порлумон
РӮ БА РӮ. ВАКИЛОН НАЗДИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН МЕРАВАНД
Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон ба манзури дидору мулоқот бо интихобкунандагони худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар карданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар зарфи 10 рӯз, яъне аз 7 то 16 январи соли ҷорӣ дар назди мардум баромад намуда, роҷеъ ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ ва рушди бемайлони соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки тараққиёти мамлакат суҳбат хоҳанд кард.
М. САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.01.2019 №: 8 Мутолиа карданд: 1525