ҳуқуқ
ИНТЕРНЕТ. ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА ТАФАККУРИ ҶАВОНОН
Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ҷавонон неруи фаъоли ҷомеа, созандаи ояндаи дурахшони давлату миллат буда, дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ нақши назаррас доранд.
Оре, ҷавонон дар назди Ватан масъулияти бузург дошта, дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши калидиро иҷро мекунанд. Бинобар ин, тарбияи дурусти насли наврас вазифаи муҳими ҷомеаву давлат ба шумор меравад. Маҳз дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонгароӣ тарбия ёфтан ва дорои маърифати баланди сиёсию ҳуқуқӣ будан, ҷавононро қодир месозад, ки манфиатҳои миллии кишвари худро дарк ва ҳифз намоянд.
Ҷаҳони зудтағйирёбанда равандҳои сиёсӣ, зуҳуроти гуногун, мушкилоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар пай дорад, ки ба тафаккури ҷавонон таъсир хоҳад гузошт. Ҷавонони Тоҷикистон низ аз ин таҳдидҳо эмин нестанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мушкилот ва сарчашмаҳои таъсиррасон сари вақт муайян ва роҳи дурусти пешгириву бартарафсозии онҳо амалӣ гарданд.
Яке аз падидаҳои ҷомеаи муосир Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Интернет дастоварди бузурги инсоният дар асри XXI мебошад. Он ба сифати воситаи асосии иттилоърасон дар ҷаҳон баромад мекунад. Бояд гуфт, ки ҳар пешрафте, ки инсон ба он ноил мегардад, ҷанбаҳои мусбату манфӣ дорад ва Интернет низ, истисно нест.
Барои робитаи байни инсонҳо Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ масоҳат ва сарҳадро аз байн бурдаанд. Одамон, новобаста аз он ки дар кадом нуқтаи дунё ҳузур доранд, метавонанд бо ҳам дар муошират бошанд. Имрӯз Интернет аҳолии ҷаҳонро ба ҳам наздик кардааст. Шаҳрванди як кишвар метавонад дӯстони зиёдеро аз мамлакатҳои дигар пайдо созад ва бо онҳо дар робита бошад. Барои пайдо намудани маълумоти зарурӣ, кофӣ ва муфид он имконияти хуберо дорост. Шабакаҳои иҷтимоии Интернет имкон медиҳанд, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои илмӣ – фарҳангӣ, аз қабили химия, физика, мусиқӣ, тиб, адабиёт ва ғайра аъзо шуда, талаботи маънавиашонро қонеъ намоянд. Дохилшавии ҷавонон ба донишгоҳҳои кишварҳои дигар, ёфтани ҷойи кор тавассути рекламаҳо низ аз муфид будани Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дарак медиҳанд. Номгӯйи чунин хосиятҳои мусбати Интернет зиёданд. Аммо, дар баробари ин, шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор проблемаҳои ҷиддиро низ ба бор оварда, боиси ташвиш гардидаанд.
Тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳад, ки дар як рӯз 33,3 дарсади истифодабарандагон, махсусан ҷавонон, аз 5 то 6 соат вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, ки хуб нест. Бо ин роҳ онҳо на танҳо вақт, балки ба саломатиашон ҳам зарба мезананд.
Вақтгузаронии барзиёд ва дар канор мондан аз олами воқеӣ яке аз паёмадҳои манфии Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ин мушкилот бештар дар байни наврасону ҷавонон мушоҳида мегардад. Дар ин ҷо бемасъулиятии волидон ба назар мерасад, зеро маҳз онҳо ба фарзандонашон компютер ва телефонҳои мобилӣ мехаранд, аммо назорат намекунанд, ки бо чӣ кор машғуланд, кадом иттилоъро мутолиа мекунанд ва бо кӣ дар робитаанд?
Бояд гуфт, ки амнияти давлату ҷомеа пурра аз таъмини амнияти иттилоотии кишвар вобаста буда, бо раванди пешрафти техника ва технологияи ҷадид ин масъала боз ҳам ҷиддитар мегардад. Мутаассифона, шабакаҳои иҷтимоӣ назоратнашавандаанд ва на ҳамаи маълумоте, ки дар худ доранд, дурусту беғаразанд.
Солҳои охир гурӯҳҳои террористию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ифротии худро тарғибу ташвиқ менамоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксар ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин ё он гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротие, ки дар Тоҷикистон фаъолияташон манъ аст, аз хориҷи кишвар ақидаҳои нопоки худро мехоҳанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сари ҷавонон бор кунанд.
Аз ин рӯ, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Муҳим аст, ки фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зарурӣ таблиғ шаванд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон наҷот дод.
Фирӯзи РАМАЗОН,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.01.2019 №: 5-7 Мутолиа карданд: 1047