ аз рӯи шартномаи гарав инчунин маънои гузашти ҳуқуқ аз рӯи уҳдадории бо гарав, таъминшударо дорад.
4. Қарздор  ҳуқуқ  дорад бо розигии гаравгир (кредитор) қарзи худро ба зиммаи шахси дигар гузаронад. Интиқоли қарз тибқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.


БОБИ 2. БАҚАЙДГИРИИ ОГОҲИНОМАИ ГАРАВ
Моддаи 18. Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ
Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ аз ҷониби мақоми бақайдгиранда бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- таъмини дастрасии шабонарӯзии Феҳристи ягонаи давлатӣ ба ҳамаи шахсони манфиатдор барои бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав, ҷустуҷӯ, тағйирдиҳӣ ва қатъ кардани онҳо дар реҷаи вақти воқеӣ тавассути шабакаи иттилоотии интернет;
- пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодаи Феҳристи ягонаи давлатӣ;
- шарҳи оқибатҳои бақайдгирии огоҳиномаи гарав дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии муроҷиаткарда;
- таъмини имконияти ҷустуҷӯи иттилоот дар Феҳристи ягонаи давлатӣ аз рӯи рақами мушаххаси андозсупоранда – қарздор ё рақами бақайдгирии огоҳиномаи гарав;
- пешниҳоди иттилоот ба шахсони манфиатдор дар шакли электронӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ дар ҳомили коғазӣ дар бораи бақайдгирии огоҳиномаи гарав;
- хориҷ кардан, ворид намудани тағйирот ё иловаҳо ба огоҳиномаҳои гарави бақайдгирифташуда танҳо дар асоси ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур.

Моддаи 19. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав
1. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав ихтиёрӣ буда, бо мақсади ба кредитори қарздор додани ҳуқуқи афзалиятноки қонеъгардонии  талаботи худ дар назди дигар кредиторон аз арзиши ҳамон молу мулки қарздор ба амал бароварда мешавад.
2. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав то ба эътибор пайдо кардан ё эътиборнокии аҳде, ки дар асоси он ҳуқуқи кредитор нисбат ба молу мулки манқул ба вуҷуд меояд, таъсир намерасонад.  Дар ин маврид беэътибории аҳд боиси беэътибории огоҳиномаи гарав мегардад. Беэътибории қисми огоҳиномаи гарави бақайдгирифташуда боиси беэътибории қисмҳои дигари он намегардад.
3. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав зарурати риояи шакли аҳди муқаррарнамудаи қонун, аз ҷумла дар мавриди талаботи бақайдгирии давлатӣ ё тасдиқи нотариалиро  бекор намекунад.
4. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав аз тарафи кредиторони қарздор  мустақилона амалӣ карда мешавад, аз ҷумла:
- гаравгирон;
- кредиторони дигаре, ки ба онҳо молу мулки қарздор барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо дода мешавад;
- моликони молу мулки ба ихтиёри қарздор додашуда;
- идоракунандагони аз тарафи суд нисбат ба  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии муфлис таъйиншуда;
- даъвогароне, ки ба фоидаи онҳо ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд дар бораи рӯёнидани молу мулки манқул аз ҳисоби қарздор вуҷуд дорад;
- мақомоти андоз ва гумрук дар ҳолати талаб кардани иҷрои уҳдадориҳои пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
- мақомоти таҳқиқ ва тафтишот дар ҳолати гузоштани ҳабс ва маҳдудиятҳои дигари ҳуқуқ ба молу мулки қарздор.
5. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав бо роҳи ворид намудани маълумоти дар моддаи 22 Қонуни мазкур зикршуда ба Феҳристи ягонаи давлатӣ тавассути пур кардани шакли дахлдори бақайдгирӣ дар сомонаи интернетии Феҳристи ягонаи давлатӣ амалӣ карда мешавад.
6. Баъд аз нишон додани маълумоти дар моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинишуда ҳар як огоҳиномаи гарав ба таври худкор (автоматӣ) дар Феҳристи ягонаи давлатӣ бо нишон додани сана ва вақти бақайдгирӣ ва додани рақами махсуси бақайдгирӣ ба қайд гирифта мешавад. Дар бораи бақайдгирии огоҳиномаи гарав фавран ҳисоботи дахлдор дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад.
7. Мақоми бақайдгиранда барои мундариҷа ва саҳеҳии огоҳиномаи гарав масъул намебошад. Чунин масъулият пурра ба кредитори бақайдгирандаи  огоҳиномаи дахлдор вогузор карда мешавад.
8. Барои бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав, тағйирдиҳии онҳо ва додани иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
9. Тартиби бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 20. Розигии қарздор барои бақайдгирии огоҳиномаи гарав
1. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав бо розигии қарздор амалӣ карда мешавад. Розигии қарздор дар шакли ҳуҷҷати электронӣ ё дар ҳомили коғазӣ бо зикри маълумоти мушаххаси қарздор, инчунин молу мулки ба гарав гузошташуда ба расмият дароварда мешавад. Кредитор бояд розигии қарздорро то хориҷ намудани огоҳиномаи гарав аз Феҳристи ягонаи давлатӣ нигоҳ дорад.
2. Бақайдгирии огоҳиномаи гарав дар асоси ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд дар бораи рӯёнидан аз ҳисоби молу мулки қарздор ва ё хориҷ кардани қисме аз молу мулк аз огоҳиномаи бақайдгирифташуда, ё тағйир додани маълумоти он аз ҷониби кредитор бе розигии қарздор амалӣ карда мешавад.
3. Дар сурати мавҷуд будани қарзи қарздор аз рӯи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет мақомоти андоз ва гумрук огоҳиномаи гаравро бе розигии қарздор ба қайд мегиранд.
4. Дар сурати қабул намудани қарор дар доираи ваколатҳои худ дар бораи маҳдудсозии ҳуқуқҳои қарздор оид ба ихтиёрдории молу мулк ва истифода аз он (ҳабси молу мулк, боздоштани амалиёт аз рӯи суратҳисобҳои бонкӣ), мақомоти таҳқиқ ва тафтишот огоҳиномаи гаравро бе розигии қарздор ба қайд мегиранд.

Моддаи 21. Муҳлати амали бақайдгирии огоҳиномаи гарав
1. Муҳлати амали  бақайдгирии огоҳиномаи гарав 5 солро ташкил медиҳад. Муҳлати мазкур метавонад тамдид карда шавад, агар дар шартнома ё қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
2. Муҳлати амал аз лаҳзаи бақайдгирии огоҳиномаи гарав ҳисоб карда мешавад ва аз лаҳзаи хориҷ намудани он аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ба охир мерасад.
3. Тағйирот дар огоҳиномаи гарави бақайдгирифташудае, ки молу мулки иловагии қарздорро дар бар мегиранд, танҳо нисбат ба муносибатҳое эътибор доранд, ки пас аз бақайдгирии чунин тағйирот ба вуҷуд меоянд.
4. Пас аз гузаштани муҳлати бақайдгирии огоҳиномаи гарав кредитор афзалиятро барои пардохти талаботи худ аз молу мулки қарздор гум мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки:
- бақайдгирии огоҳиномаи гарав то гузаштани муҳлати амали он тамдид ёфта бошад;
- то гузаштани муҳлати амали огоҳиномаи гарав кредитор бо тартиби муқаррарнамудаи қонун расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби молу мулки дар чунин огоҳинома зикргардидаро оғоз намуда бошад.

Моддаи 22. Мундариҷаи огоҳиномаи гарав
1. Огоҳиномаи гарав бояд дорои маълумоти зерин бошад:
- ном (насаб, ном ва номи падар), маҳали ҷойгиршавӣ (маҳали зист) ва рақами мушаххаси андозсупорандаи қарздор;
- ном (насаб, ном ва номи падар) ва маҳали ҷойгиршавии (маҳали зисти) кредитор ё идоракунандаи гарав, агар чунин шахс таъйин шуда бошад, рақами мушаххаси андозсупорандаи онҳо;
- тавсифи инфиродӣ ё умумии мавзӯи гарав ё таъминоти дигар, ки барои ҳаммонандсозии он имконият медиҳад. Ҳаммонандсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ метавонад бо роҳи нишон додани рақами шассӣ гузаронда шавад.
2. Талаботи дигар нисбат ба огоҳиномаи гарав аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 23. Бақайдгирии тағйироте, ки ба огоҳиномаи гарави бақайдгирифташуда ворид карда мешаванд
1. Ба огоҳиномаи гарави бақайдгирифташуда метавонад доир ба маълумоти зерин тағйирот  ворид карда шаванд:
- таъйин ё озод кардани идоракунандаи  гарав;
- қарздор;
- кредитор;
- молу мулк.
2. Бақайдгирии тағйирот ба огоҳиномаи гарави бақайдгирифташуда дар асоси огоҳиномаи иловагии гарав амалӣ карда мешавад.
3. Бақайдгирии тағйирот бо тартиби пешбининамудаи моддаи 19 Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.

