қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИХТИРОЪ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 «Дар бораи ихтироъ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 49; с. 2012, №7, мод. 707; с. 2013, №3, мод.199; с. 2016, №11, мод. 888) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима, қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 11, сархати якуми қисми якуми моддаи 30, қисми якуми моддаи 31 ва қисми сеюми моддаи 34 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
2. Дар сархати ҳаштуми моддаи 1, ном ва матни моддаи 18 калимаҳои «Созишномаи» ва «созишномавӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Конвенсияи» ва «конвенсионӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 9 ва қисми якуми моддаи 35 калимаи «арзнома» ба калимаи «ариза» иваз карда шавад.
4. Дар сархати якуми қисми дуюм ва қисми сеюми моддаи 12 ва сархати якуми қисми якуми моддаи 14 калимаҳои «арзнома» ва «Арзнома» мувофиқан ба калимаҳои «дархост» ва «Дархост» иваз карда шаванд.
5. Дар ҷумлаҳои дуюм ва сеюми қисми даҳуми моддаи 21 калимаи «шаш» мувофиқан ба калимаҳои «се» ва «як» иваз карда шавад.
6. Қисми сеюми моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Идораи патентӣ пас аз ба қайд гирифтани ихтироъ дар Феҳристи давлатӣ маълумотро дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатии додашуда дар хабарномаи расмӣ бетаъхир нашр мекунад.».
7. Ба моддаи 25 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷ барои бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз ҷониби аризадиҳанда дар давоми ду моҳ аз санаи гирифтани қарор оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ё дар давоми се моҳ аз санаи баанҷомрасии мӯҳлати мазкур дар ҳолати пардохти боҷи иловагӣ пешниҳод карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1568
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2018, № 1167
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 597
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.01.2019 №: 5-7 Мутолиа карданд: 1092