ҳуқуқ
ҲИФЗИ САРҲАД. ҲАМКОРИИ МАҚОМОТ БО АҲОЛӢ НАТИҶА МЕДИҲАД
Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Панҷи вилояти Хатлон дар ҳифзи сарҳади давлатӣ роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Аз ҷумла, ҷиҳати амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳиву зиракии сокинони наздисарҳадӣ гурӯҳи корие дар ҳайати собиқадорон ва афсарони касбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба ин минтақаҳо сафар намуда, бо мардум суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд.
Бар пояи иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, дар суҳбат бо сокинон таъкид шудааст, ки садди аввали мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир маҳз сарҳади давлатӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд.
Тибқи иттилои манбаъ, сокинони наздисарҳадӣ пешниҳод карданд, ки чунин вохӯриҳо бо ҳузури роҳбарияти отрядҳои сарҳадӣ низ, дар ҷамоатҳои деҳот ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мунтазам ба роҳ монда шаванд. Бо мақсади таҳкиму баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии аҳолии наздисарҳадӣ, гузарондани амалиётҳои шартии гуногун ташкил ва натиҷаи он мавриди баррасӣ қарор гирад. Дар идома даъват ба амал оварда шуд, ки минбаъд дар ҳар як ҷамоати деҳоти минтақаҳои наздисарҳадӣ гурӯҳҳои «Дӯстдорони ҷавони сарҳадбон» ва «Дастаҳои ихтиёрии халқии сарҳадӣ» ташкил карда шаванд.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.01.2019 №: 5-7 Мутолиа карданд: 927