Моддаи 24. Ворид намудани норозигӣ нисбат ба огоҳиномаи гарав
1. Агар қарздор чунин ҳисобад, ки огоҳиномаи гарави бақайдгирифташуда объективӣ ё саҳеҳ намебошад ва кредитор хориҷ кардан ва тағйир додани онро рад кунад, қарздор ҳуқуқ дорад ба Феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба чунин огоҳинома норозигӣ ворид намояд.
2. Дар норозигӣ бояд маълумоти зерин нишон дода шавад:
- рақами бақайдгирии огоҳиномаи гарав,  ки нисбат ба он норозигӣ ворид карда мешавад;
- маълумот оид ба шахсе, ки норозигӣ пешниҳод кардааст;
- асосҳо дар бораи объективӣ ё саҳеҳ набудани огоҳиномаи гарави бақайдгирифташуда.
3. Ворид намудани норозигӣ ба эътиборнокии огоҳиномаи гарав таъсир намерасонад.
4. Бақайдгирии норозигӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 19 Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.

Моддаи 25. Хориҷ намудани огоҳиномаи гарав аз Феҳристи ягонаи давлатӣ
1. Кредитор уҳдадор аст огоҳиномаи гаравро аз Феҳристи ягонаи давлатӣ дар давоми 15 рӯзи тақвимӣ баъд аз иҷрои ҳамаи уҳдадориҳое, ки нисбат ба онҳо ин огоҳиномаи гаравӣ татбиқ мегардад, хориҷ намояд.
2. Кредиторе, ки муқаррароти қисми 1 моддаи мазкурро риоя накардааст, уҳдадор аст зарари ба қарздор ё шахсони сеюм расонда шударо ҷуброн намояд.
3. Дар сурати аз тарафи кредитор иҷро накардани уҳдадории пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур қарздор ва ё шахси дигари манфиатдор ҳуқуқ дорад бо тартиби судӣ аз Феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ намудани огоҳиномаи гаравро талаб намояд.

Моддаи 26. Дастрасии Феҳристи ягонаи давлатӣ
1. Дастрасии маълумот дар Феҳристи ягонаи давлатӣ озод мебошад.
2. Ҳар як  шахс метавонад дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ҷустуҷӯи огоҳиномаҳои гарави бақайдгирифташударо аз рӯи рақами мушаххаси андозсупоранда – қарздор ё рақами бақайдгирии огоҳиномаи гарав анҷом диҳад.
3. Аз рӯи натиҷаҳои ҷустуҷӯ мақоми бақайдгиранда метавонад аз Феҳристи ягонаи давлатӣ дар шакли ҳуҷҷати электронӣ ё дар ҳомили коғазӣ иқтибос пешниҳод намояд.
   
БОБИ 3. НАМУДҲОИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ
Моддаи 27. Гарави додашуда
1. Мувофиқи созиши гаравгир бо гаравдеҳ мавзӯи гарав метавонад дар назди гаравдеҳ бо қулфу муҳри гаравгир (гарави устувор) монда шавад. Ашёи ба таври инфиродӣ муайяншуда метавонад дар ихтиёри гаравгир бо гузоштани аломатҳои дар бораи гарав шаҳодатдиҳанда монда шавад.
2. Қоидаҳои мазкур нисбат ба гарави устувор низ татбиқ мегарданд, зеро татбиқи онҳо ба моҳияти муносибатҳои гаравгир ва гаравдеҳ ҳангоми ин гуна гарав мухолифат намекунад.
 
Моддаи 28. Ҳуқуқу уҳдадориҳои гаравгир ҳангоми гарави додашуда
1. Гаравгир ҳуқуқ дорад мавзӯи гарави додашударо танҳо дар ҳаҷми пешбининамудаи шартномаи гарав истифода намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки молу мулки ба гарав гузошташуда дар шакли пули нақд дар суратҳисоби бонкӣ пешниҳод гардида, гаравгир ташкилоти қарзӣ бошад.
2. Фоидаи молумулкии аз мавзӯи гарави додашуда бадастомада дар навбати аввал барои пӯшонидани хароҷоти гаравгир ҷиҳати нигоҳдорӣ ва эҳтиёт кардани молу мулки ба гарав гузошташуда ва сипас барои пардохти фоизи маблағи асосии қарз равона карда мешавад.
3. Агар сабаби нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиши молу мулки ба гарав гузошташуда на бо гуноҳи гаравгир, балки дар хусусият ё таркиби молу мулки ба гарав гузошташуда бошад, гаравгир метавонад иваз намудани мавзӯи гарав, инчунин ҷуброни зарари дар натиҷаи ин ба гаравгир расондашударо талаб намояд.
4. Ҳангоми гарави додашуда гаравгир, агар Қонуни мазкур ё шартнома тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад, уҳдадор аст:
- ҷиҳати нигаҳдошти ҷисмонии молу мулки ба гарав гузошташуда чораҳои пешбининамудаи шартнома ё чораҳои зарурӣ андешад, зимнан, гаравдеҳ тамоми хароҷотро ҷуброн  мекунад, агар ин дар шартномаи гарав пешбинӣ шуда бошад;
- дар бораи нобуд шудан ё осеб дидани молу мулки ба гарав гузошташуда, инчунин ҳама гуна таҳдид нисбат ба ҳамин молу мулк фавран ба гаравдеҳ хабар диҳад;
- дар бораи истифодаи молу мулки ба гарав гузошташуда ба гаравдеҳ мунтазам ҳисобот фиристад;
- мавзӯи гарави додашударо бо ҳаҷми арзиши он аз ҳисоби гаравдеҳ ва ба  манфиати ӯ суғурта намояд;
- молу мулки ба гарав гузошташударо ба таври дахлдор нигоҳ дорад;
- дар давоми се рӯзи баъди иҷрои уҳдадории таъминшуда мавзӯи гарави додашударо баргардонад, агар гаравгир сабаби узрноки ба таъхир андохтанро, ки ҳангоми бастани шартномаи гарав пешбинӣ кардан ғайриимкон буд, нишон надиҳад.

Моддаи 29. Ҳуқуқу уҳдадориҳои гаравдеҳ ҳангоми гарави додашуда
1. Гаравдеҳ ҳуқуқ дорад, ки ба молу мулки ба гарав гузошташуда бо мақсади муайян кардани шароити дахлдори нигоҳдорӣ ва истифодаи он дастрасии воқеӣ дошта бошад.
2. Дар сурати ҷой доштани таҳдиди нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиши молу мулки ба гарав гузошташуда бо гуноҳи гаравгир, гаравдеҳ ҳуқуқ дорад бартараф намудани ҳолатҳоеро, ки боиси нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиши молу мулки гаравӣ мегарданд, талаб намояд.
3. Агар дар шартномаи гарав тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, гаравдеҳ ҳуқуқ дорад пеш аз муҳлат қатъ намудани гаравро  бо роҳи иҷрои уҳдадории бо гарав  таъминшуда талаб намояд.
4. Дар ҳолате, ки уҳдадорӣ қарзи пулӣ ва гаравдеҳ шахси воқеӣ мебошад, гаравдеҳ метавонад гарави додашударо пеш аз муҳлати дар шартномаи гарав муқарраргардида бо роҳи пардохти қарзи бо чунин гарав таъминшуда қатъ намояд, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
5. Агар гаравдеҳ оид ба таҳдиди хатари нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиши молу мулки ба гарав гузошташуда, ки на бо гуноҳи гаравгир, балки бинобар хусусият ё таркиби молу мулки ба гарав гузошташуда ба миён омадааст, хабар ёбад,  ӯ дар ин бора ба гаравгир бетаъхир хабар медиҳад ва ҳифзи онро талаб мекунад.

Моддаи 30. Ҷавобгарии гаравгир ҳангоми гум ё вайрон кардани гарави додашуда
Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, гаравгир ҳангоми гарави додашуда барои гум ё вайрон шудани молу мулки ба гарав гузошташуда дар назди гаравдеҳ ҷавобгар аст, агар исбот накунад, ки ин ҳолат на бо гуноҳи ӯ ба амал омадааст. Андозаи товони зарари аз ҷониби гаравгир пардохтшаванда бо роҳи ҳисоб кардани маблағе, ки мутаносибан ба он арзиши бозории молу мулки ба гарав гузошташуда дар муқоиса бо арзиши пулии молу мулки ба гарав гузошташуда, ки тарафҳо ҳангоми супурдани молу мулки ба гарав гузошташуда мувофиқа кардаанд, кам шудааст,  муайян карда мешавад. Дар сурати набудани чунин мувофиқаи тарафҳо, арзиши бозории молу мулки ба гарав гузошташуда бо арзиши бозорӣ дар лаҳзаи гарави додашуда муқоиса карда мешавад.

Моддаи 31. Ба гарав мондани ашё дар гаравхона (ломбард)
1. Гарави ашё дар гаравхона (ломбард) мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» амалӣ карда мешавад.
2. Нисбат ба гаравхонаҳо (ломбардҳо) муқаррароти боби 4 Қонуни мазкур  татбиқ намешаванд.

Моддаи 32. Гарави воситаҳои пулӣ
1. Гарави воситаҳои пулӣ метавонад танҳо бо роҳи ба соҳибияти гаравгир додани онҳо амалӣ карда шавад. Пули нақде, ки гаравдеҳ ба шахси ташкилоти қарзӣ набуда медиҳад, аз ҷониби гаравгир дар суратҳисоби амонатии бонк ё идораи нотариалӣ нигоҳ дошта мешавад. Фоизҳои ба ин маблағ ҳисобшуда ба гаравдеҳ тааллуқ доранд.
2. Ташкилоти қарзии дорои суратҳисоби муштарӣ ҳуқуқ дорад бо мувофиқаи тарафҳо аз ин муштарӣ воситаҳои пулии дар суратҳисоби ӯ бударо барои таъмини қарзҳои ташкилоти қарзӣ ба муштарӣ (гаравдеҳ) ё шахси сеюм, ба сифати гарав гирад. Ин гуна гарав гарави додашуда ҳисоб меёбад.
3. Маблағҳои муштарии ташкилоти қарзӣ (гаравдеҳ), ки дар суратҳисоби муштарӣ дар ташкилоти қарзӣ мебошанд, бо мувофиқаи тарафҳо ба сифати мавзӯи гарав (гарави додашуда)  дар назди шахси сеюм (гаравгир) баромад карда метавонанд.
4. Маблағҳое, ки мавзӯи гарав мебошанд, бе розигии гаравгир аз суратҳисоби муштарӣ дар ташкилоти қарзӣ (гаравдеҳ) пардохт карда шуда наметавонанд, агар гаравдеҳ ва гаравгир ба ташкилоти қарзӣ дар хусуси гарави маблағҳо дар суратҳисоби муштарӣ дар ташкилоти қарзӣ дар шакли хаттӣ хабар дода бошанд ва тасдиқномаи хаттии ташкилоти қарзӣ мавҷуд бошад.

Моддаи 33. Мавзӯи гарав бо мондани ашёи ба гарав гузошташуда дар ихтиёри гаравдеҳ
1. Молу мулки манқул ва ашёи аз муомилоти гражданӣ  гирифтанашуда бо созиши тарафҳо метавонанд мавзӯи гарав бо мондани ашёи ба гарав гузошташуда дар ихтиёри гаравдеҳ бошанд.
2. Самараҳои ҷудошаванда метавонанд танҳо ба шарте мавзӯи гарави дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида бошанд, агар онҳо аз лаҳзаи ҷудошавӣ объекти ҳуқуқи шахси сеюм нашаванд.

Моддаи 34. Ҳуқуқи гаравгир ҳангоми гарави ашё бо мондани он дар ихтиёри гаравдеҳ
1. Агар мавзӯи гарав дар ихтиёри гаравдеҳ бошад, гаравгир, агар дар шартномаи гарав тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқ дорад:
- ба молу мулк, инчунин ба ҳар як ҳуҷҷати мавҷудаи он, ки барои санҷиши андоза, ҳолат ва шароити нигоҳдорӣ ё истифодаи молу мулки ба гарав гузошташуда зарур аст, дастрасии воқеӣ пайдо намояд;
- қатъ кардани ҳама гуна қасдро ба мавзӯи гарав, ки таҳдиди нобудкунӣ, харобкунӣ ё камкунии арзиши онро дорад, талаб намояд;
- ба таври асоснок андешидани чораҳои ба ҳифзи мавзӯи гарав равонагардидаро аз гаравдеҳ талаб намояд;
- дар сурати харобшавии молу мулки гарав на бо гуноҳи гаравгир, барқарор ё иваз намудани молу мулки ба гарав гузошташуда ё пеш аз муҳлат пардохт намудани қарзро (қисми дахлдори қарзро), сарфи назар аз муҳлатҳои мувофиқашудаи пардохт, талаб намояд;
- ҳуқуқҳои дигари пешниҳоднамудаи шартномаи гаравро, ки ба Қонуни мазкур  мухолифат намекунанд, амалӣ намояд.
2. Дар сурати аз ҷониби гаравдеҳ рад кардани иҷрои талаби гаравгир оид ба иваз намудани молу мулки ба гарав гузошташуда мутобиқи сархати чоруми қисми 1  моддаи мазкур, гаравгир метавонад пеш аз муҳлат иҷро кардани уҳдадории таъминшударо талаб кунад ва аз ҳисоби  молу мулки ба гарав гузошташуда пардохт рӯёнад.

Моддаи 35. Ҳуқуқу уҳдадориҳои гаравдеҳ ҳангоми ба гарав гузоштани ашё бо мондани он дар ихтиёри гаравдеҳ
1. Агар дар шартномаи гарав тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, гаравдеҳ ҳангоми ба гарав гузоштани ашё бо мондани он дар ихтиёри гаравдеҳ ҳуқуқ дорад:
- мавзӯи гаравро мувофиқи хусусият ва таъйиноташ соҳибӣ ва истифода намояд;
- ҳуқуқҳои дигари пешниҳоднамудаи шартномаи гаравро амалӣ намояд.
2. Гаравдеҳ ҳангоми гарави ашё бо мондани он дар ихтиёри ӯ, агар дар шартномаи гарав тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, уҳдадор аст:
- барои беосеб нигоҳ доштани мавзӯи гарав, аз ҷумла ба ҷо овардани таъмири асосӣ ва ҷорӣ мувофиқи шартнома тамоми чораҳои заруриро андешад;
- аз ҳисоби худ мавзӯи гарави дар ихтиёраш мондаро дар ҳаҷми пурра суғурта намояд;
- дар сурати нобуд шудани мавзӯи гарав, бо розигии тарафҳо онро барқарор кунад ё бо ашёи ҳамарзиши бо нархи бозории на камтар аз арзиши  мавзӯи гарави гумшуда иваз намояд ё қарзро (як қисми дахлдори қарзро), сарфи назар аз муҳлатҳои пардохти мувофиқакардаи тарафҳо, пардохт намояд;
- гаравгирро дар бораи ба иҷора додани мавзӯи гарав огоҳ намояд;
- ба гаравгир имконияти дастрасии воқеии молу мулк, инчунин ҳар як ҳуҷҷати мавҷудаи он, ки барои санҷиши андоза, ҳолат ва шароити нигоҳдорӣ ё истифодаи молу мулки ба гарав гузошташуда зарур аст, пешниҳод намояд.

