маориф
МАТЕМАТИКА. БУЗУРГОНИ МО ДАР РУШДИ ОН ҲИССАИ ШОИСТА ДОШТАНД
Бори нахуст китоби «Таърихи математика» аз ҷониби донишмандони тоҷик М. Маҳкамов ва Р. Атохонов таҳия гардида, ҳамчун дастури методӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён пешниҳод гардид. Мо дар мавриди таърихи ин фанни муҳим мақолаву матлабҳои парешон хонда будем, аммо дар як китоб ҷамъ омадани маълумоти муфид, математикони маъруф ва ҳиссаи шоистаи риёзидонони тоҷик дар инкишофи ин илм камтар медонистем.
Мо медонем, ки аввалин касе, ки дар мавриди даврашакл будани сайёраи Замин маълумот дод, Абурайҳони Берунӣ буд, тақвимсози аввалин ҳам Хайёми Нишопурӣ маҳсуб меёбад. Ин ва дигар маълумоти шавқовар низ яке аз қисматҳои муҳими китобро ташкил медиҳад.
Китоб ба масъалаҳои таърихии тараққиёти пажӯҳишҳо оид ба ҷустуҷӯи тарзҳои муодилаҳои алгебравии дараҷаҳои олӣ бахшида шудааст. Дар он тарзҳои ҳалли умумии муодилаҳои дараҷаҳои сеюм, чорум ва олии донишмандони Шарқ, саҳми математикҳои Аврупо дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муодилаҳои дараҷаи олӣ ва гузариш аз қуллаҳои баланди математикаи элементарӣ ба бузургиҳои тағйирёбандаро шарҳ додаанд.
Ёдовар мешавем, ки раванди таълими алгебра чи дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо ва чи дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳамчун маводи таълимӣ аз таърихи математика тавсия мешавад.
Бовар дорем, ки оянда шумораи нашри китоби мазкур афзуда, ба омӯзгорони муассиаҳои таълимии кишвар ҳам дастрас мегардад. Зеро он дар инкишофи таълими фанҳои дақиқ ва шавқманд гардондани насли наврас ба ин фан саҳми шоиста мегузорад.
Дилором ИМОМНАЗАРОВА, омӯзгор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2019 №: 9 Мутолиа карданд: 1140