иқтисод
СУБОТИ МОЛИЯВӢ. ШӮРОИ МИЛЛӢ ТАЪСИС ЁФТ
Бори аввал дар таърихи кишвар Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва ба кори худ оғоз бахшид. Тавре аз шуъбаи матбуоти БМТ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ҷаласаи якуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Шӯро – вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, роҳбарони Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва коршиносони Бонки ҷаҳонӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа муқаррароти дохилӣ оид ба ташкили кори Шӯро тасдиқ гардида, масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, аз ҷумла омилҳои устувории молияи давлатӣ, заминаҳои макроиқтисодии муътадилии бозори асъор, вазъи низоми бонкӣ, фаъолияти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва нақши он дар нигоҳ доштани суботи молиявӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тағйироти вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳони имрӯза ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва дар самти беҳсозии фазои молиявии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар баробари ин, барои нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодиёти кишвар, бахусус низоми молиявӣ-бонкӣ, ки бахши муҳими он маҳсуб меёбад, шарикони рушд, аз ҷумла Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ҷиҳати гузарондани ислоҳот ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ нақши муҳим мебозанд.
Аъзои Шӯро оид ба идоракунии хавфҳои ҷойдошта дар низоми молиявӣ ва бонкӣ, рушди фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, масъалаҳои андозбандӣ, низоми идоракунии молияи кишвар, инчунин, оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва иқтидори Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ибрози назар карда, пешниҳодҳои худро манзури Шӯро намуданд.
Ҷаласаи Шӯро оид ба таъсис додани Гурӯҳи кории техникӣ барои ташкили корҳо ҷиҳати баргузории ҷаласаҳои минбаъда қарори дахлдор қабул карда, вазорату идораҳои масъулро, ки намояндаҳои онҳо ба ҳайати Шӯро шомиланд ва дар устувории низоми молиявӣ саҳми калидӣ доранд, барои таҳияи нақшаи чорабиниҳо баҳри устувор нигоҳ доштани низоми молияи давлатӣ, механизми маблағгузории касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати пешниҳод намудан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, мубодилаи саривақтии иттилоот ва фаъолияти ҳамоҳанг ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои пешгузошта муваззаф намуд.
Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии машваратии доимоамалкунанда буда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва ҳадафи асосии он баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани хавфҳо мебошад.
Тибқи низомномаи Шӯро, ба ҳайати он вазири рушди иқтисод ва савдо – раиси Шӯро, вазири молия – муовини раиси Шӯро, раиси Бонки миллии Тоҷикистон – котиби ҳамоҳангсоз, раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳамчун узви доимӣ ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси иштирокчии доимӣ ва нозири мустақили Шӯро дохиланд.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.01.2019 №: 8 Мутолиа карданд: 895