Моддаи 36. Гарави молҳои дар муомилотбуда
1. Молҳои дар муомилотбуда захираҳои молию моддӣ, ашёи хом, маҳсулоти нимтайёр ва тайёре ҳисобида мешаванд, ки метавонанд дар давоми вақт истифода ва пурра карда шаванд. Мутобиқи моддаи мазкур чунин молҳое метавонанд ба гарав монда шаванд, ки  ба  онҳо  тавсифи умумӣ додан мумкин аст ва  аз рӯи он  муқаррар кардани мол имконпазир  мебошад. Шартномаи гарави молҳои дар муомилотбуда бояд навъи моли гаравро муайян, хусусиятҳои ба он хос, арзиши умумӣ ва маҳали ҷойгиршавиро тавсиф намуда,  ҳамин тариқ ҳар молеро тавсиф кунад, ки онро барои иваз намудани молу мулки ба гарав гузошташуда истифода кардан мумкин аст.
2. Ҳангоми ба гарав гузоштани молҳои дар муомилотбуда мавзӯи гарав молҳои арзишашон муайяне мебошанд, ки аз рӯи миқдори воҳидҳо, андоза ва ё ҳаҷми мол муайян карда мешаванд. Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, гаравдеҳ ҳуқуқ дорад мавзӯи гаравро тавре иваз намояд, ки арзиши умумии мол назар ба арзиши дар шартномаи гарав зикргардида камтар набошад ва мавзӯи гаравро бе розигии гаравгир бегона намояд. То вақти пурра кардани мавзӯи гарав, ки ба сифати он молҳои дар муомилотбуда баромад мекунанд, воситаҳои пулии аз фурӯши онҳо бадастомада ба сифати мавзӯи гарав баромад мекунанд.Тарафҳо камшавии арзиши умумии гарави молҳои дар муомилотбударо ба андозаи баробар ба қисми иҷрошудаи уҳдадории бо ҳамин гарав таъминшуда пешбинӣ карда метавонанд.
3. Гарави молҳои дар муомилотбуда ҳамчун гарави гузоштани молҳо дар ихтиёри гаравдеҳ эътироф карда мешавад. Ҳангоми гарави молҳои дар муомилот ва коркардбуда гаравдеҳ ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории мавзӯи гаравро бо риояи қоидаҳои дахлдори боби мазкур нигоҳ медорад.
4. Молҳои дар муомилотбудае, ки гаравдеҳ мутобиқи шартҳои шартномаи гарави молҳои дар муомилотбуда харидааст, аз лаҳзаи ба ихтиёри гаравдеҳ бо ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ гузаштани онҳо мавзӯи гарав мешаванд. Молҳои дар муомилотбуда аз лаҳзаи ба моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии харидор гузаштанашон  мавзӯи гарав шуда наметавонанд.
5. Аз лаҳзаи аз тарафи гаравгир ба гаравдеҳ супурдани огоҳинома дар бораи рӯёнидан мутобиқи боби 4 Қонуни мазкур ба гаравдеҳ ихтиёрдории ҳар моли дар муомилотбуда манъ карда мешавад.

Моддаи 37. Гарави ҳуқуқ
1. Дар сурате, ки мавзӯи гарав қарзи пулии ба гаравдеҳ тааллуқдошта бошад, гаравдеҳ ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои огоҳ намудани қарздори худ дар хусуси он, ки қарзи ӯ ба гарав монда шудааст, уҳдадор нест. Қарздоре, ки қарзи ӯ ба гарав монда шудааст, онро бо роҳи пардохтҳо ба гаравгир ё ба шахсе, ки ӯро гаравдеҳ таъин мекунад, иҷро карда метавонад, агар гаравдеҳ ё гаравгир қарздорро дар бораи мавҷуд будани гарав огоҳ насозанд. Баъди ба қарздор супурдани ин гуна огоҳинома гаравгир метавонад қарзҳоро дар бобати қарзи ба гарав мондашудаи ба гаравдеҳ тааллуқдошта бевосита пайгирӣ намояд ва қарзи ба гарав мондашуда метавонад танҳо бо роҳи пардохти он ба гаравгир ё ба шахсе, ки гаравгир ӯро таъйин кардааст, иҷро карда шавад.
2. Агар мавзӯи гарав уҳдадории шартномавии шахси сеюм дар назди гаравдеҳ бошад, ки қарзи пулӣ нест, ин гуна уҳдадории шартномавиро тарафи уҳдадоршаванда тибқи созиш бо гаравдеҳ қонеъ мегардонад.  Дар ин ҳолат, талаботи гаравгир баъди ба соҳибии  гаравдеҳ гузаштани ҳама гуна арзиш мутобиқи шартнома метавонад қонеъ карда шаванд.
3. Талаботи гаравгир танҳо баъди он, ки нусхаи огоҳиномаро дар бораи маҷбуран ситонидан ба тарафи уҳдадоршаванда мефиристад ва  дар он ишора мекунад, ки ӯ мутобиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи худро оид ба маҷбуран рӯёнидани уҳдадории шартномавии тарафи  уҳдадоршаванда дар назди гаравдеҳ ба амал мебарорад, метавонад бевосита аз тарафи уҳдадоршаванда мутобиқи уҳдадории шартномавӣ қонеъ гардонда шаванд.
4. Дар шартномаи гарави ҳуқуқе, ки арзиши пулӣ надорад, арзиши мавзӯи гарав бо мувофиқаи тарафҳо муайян карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
5. Агар қарздори гаравдеҳ то аз тарафи гаравдеҳ иҷро гардидани уҳдадории бо гарав таъминшуда уҳдадории худро иҷро карда бошад, тамоми даромадҳои дар ин маврид бадастовардаи гаравдеҳ мавзӯи гарав мегарданд ва гаравдеҳ уҳдадор аст дар ин бора фавран гаравгирро огоҳ созад.
6. Дар сурати аз қарздори худ гирифтани маблағ ҷиҳати иҷрои уҳдадорӣ гаравдеҳ уҳдадор аст бо талаби гаравгир маблағи дахлдорро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои бо гарав таъминшуда интиқол диҳад, агар дар шартномаи гарав тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи  38. Уҳдадориҳои гаравдеҳ ҳангоми гарави ҳуқуқ
Агар дар шартномаи гарав тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, гаравдеҳ ҳангоми гарави ҳуқуқ уҳдадор аст:
- ҳуқуқи ба гарав гузошташударо ба шахси дигар надиҳад;
- амалиётеро, ки боиси қатъ гардидани ҳуқуқи ба гарав гузошташуда ё камшавии арзиши он мегардад, анҷом надиҳад;
- барои таъмини воқеӣ будани ҳуқуқи ба гарав гузошташуда амалҳои заруриро анҷом диҳад;
- барои ҳифзи ҳуқуқи ба гарав гузошташуда аз қасдҳои шахсони сеюм тамоми чораҳоро андешад;
- ба гаравгир дар бораи тағйирот дар ҳуқуқи ба гарав гузошташуда, дар бораи халалдоркунии он аз тарафи шахсони сеюм ва даъвои шахсони сеюм ба ин ҳуқуқ хабар диҳад.

Моддаи 39. Ҳуқуқи гаравгир ҳангоми гарави ҳуқуқ
Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳангоми гарави ҳуқуқ, гаравгир ҳуқуқ дорад:
- агар гаравдеҳ уҳдадориҳои пешбининамудаи моддаи 38 Қонуни мазкурро риоя накарда бошад,  сарфи назар аз фаро расидани муҳлати иҷрои уҳдадории бо гарав таъминшуда, ба суд бо даъво дар бораи ба ӯ гузарондани ҳуқуқи ба гарав гузошташуда муроҷиат намояд;
- дар сурати аз тарафи гаравдеҳ иҷро нагардидани талаботи пешбининамудаи сархати чоруми моддаи 38 Қонуни мазкур, мустақилона амалҳои ба ҳифзи ҳуқуқи гарав аз вайронкуниҳои шахси сеюм равонагардидаро анҷом диҳад;
- ба парвандае, ки дар он даъво дар бораи ҳуқуқи ба гаравгузошташуда баррасӣ мегардад, ба сифати шахси сеюм дохил шавад.

БОБИ 4. РӮЁНИДАН АЗ ҲИСОБИ МОЛУ МУЛКИ ГАРАВ
Моддаи 40. Асосҳо барои рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав
1. Рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав барои қонеъ намудани талаботи дар Қонуни мазкур зикргардидаи гаравгир (кредитор) метавонад дар сурати уҳдадории бо гарав таъминшударо иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани қарздор амалӣ карда шавад, аз ҷумла:
- риоя накардани тартиб ва муҳлати пардохти фоизҳои муқаррарнамудаи шартнома;
- риоя накардани тартиб ва муҳлати баргардондани маблағи қарзи асосии муқарраркардаи қонун ё шартнома;
- талаботи гаравгирро дар бораи пеш аз муҳлат иҷро кардани уҳдадории бо гарав таъминшуда иҷро накардани қарздор дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 41 Қонуни мазкур;
- дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома.
2. Агар дар Қонуни мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад,  рӯёнидан аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда бо тартиби пешбининамудаи шартномаи гарав ба амал бароварда мешавад. Дар сурати мухолиф будани шартҳои шартномаи гарав ва шартҳои уҳдадории бо гарав таъминшуда дар хусуси талаботе, ки метавонад бо роҳи рӯёнидани пардохт аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда қонеъ карда шавад, бартарӣ ба шартҳои шартномаи гарав дода мешавад.

