logo

маориф

ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БОШЕМ!

Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
Эмомалӣ РАҲМОН


Ниёгони мо ҳаққи устод – омӯзгорро волотар аз ҳаққи волидайн дониста, таъкид кардаанд, ки «Ҳаққи устод аз падар беш аст, В-аз падар устод дар пеш аст». Дар ин росто, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қадру манзалати омӯзгорон арҷ гузошта, ояндасозиро рисолати онҳо хонданд.
Ин таъкид моро водор мекунад, ки ҳамқадами замон бошем. Бо донишҳои техникӣ, кор бо компютер, шабакаҳои интернетӣ ва забонҳои хориҷӣ мусаллаҳ шавем. Зеро таълиму тарбияи насли имрӯз масъулиятҳои бештаре дорад, ки қаблан вуҷуд надоштанд. Ҳоло аксари хонандагони мактаб бо техникаву технология ва дигар васоити иттилоотӣ баладанд ва саволҳое медиҳанд, ки дар посухашон кас оҷизӣ мекашад.
Муаллими замони нав на танҳо хонандаи худро аз донишҳои замона баҳравар гардонад, балки омӯзонад, ки шогирд алорағми зуҳуроти номатлуби ҷаҳон, ба монанди ифротгароиву ситезаҷӯӣ ва иттилооти бешумори мағзшӯ истодагарӣ карда тавонад.
Сарвари давлат ба тарбияи ватанпарастӣ, азхудкунии донишҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, муносибати боэҳтиромона ба таърих диққати махсус дода, таъкид менамояд, ки аз фаъолияти қаҳрамононаи насли калонсол ибрат гиранд. Яъне, вақти он аст, ки хонанда дар симои омӯзгораш на танҳо як шахси донишманду ҳозирҷавоб, балки идеали ояндаи худро бубинад.
Ин ҳама таъкидҳои Пешвои миллат дар он хулоса мешавад, ки танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд ва обрӯю мартабаи Тоҷикистони мо дар байни кишварҳои пешрафтаи олам боз ҳам баландтар гардад.
Тобистон ИМОМНАЗАРОВА,
омӯзгори МТМУ №  86 - и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2019    №: 8    Мутолиа карданд: 1048
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед