иқтисод
СОДИРОТИ АВВАЛИН ТРАКТОРҲО БА ӮЗБЕКИСТОН
Аввалин маротиба 8 трактори тамғаи «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х», ки дар Тоҷикистон - ҶСП «Агротехсервис» - и шаҳри Ҳисор ҷамъу васл шуданд, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содир гардид. Ин иқдом дар доираи густариши бесобиқаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба шарофати талошҳои муштараки сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муяссар гардид, сурат гирифт.
Дар ҶСП «Агротехсервис» ба нақша гирифтаанд, ки соли равон содироти тракторҳои тамғаҳои «Беларус 80Х» ва «Беларус 82.1», ҳамчунин, таҷҳизоту мошинолоти гуногуни кишоварзиро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва трактори тамғаи «Беларус 512» - ро ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба роҳ монанд.
Ёдрас мешавем, ки ба фаъолияти корхона расман 29 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ҳусни оғоз бахшиданд. Ба фаъолият оғоз намудани корхона имкон фароҳам овард, ки зиёда аз 60 ҷойи кории нав таъсис ёбад.
Корхона тайи соли гузашта 106 трактори тамғаи гуногун, аз ҷумла 84 трактори тамғаи «Беларус 82.1», 10 трактори тамғаи «Беларус 80Х» ва 12 трактори тамғаи «Беларус 512» - ро ҷамъу васл намуда, ба таври мустақим ва тавассути КВД «Тоҷикагролизинг» ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ба фурӯш баровардааст. Ҳамчунин, соли 2018 корхона дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Боборуйскагромаш» - и Ҷумҳурии Беларус қисмҳои ҷамъуваслшавандаи 63 ядакро ворид, ҷамъу васл ва ба мизоҷон пешкаш намуд.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.01.2019 №: 8 Мутолиа карданд: 1006