Моддаи 41. Рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав дар сурати қонеъ накардани талабот оид ба пеш аз муҳлат иҷро намудани уҳдадории бо гарав таъминшуда
Гаравгир ҳуқуқ дорад пеш аз муҳлат иҷро кардани уҳдадории бо гарав таъминшударо талаб намояд, вале агар ин талаб қонеъ гардонда нашавад, дар ҳолатҳои зерин аз ҳисоби мавзӯи гарав рӯёнад:
- қоидаҳои ихтиёрдории мавзӯи гаравро риоя накардани гаравдеҳ ё аз соҳибияти гаравдеҳ баромадани мавзӯи гарав;
- қоидаҳои иваз ё барқарор кардани мавзӯи гаравро риоя накардани гаравдеҳ;
- гум кардани мавзӯи гарав дар ҳолатҳое, ки гаравдеҳ барои онҳо ҷавобгар нест, агар гаравдеҳ аз ҳуқуқи иваз ё барқарор кардани  мавзӯи гарав истифода накарда бошад;
- уҳдадориҳои нигоҳдорӣ ва эҳтиёт намудани мавзӯи гаравро иҷро накардани гаравдеҳ;
- уҳдадориҳои пардохти фоизҳо ё маблағҳои дигари пешбининамудаи уҳдадории бо гарав таъминшударо мунтазам (бештар аз ду маротиба) иҷро накардани қарздор;
- дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун ё шартнома.

Моддаи 42. Тартиби рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав
1. Рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав ба роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- ба соҳибияти гаравгир супоридани молу мулки ба гарав гузошташуда;
- фурӯши мавзӯи гарав;
- тақсимоти маблағҳои аз фурӯш бадастомада тибқи Қонуни мазкур.
2. Супоридани мавзӯи гарав ба соҳибияти гаравгир ба таври ихтиёрӣ бо созиши тарафҳо ва ё ба таври маҷбурӣ дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариуси давлатӣ ё санади судӣ амалӣ карда мешавад.
3. Ба таври маҷбурӣ супоридани мавзӯи гарав ба соҳибияти гаравгир танҳо дар асоси ҳалномаи суд амалӣ карда мешавад, агар:
- барои ба имзо расондани шартномаи гарав розигӣ ё иҷозати шахс  ё мақомоти дигар талаб карда шавад, вале ин гуна розигӣ ё иҷозат гирифта нашуда бошад;
- мавзӯи гарав, молу мулки дорои арзиши зиёди таърихӣ, бадеӣ ё  арзиши дигари  фарҳангӣ  барои ҷомеа  бошад;
- гаравдеҳ ғоиб буда, муқаррар намудани маҳалли ҷойгиршавии ӯ  имконнопазир бошад.
4. Гаравдеҳ метавонад рӯёнидан аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташударо бо роҳи ба гаравгир пардохт намудани ҳамаи маблағи пардохташавандаи мансуб ба уҳдадории бо молу мулки ба гарав гузошташуда таъмингардида, аз ҷумла  хароҷоти марбут ба рӯёнидан пеш аз фурӯши он қатъ намояд.
5. Гаравдеҳ ҳуқуқ дорад ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор  додани рӯёнидани гарав муроҷиат намояд. Пешниҳоди даъво ҷараёни рӯёниданро бознамедорад, вале маблағҳои аз фурӯш бадастомада то қабул шудани ҳалномаи суд бояд ба суратҳисоби  амонатии суд фиристода шаванд. Тақсимоти маблағҳои аз рӯёнидан бадастомада мутобиқи ҳалномаи эътибори  қонунӣ пайдонамудаи суд амалӣ карда мешавад.

Моддаи 43. Ихтиёран супоридани  мавзӯи гарав
1. Мавзӯи гарав метавонад ихтиёран ба гаравгир бо асосҳои зерин супорида шавад:
-  бо шартномаи қаблан басташуда;
- бо созишномаи байни гаравдеҳ ва гаравгир, ки баъд аз ба вуҷуд омадани ҳолатҳои иҷро накардан ё ба таври дахлдор  иҷро накардани уҳдадории бо гарав таъминшуда баста шудааст.
2. Дар созишнома оид ба супоридани мавзӯи гарав бояд маълумоти зерин зикр карда шавад:
- ном (насаб, ном ва номи падар) ва маҳалли ҷойгиршавии (маҳалли зисти) тарафҳо;
- номгӯй, таркиб ва маҳалли ҷойгиршавӣ, инчунин тавсиф барои ҳаммонандсозии кофии мавзӯи гарав;
- маблағе, ки бояд ба гаравгир аз ҳисоби қарздор дар асоси уҳдадории бо гарав ва шартнома таъминшуда пардохт шавад;
- шартҳои дигаре, ки тарафҳо дар созишнома зикр намудани онҳоро зарур мешуморанд.
3. Гаравдеҳ ҳамзамон бо супоридани мавзӯи гарав уҳдадор аст ба гаравгир лавозимоти он, инчунин ҳуҷҷатҳои ба он дахлдоштаро (шиносномаи техникӣ, сертификати сифат ва ҳуҷҷатҳои дигар), ки бо қонун ё санадҳои дигари ҳуқуқӣ, ё шартнома пешбинӣ шудаанд, супорад.

Моддаи 44. Тартиби ба таври маҷбурӣ супоридани мавзӯи гарав
Дар сурати норозӣ будани гаравдеҳ барои ихтиёран супоридани мавзӯи гарав, гаравгир ҳуқуқ дорад молу мулки ба гарав гузошташударо бо асосҳои зерин ба таври маҷбурӣ ба соҳибият гирад:
- навиштаҷоти иҷроияи нотариуси давлатӣ, агар шартнома, ки шартҳои гаравро дар бар мегирад, ба шакли нотариалӣ баста шуда бошад;
- ҳалномаи суд дар ҳолатҳои дар қисми 3 моддаи 42 Қонуни мазкур зикргардида;
- санади дигари судӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 45. Оқибатҳои супоридани мавзӯи гарав ба соҳибияти гаравгир
1. Гаравгир бояд дар муддати 5 рӯзи корӣ пас аз қабул кардани мавзӯи гарав дар бораи ба соҳибият қабул кардани мавзӯи гарав ба таври хаттӣ бо огоҳинома оид ба супоридан ҳамаи кредиторони ба ӯ маълумро, ки талаботи онҳо бо ҳамин молу мулк таъмин гардидаанд, хабардор намояд.
2. Дар давраи дар ихтиёри гаравгир қарор доштани мавзӯи гарав, ӯ уҳдадор аст чораҳои дахлдорро оид ба нигоҳдории он таъмин намояд.  Зимнан хароҷоти дахлдор, аз ҷумла андоз ва ё  боҷи пардохтшуда вобаста ба мавзӯи гарав ба зиммаи қарздор гузошта мешавад ва минбаъд аз ҳисоби маблағҳои аз фурӯш бадастомада, инчунин аз арзиши ҳар шакли суғурта рӯёнида мешавад.
3. Вобаста ба мавзӯи гарави ба соҳибияти гаравгир додашуда гаравдеҳ ва гаравгир ҳамон ҳуқуқ ва уҳдадориҳоеро доро мебошанд, ки ҳангоми гарави додашуда доранд.

БОБИ 5. ФУРӮШИ МОЛУ МУЛКИ БА ГАРАВ ГУЗОШТАШУДА
Моддаи 46. Фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда
1. Гаравгир пас аз қабули молу мулки ба гарав гузошташуда ба соҳибияти худ, ки ба он рӯёниш нигаронида шудааст, ҳуқуқ дорад  мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ба расмиёти фурӯши мавзӯи гарав шурӯъ намояд. Фурӯши мавзӯи гарав оммавӣ ё хусусӣ буда метавонад. Гаравгир уҳдадор аст, ки пеш аз фурӯши мавзӯи гарав баҳодиҳии мустақилонаи  мавзӯи гаравро ба амал барорад.
2. Савдои оммавӣ дар шакли музоядаи кушод ё озмун гузаронда мешавад. Шакли савдо бо шартномае, ки шартҳои гаравро дар бар мегирад ё созишнома дар бораи қонеъ гардондани талаботи гаравгир муайян карда мешавад. Дар сурати ба вуҷуд омадани баҳс, шакли савдо бо санади суд муайян карда мешавад.
3. Гаравгир ҳуқуқ дорад мавзӯи гаравро бо роҳи фурӯхтан, ба иҷора додан (аз ҷумла, хариди минбаъдаи он), идораи ба боварӣ асосёфта ё ба тариқи дигаре, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад, фурӯшад.
4. Гаравгир уҳдадор аст бовиҷдонона барои ба амал баровардани фурӯши мавзӯи таъминот тавре чораҳо андешад, ки онҳо барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ манфиатнок бошанд.
5. Ҳар як шахс, ба истиснои гаравдеҳ ва ҳар як шахси аз номи гаравдеҳ амалкунанда, ки аз байни иштирокчиёни усули оммавии фурӯши мавзӯи гарав мутобиқи моддаи мазкур нархи баландтаринро пешниҳод  менамояд, ғолиб мегардад ва ба ӯ молу мулк бо шартҳои қаблан эълоншуда дода мешавад. Ҳангоми фурӯши хусусии мавзӯи гарав ҳар як  шахс, ба истиснои гаравдеҳ ва ҳар як шахси аз номи гаравдеҳ амалкунанда, чунин молу мулкро бо шартҳои мувофиқашуда ба даст меорад. 
6. Дар қонун ё шартнома тартиби дигари фурӯши мавзӯи гарав муқаррар шуда метавонад.
7. Фурӯши мавзӯи гарав бо роҳи рӯёнидан, бо мақсади  қонеъ гардондани уҳдадории бо гарав таъминшуда, амалиёти тиҷоратӣ намебошад.

Моддаи 47. Ҳуқуқу уҳдадориҳои гаравгир ҳангоми фурӯши мавзӯи гарав
1. Гаравгир молу мулки ба гарав гузошташударо бо роҳи барои ӯ мусоид, тибқи талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта метавонад. Гаравгир барои фурӯш ё ҳалли ҳар як масъалаи ба фурӯш алоқаманд идоракунандаи гаравро, ки аз номи ӯ амал мекунад, таъйин карда метавонад. Гаравгир ҳуқуқ дорад бо розигии гаравгирони қаблӣ ва минбаъда барои ба даст овардани нархи баландтари молу мулки ба гарав гузошташуда фурӯши  мавзӯи гаравро ба муҳлати на бештар аз се моҳ аз лаҳзаи оғози расмиёти рӯёнидан ба таъхир гузорад. Гаравдеҳ ҳуқуқ дорад ба суд бо хоҳиши ба таъхир гузоштани муҳлати гузаронидани савдо мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд. Бо розигии хаттии гаравдеҳ ва тамоми гаравгирон муҳлати фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда метавонад бе муроҷиат ба суд ба таъхир гузошта шавад.
2. Гаравгир молу мулки ба гарав гузошташударо дар савдои хусусӣ харида наметавонад.
3. Гаравгир маблағи аз савдои рӯёнидани пардохтҳо бадастомадаро, ки аз маблағи ба гаравгир додашаванда зиёдтар аст, ба маҳфуздоранда мегузорад. Ин маблағ барои пардохт ба гаравгирони минбаъда истифода шуда, бақияи он бетаъхир ба гаравдеҳ баргардонда мешавад. Маблағҳои сарфкардаи гаравгир барои хароҷоти суд, нигоҳдорӣ, беҳтар кардани молу мулки ба гарав гузошташуда, фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур ба хароҷоти марбут ба рӯёнидан мансубанд ва бояд ба гаравгир пардохт карда шаванд.
4. Ҳангоми фурӯши мавзӯи гарав манфиати тиҷоратӣ дар назар дошта мешавад, агар:
- ҳангоми фурӯш гаравдеҳ усули аз ҷиҳати тиҷоратӣ манфиатнокро истифода намояд;
- аз фурӯши мавзӯи гарав дар вақти дигар ё бо усули дигар назар ба вақт ва усули фурӯши интихобкардаи гаравдеҳ нархи нисбатан фоиданокро ба даст овардан мумкин бошад;
- гаравдеҳ мавзӯи гаравро мутобиқи таҷрибаи тиҷоратии соҳибкороне, ки ба фурӯши чунин намуди молу мулк машғуланд, фурӯшад;
- усули фурӯхтани мавзӯи гарав бо ҳалномаи суд тасдиқ шуда бошад.

Моддаи 48. Уҳдадорӣ дар назди гаравдеҳ, ки аз фурӯши ғайриқонунии мавзӯи гарав бармеояд
1. Агар суд муайян намояд, ки гаравгир молу мулки ба гарав гузошташударо бо сабаби риоя накардани расмиёти муқаррарнамудаи Қонуни мазкур бо нархи беасос паст фурӯхтааст, уҳдадориҳои тарафҳо ба ҳолати аввала баргардонда мешаванд.
2. Агар гаравдеҳ ё гаравгири минбаъда зиёд будани арзиши асосноки бозории молу мулки ба гарав гузошташуда ҳангоми фурӯши он аз арзиши фурӯшӣ ва дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои савдо аз тарафи гаравгири қаблӣ  маҳрум гаштани гаравдеҳ ё гаравгири минбаъдаро аз маблағи фурӯш, ки метавонист боқӣ монад, исбот кунад, гаравдеҳ ва гаравгири минбаъда метавонанд бо дархости ҷуброни зарар аз тарафи гаравгир ба андозаи маблағи гирифтанашуда ба суд муроҷиат намоянд.

Моддаи 49. Оқибатҳое, ки аз ғайриқонунӣ ба соҳибӣ даровардани мавзӯи гарав бармеоянд
Гаравдеҳ метавонад аз гаравгир ҷуброни зарарро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  талаб кунад, агар гаравгир бе доштани ҳуқуқи қонунӣ ё бо роҳи ғайриқонунӣ  молу мулки ба гарав гузошташударо ба соҳибияти худ гирифта бошад.

Моддаи 50. Қатъ кардани фурӯши мавзӯи гарав
1. То лаҳзаи фурӯши мавзӯи гарав дар музояда ё бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур онро харидани гаравгир расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав ва фурӯши он қатъ карда мешавад, агар қарздор ё гаравдеҳ, ки шахси сеюм мебошад, уҳдадории бо гарав таъминшударо пурра ё дар он қисме иҷро намояд, ки иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани он асос барои рӯёнидан бо роҳи пардохти маблағ бо талаби гаравгир дар ҳаҷме, ки ин талабот дар лаҳзаи пардохти маблағи дахлдор ҷой дошта бошад ва ба гаравгир маблағи хароҷоти судӣ ва  хароҷоти дигареро, ки бо сабаби рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав ва фурӯши он ба миён омадаанд, ҷуброн намояд. Созишномае, ки ҳуқуқи дар қисми мазкур нишондодашударо маҳдуд месозад, эътибор надорад.
2. Баъди гирифтани маблағи дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида гаравгир уҳдадор аст, ки дар муҳлати 5 рӯзи корӣ огоҳиномаро дар бораи қатъ кардани расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав ва фурӯши он тартиб диҳад, ки он ба гаравдеҳ, қарздор, гаравгири  қаблӣ ва минбаъда фиристонида мешавад.
3. Огоҳинома дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад ва бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- ном (насаб, ном ва номи падар) ва маҳалли ҷойгиршавии (маҳалли зисти) қарздор;
- ном (насаб, ном ва номи падар) ва маҳалли ҷойгиршавии (маҳалли зисти) гаравгир;
- ишора дар хусуси қатъ гардидани расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав ва фурӯши он;
- агар гарав ба қайд гирифта шуда бошад, рақами бақайдгирӣ, сана ва вақти бақайдгирӣ дар мақоми бақайдгиранда;
- маълумоти дигар, ки ба андешаи гаравгир зарур мебошад;
- санаи огоҳинома ва имзои гаравгир.
Моддаи 51. Асосҳо барои қатъ кардани гарав
Гарав пурра ё қисман бо асосҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ё шартномаи гарав қатъ карда мешавад.

БОБИ 6. НАВБАТИ  ҚОНЕЪГАРДОНИИ  ТАЛАБОТИ  КРЕДИТОРОН  АЗ  ҲАМОН  ЯК  МОЛУ  МУЛК
Моддаи 52.  Муайян намудани навбати кредиторон
1. Навбати қонеъгардонии талаботи кредиторон аз худи ҳамон як молу мулк бо санаи бақайдгирии огоҳиномаи гарави дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ва дар сурати набудани чунин бақайдгирӣ бо санаи баста шудани шартномаи дахлдор муқаррар карда мешавад.
2. Дар сурати  мавҷуд  будани талаботи якчанд  кредиторон нисбат  ба  ҳамон як молу мулк, афзалият дар навбат ба гарави бақайдгирифташуда дода мешавад. Дар сурати мавҷуд будани якчанд огоҳиномаи гарави бақайдгирифташуда вобаста ба ҳамон як молу мулк, афзалият аз рӯи санаи бақайдгирӣ муайян карда мешавад.
3. Дар сурати  мавҷуд будани якчанд кредиторон нисбат ба ҳамон як молу мулк бо огоҳиномаи гарави бақайдгирифташуда ва ба қайд гирифта нашуда, афзалият дар навбат ба гарави ба қайд гирифта шуда дода мешавад ва баъди он навбати гаравҳои бақайдгирифтанашуда бо санаи баста шудани шартномаи дахлдор муайян карда мешавад.
4. Агар огоҳиномаи гарав пеш аз моли омехта ҳисобида шудани  молу мулк ба қайд гирифта шуда бошад, амали ин огоҳинома ба ҳамин  мол татбиқ мегардад. Навбат нисбат ба моли омехта бо санаи бақайдгирӣ муайян  карда  мешавад.
5. Агар огоҳиномаи гарав қабл аз маҳсулоти тайёр ҳисобида шудани  молу мулк ба қайд гирифта шуда бошад, амали ин огоҳинома нисбат ба ҳамин маҳсулот татбиқ мегардад. Навбати гаравҳои бақайдгирифташуда дар асоси таносуби нархи молу мулки дахлдор ба арзиши  маҳсулоти тайёр муайян карда мешавад.
6. Талаботи кредиторон нисбат ба молу мулки манқули пайвастшуда боқӣ мемонад. Агар огоҳиномаи гарав то лаҳзаи пайвастшавии молу мулк ба қайд гирифта шуда бошад, бақайдгирӣ баъд аз пайвастшавӣ  амал  мекунад.
7. Кредиторе, ки мутобиқи моддаи мазкур дар навбат афзалият дорад, кредитори ибтидоӣ эътироф карда мешавад. Кредиторони дигар минбаъда маҳсуб меёбанд.
8. Дар сурати мутобиқат накардани тавсифи молу мулки манқул дар шартномаи гарав ва огоҳиномаи гаравии бақайдгирифташуда, талаботи кредиторон бо навбати барои гаравҳои бақайдгирифташуда пешбинигардида аз ҳисоби ҳамон молу мулке, ки ҳамзамон дар шартнома ва огоҳиномаи гарав зикр ёфтааст, қонеъ гардонда мешаванд, қисми боқимондаи талаб бошад, бо навбате, ки барои гаравҳои бақайдгирифтанашуда пешбинӣ гардидааст, қонеъ гардонда  мешавад.
9. Муқаррароти ҳамин модда нисбат ба ҳолатҳои пешбининамудаи  моддаи 53 Қонуни  мазкур  татбиқ намегардад.

Моддаи  53. Талаботи махсуси кредиторони дигар
Талаботи зерини кредиторон бо тартиби ғайринавбатӣ қонеъ карда мешаванд:
- талабот оид ба пардохти ашё ё ҷуброни хароҷоти вобаста ба он ва зарари дигари бо нигоҳдории чунин ашё таъминшуда ба кредитор аз ҳисоби арзиши он бо афзалият нисбат ба ҳамаи талаботи боқимонда;
- талаботи бо молу мулки қарздор таъминшуда, ки аз кредитор ё аз ҳисоби маблағгузории ӯ (аз ҷумла шартномаи иҷора (лизинг), кредит, қарз, фурӯши мол бо нигоҳдории ҳуқуқи моликият нисбат ба мол барои фурӯшанда то фурӯши он, хариду фурӯши молҳо бо мавқуф гузоштани пардохт ё пардохти  бомуҳлат ва шартномаҳои дигар дар хусуси аз ҷониби кредитор ба қарздор пешниҳод кардани молу мулки муайян ё воситаҳо барои ба даст овардани онҳо) гирифта шудааст, аз ҳисоби ҳамин молу мулк бо афзалият нисбат ба талаботи дигар пардохта мешавад, агар огоҳиномаи гарав оид ба ҳуқуқи дахлдори кредитор дар Феҳристи ягонаи давлатӣ на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ пас аз супоридани молу мулки мазкур ба соҳибияти қарздор ба қайд гирифта шуда бошад. Зимнан талаботи фурӯшанда ё иҷорадиҳандаи молу мулки мазкур дар назди ҳамаи талаботи боқимонда афзалият доранд;
- талаботи бо молу мулк таъминшудае, ки аз ҳисоби маблағҳо ё молу мулки пешниҳоднамудаи кредитор ба вуҷуд омадаанд, аз ҳисоби ҳамин молу мулк бо бартарӣ  нисбат ба талаботи дигар;
- талабот оид ба пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет пас аз қонеъ гардонидани талаботи кредиторони ибтидоӣ, ки то бақайдгирии огоҳиномаи гарав оид ба пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет пешниҳод шудаанд;
- талабот оид ба иҷрои ҳалномаи суд пас аз қонеъгардонии талаботи кредиторони ибтидоӣ, ки то бақайдгирии огоҳиномаи гарав оид ба иҷрои ҳалномаи суд пешниҳод шудаанд.

Моддаи 54. Талаботи кормандон
1. Талаботи кормандони гаравдеҳ дар бораи пардохти музди меҳнат дар доираи маблағи музди меҳнати семоҳаи воқеан пардохтнашуда дар навбати қонеъгардонии талабот аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур бартарӣ доранд.
2. Муқаррароти қисми 1 ҳамин модда дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 53 Қонуни мазкур татбиқ карда намешаванд.
 
Моддаи 55. Афзалият вобаста ба молу мулки манқули ба молу мулки ғайриманқул пайвастшуда
1. Агар молу мулки манқули ба сифати таъминот истифодашаванда  ба молу мулки ғайриманқул бо имконияти ҷудо кардани он бе расондани зарари ҷиддӣ пайваст шуда бошад, навбати қонеъгардонии талаботи пешбининамудаи Қонуни мазкур нигоҳ дошта мешавад.
2. Агар молу мулки манқул ба молу мулки ғайриманқул пайваст шуда бошад ва ҷудо кардани он бе расондани зарари ҷиддӣ ба молу мулки  ғайриманқул ғайриимкон бошад, кредитор ҳуқуқ дорад иҷрои пеш аз  муҳлати уҳдадориҳо ва ё иваз намудани мавзӯи гаравро талаб намояд.
3. Ҳангоми пайвастшавии молу мулки манқул ба молу мулки манқули дигар, муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур татбиқ мегарданд.

Моддаи 56. Тартиби  қонеъгардонии  талаботи  кредиторон
1. Талаботи кредитори минбаъда аз ҳисоби арзиши молу мулки манқул пас аз қонеъ гардондани талаботи кредитори ибтидоӣ қонеъ гардонда мешаванд.
2. Навбати қонеъ гардондани талабот мутобиқи Қонуни мазкур метавонад бо созишномаи хаттии кредиторон ба шарте тағйир дода шавад, ки тағйироти мазкур ҳуқуқи  кредиторони дигарро халалдор накунад.
3. Дар сурати  бо талаби  кредитори минбаъда рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби молу мулк, талаботи кредитори минбаъда пас аз қонеъ гардондани талаботи арзшудаи кредиторони  қаблӣ қонеъ гардонда мешаванд, гарчанде  муҳлати қонеъгардонии онҳо нарасида бошад.
4. Дар сурати рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби молу мулк бо талаби кредитори ибтидоӣ, рӯёнидани яквақтаи пардохтҳо аз ҳисоби ин молу мулк бо талаботи кредиторони минбаъда, ки муҳлати пешниҳоди рӯёнидани онҳо нарасидааст, иҷозат дода мешавад.
5. Кредитори минбаъда, ки молу мулк дар соҳибии ӯ мебошад, уҳдадор аст:
- кредиторони  қаблиро дар бораи ниятҳои худ оид ба фурӯхтани молу мулк хабардор намояд;
- бо дархости кредитори ибтидоӣ молу мулкро ба соҳибии ӯ супорад.
6. Агар ин талабот иҷро нашуда бошад, кредитори минбаъда, ки молу мулкро мефурӯшад, дар назди кредиторони ибтидоӣ масъулияти молумулкӣ  дорад.
7. Дар ҳолати рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби молу мулк, талаботи кредитори минбаъда пас аз талаботи худро қонеъ гардондани кредитори ибтидоӣ аз ҳисоби арзиши молу мулк қонеъ гардонда мешаванд.
8. Навбати қонеъ гардондани талаботи муқаррарнамудаи гарави ибтидоӣ нисбат ба даромад пас аз 30 рӯзи тақвимӣ баъди аз ҷониби гаравдеҳ ба даст овардани даромад, ба истиснои  ҳолатҳое, ки даромад дар шакли пулӣ ба даст омада метавонад, бо тавсифи гарав дар огоҳиномаи гарави  бақайдгирифташуда мушаххас гардонда ё пӯшонида шавад, ба анҷом мерасад.
9. Навбати қонеъ гардондани талабот нисбат ба даромад, ки бо гарави ибтидоӣ муайян шудааст, пас аз 30 рӯзи тақвимӣ баъди аз ҷониби гаравдеҳ гирифтани ҳосил ё маҳсулот ба анҷом мерасад, ба истиснои  ҳолатҳое, ки даромади дар шакли пулӣ бадастомада, метавонад бо тавсифи гарав, ки дар огоҳиномаи гарави  бақайдгирифташуда зикр гардидааст, мушаххас гардонда ё пӯшонида шавад.
10. Агар  кредитор аз рӯи талаботи ибтидоӣ ва минбаъда ҳамон як шахс бошад, муқаррароти моддаи мазкур ба ӯ татбиқ намегарданд. Дар ин ҳолат, агар дар қонун ё созишномаи тарафҳо тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, талаботи бо ҳар яке аз молу мулк таъминшуда бо навбат мутобиқи муҳлатҳои дахлдори иҷрои уҳдадориҳои дахлдор қонеъ гардонда мешаванд.
11. Агар маблағи аз фурӯши молу мулк бадастомада, ки мутобиқи Қонуни мазкур ба амал бароварда мешавад,  барои пардохти талаби ҷиҳати қонеъгардонӣ пешниҳодшуда нокифоя бошад, маблағи боқимонда аз ҳисоби молу мулки дигари қарздор  бо тартиби умумӣ бе афзалият, ки ба огоҳиномаи гаравии бақайдгирифташуда асос ёфтааст, пардохт карда мешавад.

Моддаи 57. Озод намудани молу мулк аз таъминот ҳангоми гузаштани  ҳуқуқи моликият
Шахс молу мулки аз таъминот озодро дар ҳолатҳои зерин ба даст  меорад, агар:
- шартномаи дорои шартҳои таъминот ё иловаи ба он воридшуда ҳуқуқи моликияти ба молу мулки аз таъминот озодро  иҷозат диҳад;
- таъминот аз  молҳои дар муомилотбуда иборат бошад;
- фаъолияти қарздор савдои чакана бошад, шахси сеюме, ки ин гуна молу мулкро дар натиҷаи аҳди муқаррарии чакана мехарад, онро аз таъминот озод харидорӣ мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки то лаҳзаи фурӯш харидор дар хусуси ҳуқуқи кредитор оид ба рӯёнидан аз ҳисоби  ҳамин мол тариқи хаттӣ огоҳ  шуда бошад.

Моддаи 58. Талаб кардани (виндикатсияи) молу мулк
1. Дар ҳолати ба таъминот супоридани молу мулк аз ҷониби шахсе, ки ин ҳуқуқро надошт, чунин таъминот нисбат ба ҳамин молу мулк:
- қатъ мегардад, агар кредитор медонист ё мебоист донад, ки таъминот аз ҷониби шахси ваколатдорнашуда пешниҳод шудааст. Дар баробари ин, кредитор пас аз эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи суд оид ба гирифтани чунин молу мулк ҳуқуқи талаб кардани иҷрои пеш аз муҳлати   уҳдадориҳо  ва ё  иваз кардани  мавзӯи таъминотро дорад;
- то иҷрои уҳдадории таъминшуда нигоҳ дошта мешавад, агар кредитор намедонист ё намебоист донад, ки молу мулк аз ҷониби шахси ваколатдорнашуда (кредитори бовиҷдон) пешниҳод шудааст. Дар ин маврид молик дар назди кредитор танҳо бо молу мулки зикршуда ҷавобгар мебошад.
2. Дар Феҳристи ягонаи давлатӣ мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҳуқуқи шахси дигар ба молу мулк барои бовиҷдон эътироф кардани кредитор кофӣ дониста мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин молу мулкро молик ё шахсе, ки молик барои соҳибӣ додааст, гум карда бошад ё аз яке аз онҳо дуздида шуда бошад ё бо усули дигари  ба иродаи онҳо новобаста аз соҳибиашон баромада бошад.

БОБИ 7. КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚИ ТАРАФҲО ҲАНГОМИ ГАРАВ
Моддаи 59. Ҳифзи манфиатҳои гаравгир ва гаравдеҳ ҳангоми бо асосҳои пешбининамудаи қонун қатъ гардидани ҳуқуқи онҳо ба молу мулки ба гарав гузошташуда
1. Дар сурати аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани санадҳои қонунгузорие, ки ҳуқуқи гаравро қатъ менамоянд, зараре, ки дар натиҷаи қабули ин санадҳо ба гаравгир расонда шудааст, дар ҳаҷми пурра аз Буҷети давлатӣ ҷуброн карда мешавад.
2. Дар сурати қатъ гардидани ҳуқуқи моликият ба молу мулки ба гарав гузошташуда ё қатъ гардидани ҳуқуқи ба гарав гузошташуда дар робита бо қарори мақоми давлатӣ, ки бевосита ба гирифтани молу мулки ба гарав гузошташуда ё ҳуқуқи ба гарав гузошташуда равона нагардидааст, зараре, ки дар натиҷаи ин қарор ба гаравгир расонда шудааст, аз тарафи ин мақоми давлатӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки дар ихтиёри он мебошанд ва дар сурати норасоии ин маблағҳо, аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад. Баҳсҳо оид ба ҷуброни зарар аз ҷониби суд ҳал карда мешаванд.
3. Дар сурати андешидани чораҳои маҷбуран гирифтани молу мулк ё ҳуқуқи ба гарав гузошташуда (милликунонӣ, реквизитсия, инчунин чораҳои дигари оқибаташон монанд) давлат зарареро, ки дар натиҷаи ин чораҳо ба гаравгир расонда шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамояд.

Моддаи 60. Беэътибории санадҳое, ки ҳуқуқи гаравро вайрон мекунанд
1. Агар дар натиҷаи аз тарафи мақомоти давлатӣ қабул гардидани санади дорои хусусияти ғайримеъёрие, ки ба қонунгузорӣ мутобиқат намекунад, ҳуқуқи гаравгир вайрон карда шавад, чунин санад бо аризаи гаравгир аз ҷониби суд беэътибор дониста мешавад.
2. Оқибатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур ҳамчунин дар ҳолати маҳрум сохтани гаравдеҳ аз ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии мавзӯи гарав фаро мерасанд.
3. Зараре, ки ба гаравгир дар натиҷаи қабули санадҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида расонида шудааст, бояд дар ҳаҷми пурра аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ ҷуброн карда шавад.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 61. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 62. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 «Дар бораи гарави молу мулки манқул» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №3, мод.133; с.2014, №7, қ.2, мод.414, №11, мод.664)  аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 63. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад, ба истиснои муқаррароти пешбининамудаи боби 2, ки пас аз як соли мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур эътибор пайдо мекунад.
                                                                                                                 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ   РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1576


Қарори  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои  таъминшуда»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои  таъминшуда» қабул карда шавад.
2.Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2005, №1303 «Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №1, мод.19; с.2014, №6, мод.306, №8-10, мод. 552) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           Ш.ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2018, № 1185


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,   25 декабри соли 2018, № 605


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 1454
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед