logo

ҳуқуқ

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИСТ

Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонда, обруву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
Эмомалӣ РАҲМОН

Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои меҳварӣ буда, муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд. Чунончи, ҳанӯз соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» ба тасвиб расида, дар асоси он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян шуданд. Баъдан, аниқтараш дар соли 2007 ба манзури тақвияти мубориза бо ин зуҳурот ниҳоди махсус – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис ёфт, ки сохтор то кунун дар мавриди ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, муайян ва барқарор намудани маблағҳои сирқатшудаи давлатӣ фаъолияти назаррас нишон додааст. 
Имрӯз Тоҷикистон узви шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд буда, вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт иқдомоти зиёдеро амалӣ намудааст. Ҳамзамон, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмӯии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидоштаи вобаста ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд. Мавҷудияти ҳамин санадҳо ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳои вижа доир ба мубориза бо коррупсия сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро таҳким бахшида, боиси эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
Бо он ки дар кишвари мо ниҳоди махсус - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, набояд дигар доираҳои ҷомеа дар мубориза бо ин зуҳурот дар канор бошанд. Зеро ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мубориза бо коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми ҷомеа низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем».
Воқеан, новобаста аз он ки мубориза бо ин зуҳурот бо шеваҳои шадидтар сурат гирифта, аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва дигар ниҳодҳои марбутаи давлатӣ садҳо ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ошкору муҷримон дастгир мешаванд, вале то ҳанӯз ришвахорӣ дар ҷомеа аз байн нарафтааст. Дар ҳамин сурат, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки дар робита ба таъкиди Президенти кишвар амал намуда, дар муқовимат бо фасоду ришвахӯрӣ дар ҷомеа саҳмгузор бошад.     
Зулфия САФАРОВА,
донишҷӯи курси сеюми
гурӯҳи рӯзноманигории КФҶ - и ба номи П. Буйдоқов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2019    №: 9    Мутолиа карданд: 982
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед