logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ОДАМКУШӢ
Сокини ноҳияи Мастчоҳ қурбони моҷаро шуд

Дар ноҳияи Мастчоҳ нафаре, ки мехост аз моҷарои ду тараф пешгирӣ намуда, онҳоро аз ҷанҷол боздорад, бо зарби корд сахт маҷрӯҳ шуд ва дар беморхона ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодиса 3 январи соли ҷорӣ ба амал омада, Ниёзмаҳмад Алиназаров, сокини деҳаи Табушни ноҳияи Мастчоҳ, саркардаи ин моҷарои марговар дониста мешавад. Чунончи, номбурда шоми ҳамон рӯз дар ҳолати мастӣ ба мағозаи «Пайрав», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бо шаҳрвандон Мурод Ҳайдаров ва Муҳаммадҷон Усмонов вориди баҳси лафзӣ шуда, онҳоро дашном медиҳад. Баҳси бамиёномада дар саҳни МТМУ №28 - и деҳа низ идома карда, зимни он яке аз иштирокчиёни дигари ҳодиса ҷияни Н. Алиназаров - Абдувосит Алиназарзода аз ҷониби М. Усмонов латукӯб мешавад.
Баъдан, А. Алиназарзода ба хонааш рафта, бо корд мусаллаҳ ва бо ҳамроҳии амакаш Абдулқудус Алиназаров ба кӯча мебарояд. Онҳо  дар назди беморхонаи деҳаи Табушн бо Сиёвуш Абдуллобеки Усмониён вохӯрда, бо зарби корд ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ мерасонанд. Дар ҳамин асно М. Ҳайдаров, шаҳрванди дигар, ки мехост ин моҷароро пешгирӣ кунад, ба қафаси синааш корд хӯрд ва бар асари он дар беморхона ҷон дод.
Ба навиштаи манбаъ, ҳоло нисбат ба А. Алиназаров бо моддаи 32 қисми 3 ва 104 қисми 2, А. Алиназарзода бо моддаи 237 қисми 3, Н. Алиназаров ва М. Усмонов бо моддаи 237 қисми 2 - и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.


БОЗДОШТИ ЯҒМОГАРОНИ МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТӢ
Кормандони милитсияи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гурӯҳи ҷиноятпешаеро боздошт намуданд, ки дар содир намудани 15 ҳолати дуздӣ гумонбар дониста мешаванд.

Тибқи итттилои сомонаи ВКД, ин гурӯҳ аз манзилҳои истиқоматии сокинони шаҳри Душанбе, маблағҳои пулӣ, ҷавоҳирот ва телефонҳои мобилию дигар ашёи гаронарзишро дуздида, бо ин амал ба шаҳрвандон беш аз 200 ҳазор сомонӣ зарар расондаанд.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки гумонбарон - Фирдавс Ҳукуматов, Маҳмадалӣ Наимов ва Кароматулло Қурбонов бо таъсиси гурӯҳи ҷиноятӣ шабона манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро мавриди дуздӣ қарор додаанд.
Айни ҳол, нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи 244 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2019    №: 8    Мутолиа карданд: 899
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед