қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲУНАРҲОИ БАДЕИИ ХАЛҚӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 466; с. 2013, №7, мод. 534) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз сархати панҷуми моддаи 1 калимаи «қаламрави» хориҷ карда шавад.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар қисми якуми моддаи 3 калимаҳои «ҳуқуқии ҳама гуна шаклҳои ташкилӣ - ҳуқуқие» ба калимаҳои «ҳуқуқӣ, новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми якуми моддаи 4 калимаҳои «сурат мегирад» ба калимаҳои «амалӣ мегардад» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 7 баъд аз калимаҳои «фаъолияти эҷодӣ,» калимаҳои «эҳё, нигоҳдорӣ,» илова ва калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
6. Моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 11. Ҳуқуқҳои устои ҳунарҳои бадеии халқӣ
Устои ҳунарҳои бадеии халқӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф;
- ташкил намудани намоиш ё шаклҳои дигари намоиши оммавии натиҷаи фаъолияти эҷодии худ;
- гирифтани мукофот барои истифодаи оммавии натиҷаҳои фаъолияти эҷодии худ;
- тайёр ва дастрас кардани намудҳои зарурии ашёи хом ва мавод;
- доштани иҷозат барои истифодаи фондҳои фарҳангӣ;
- машғул шудан ба фаъолияти таълимӣ мутобиқи шакли ҳунарҳои бадеӣ, новобаста ба таҳсилот;
- ба фурӯш гузоштан ва ба соҳибияти каси дигар додани эҷодиёти муаллифии худ;
- ҳимояи шаъну шараф ва эътибори касбӣ;
- ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.».
7. Дар матни моддаи 14 калимаҳои «зайл», «ошно», «дахлдор, дар» ва «масхусгардонишуда», мувофиқан ба калимаҳои «зерин», «шинос», «дахлдор» ва «махсусгардондашуда» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми сеюми моддаи 15 калимаҳои «махсусгардонишуда» ва «лабораторияҳои илмӣ - тадқиқотӣ» мувофиқан ба калимаҳои «махсусгардондашуда» ва «озмоишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ» иваз карда шаванд.
9. Матни моддаи 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Бо мақсади ҳавасмандгардонии рушд ва тарғиби дастовардҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ мунтазам намоишҳои молу маҳсулоти соҳаи мазкур баргузор карда мешаванд.».
10. Моддаи 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1570
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2018, № 1171
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 599
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.01.2019 №: 5-7 Мутолиа карданд: 1104