фарҳанг
МАЗМУН АГАР БАЛАНД АСТ...
Маълум аст, ки таҳоҷуми фарҳангӣ ва фарҳангҳои ноаён таҳмилшаванда нахуст ба пояи забону фарҳанг зарба мезананд. Дар ин ҷараёнҳои мураккаб ногузир бояд сипару ҷавшани қавиеро барои забону фарҳанги худ дошта бошем. Ин аст, ки масъалаи мазкур яке аз проблемаҳои муҳиму рӯзмарраи мо – омӯзгорон ҳам ҳаст.
Мову шумо медонем, ки санъаткорон неруи бештари таъсиргузорӣ доранд ва дар баробари ин, масъулияташон низ зиёд аст. Шояд панду андарз ва ё як шеъри хуб дертар ба самъи мардум бирасад, аммо созу суруд ба зудӣ ба майнаву мағзҳо ҷо мегирад ва дар тарбияи ахлоқӣ таъсир мерасонад.
Имрӯз ҳамаи фарзандони болиғу ноболиғ аз телефону планшетҳо истифода мебаранд ва онҳо пур аз сурудҳои «бобу нобоб» - анд. Аз ин истифода бурда, бархе аз шахсони ба ном санъаткор сурудҳои сусту каммояашонро пешкаш мекунанд ва як муддат шуҳрат ҳам меёбанд. Агар ба телевизиону радио роҳ наёфтанд, сурудҳояшонро сабт карда, ба фурӯш мегузоранд ва ё дар Интернет паҳн мекунанд. Ба ин хотир, агар мо ба хонандагони худ, ки фарзандони мо маҳсуб меёбанд, дарки дурусти сурудаҳоро наомӯзонем, фарқ байни сиёҳу сафедро нафаҳмонем, меҳри «Фалак» - у «Шашмақом» - ро ба дилашон ҷо накунем, фардо барои худамон боз ҳам мушкилтар мешавад. Ин таъкиду ҳушдори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда нест: «Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад».
Дар гузашта бузургони санъати тоҷик Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Нигина Рауфова, Маъруфхӯҷа Баҳодуров ва дигарон ҳамеша матнҳои пурмуҳтаво интихоб мекарданд ва пайваста бо шоирону нависандагон ҳамкорӣ доштанд.
Аксари мардум аз мушкилфаҳм будани ғазалҳои Бедил ҳадс мезаданд, аммо вақте Одина Ҳошим бо лаҳну садои марғуб шеърҳои Бедилро суруд, ҳама ғазалҳои шоирро дарк карда, лаб ба аҳсант кушоданд. Яъне, аз санъаткорон вобаста аст, ки мазмунҳои баланди шеърро ба шунаванда расонда тавонанд.
Аз ин сабаб, месазад, ки ҳангоми бо мусиқӣ сурудани матнҳои шоирони классику муосир меъёрҳои овоии забон риоя шаванд. Дар ин маврид, пешниҳод мекардем, ки дар назди Вазорати фарҳанг шӯрои мувофиқасозии матни сурудҳо таъсис дода шавад, зинда (бидуни фонограмма) сароидани суруд таблиғ гардад.
Мо, набояд фаромӯш кунем, ки тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ, ривоҷи ин забони бостонӣ танҳо аз омӯзгорону адибон ва рӯзноманигорон вобаста нест, балки санъаткорон низ дар ин масъала муваззафанд ва, ҳатто, онҳо масъулияти зиёдтар доранд.
Агар санъати волои мусиқиро санъаткорони мо манбаи даромаду шуҳрати гузаро надонанд, бо он муносибати ҷиддӣ дошта бошанд ва матни пурмазмун интихоб намоянд, мисли Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Нигина Рауфова, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Аҳмад Зоҳир аз ёдҳо фаромӯш нахоҳанд шуд.
Робия МИРЗОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 80 - и ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2019 №: 9 Мутолиа карданд: 948