logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Филворди «Кинои советӣ»
Дар филворди навбатӣ насаби машҳуртарин ҳунармандони кинои советӣ ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, номи онҳоро пайдо намоянд.
Таҳияи Шафоатулло ШОКИРОВ
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ЗАХМИ ЗАБОН
Дар як оила ҷавоне бо хӯю хислати баде тарбия меёфт. Ӯ тундмиҷоз ва дағал буд. Рӯзе падараш ба ӯ халтаи пур аз мехро медиҳаду мегӯяд:
«Ҳар боре, ки ғазаби худро дошта наметавонӣ, ба сутуни хона якто мех зан!».
Рӯзи якум дар сутуни девор чандто мех зад. Оҳиста - оҳиста ӯ худдорӣ намуда, ҳисоби мехҳоро камтар кард. Писар ба хулосае омад, ки қаҳру ғазаби худро дошта тавонистан, беҳ аз мех ба сутун задан аст.
Падар, ки ин ҳамаро мушоҳида мекард, ба ӯ гуфт: «Аз ин пас, ҳар дафъае, ки худдорӣ менамоӣ, аз сутун якто мехро бикан!»
Рӯзҳо гузаштанд. Ба назди падар омаду гуфт, ки дар сутун мех намондааст. Он гоҳ падар аз дасташ гирифт ва пеши сутун бурда гуфт:
- Корат бад нест, вале мебинӣ, ки чӣ қадар ковокиҳо пайдо шуд дар сутун? Ин сутун намуди пештараашро гирифта наметавонад. Ҳангоми муомилаи дурушт бо одам дар дили ӯ ҳам ҳамин хел захмҳо мемонанд, ки табобаташон маҳол аст.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


БОНУФУЗТАРИН ЗАНОНИ СИЁСАТМАДОРИ ТАЪРИХ
Таърих собит намуда, ки занҳо тамоми давру замон дар пешбурди сиёсат ширкат варзида, баъзе ҳолатҳо раванди таърихро низ дигаргун сохтаанд.
Аз занҳо гоҳо ифтихор мекарданду баъзан метарсиданд, ҳатто баъзеашонро ба ҷодугарӣ гунаҳгор месохтанд. Аммо, бо вуҷуди ин, бонувони мардсифат тавонистанд дар ҳаёти  инсоният нақши созгор гузоранд ва дар таърих номашон ҷовидон боқӣ монад. Киҳоянд ин занҳо? Ба ин савол аз рубрикаи нави «Шоми шанбе» посух пайдо хоҳед кард.


ТАМАРА
Малика Тамара  дар таърихи Гурҷистон симои намоён дорад. Аз рӯи рейтинги маъруфият  ҳатто аз шоҳон Довуд ва Вахтанг Горгасоли ҳам пеш аст. Таърихнигорон замони давлатдории ӯро  даврони  пешравии кишвар, шукуфоии фарҳангу рушди тиҷорат арзёбӣ кардаанд.
Тоҷу тахти шоҳӣ аслан баъди марги падараш ба ӯ мерос монд. Ислоҳоти оқилона ва боинсофонае, ки малика Тамара баъди шоҳбону таъйин шудан дар кишвар ҷорӣ мекунад, дар таърихи Гурҷистон бо номи «Асри тиллоӣ»  ёд мешавад.
Замони ҳукмрониаш як қисми кишварҳои имрӯзаи Туркия, Сурия ва Эронро забт намуда, сарҳади кишварашро васеъ намудааст.
Гурҷиҳо  сохтмони якчанд қаср ва иншооти бузургро ба ӯ мансуб медонанд. Имрӯз ҳам дар ин кишвар метавон қаср ва пулҳои бузургеро вохӯрд, ки бо номи «қасри шоҳбону Тамара» ё «пули шоҳбону Тамара» машҳуранд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


3 МИЛЛИОН РУБЛ АРЗИШИ КИТОБЧАИ ТЕЛЕФОНИИ СТАЛИН
13 декабри соли 2018  дар яке аз музоядаҳои шаҳри Москва китобчаи соли 1950 чопшудае ба савдо гузошта шуд, ки аз рӯйхати мизоҷони истгоҳи автоматии телефонҳои ҳукуматӣ иборат буд. Харидори номаълум барои китоби мазкур, ки ба Иосиф Сталин тааллуқ доштааст,  3 миллион рубли русӣ пардохт намуд.
Бинобар гуфтаи роҳбари хазинаи музоядаи «Литфонд» - и Россия  Сергей Бурмистров китобро аз бойгонии яке аз ҳамсафони наздики Сталин - Николай Шверник пайдо кардааст. Дар он шурӯъ аз рақами телефонҳои хона ва бӯстонсароҳои Сталин ва Лаврентий Берия то аъзоёни бюрои сиёсӣ ва ёрдамчиҳояшон ҷой дода шудаанд. Дар он ҷо – ҷо қайдҳои Сталин низ сабт шудаанд.
Баҳои ибтидоии лот 30 ҳазор рубл муайян шуда буд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


"ҲИММАТ" - И ЛОРД
Нимарӯз хизматгор дари Лордро мекӯбад:
- Мебахшед ҷаноб, дӯзандаи шумо омадааст ва мегӯяд, ки то маблағи костумҳои дӯхтаашро надиҳед, ба ҳеҷ куҷо намеравад.
- Ҳеҷ гап не, дар паҳлуи сартарош як рахти хоби дигар омода кунед, сар аз рӯзнома набардошта мегӯяд Лорд.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


МУҶАССАМАИ БАЛАНДТАРИНИ ДУНЁ
Соли 2018 дар Ҳиндустон парда аз рӯйи муҷассамаи аз ҳама баландтарини дунё бардоштанд. Дар иёлати Гудҷарат ба хотири гиромидошти арбоби намоёни ҳаракати миллӣ – озодихоҳии Ҳиндустон - Виллабхаи Пател (1875-1950) пайкараи зиёда аз 160-метраи ӯ қомат афрохт.
Ҳайкал номи расмии «Муҷассамаи Иттиҳод» - ро ба худ касб кардааст. Ин муҷассама ба тундбоди бо суръати то 180 километр - соат вазанда ва зилзилаи 6,5 бала истодагарӣ карда метавонад.
То ҳол дар ақсои олам муҷассамаҳои баланд бар чунин навъ буданд:
- Муҷассамаи Озодӣ (ИМА, Ню-Йорк) – 46 метр.
- Ватан – Модар даъват мекунад! (Россия, Волгоград) – 85 метр.
- Буддои Маъбади Баҳорӣ (Хитой, Хэнан) – 128 метр.
- Муҷассамаи Ғалаба (Россия, Москва) – 141,8 метр.
Таҳияи Умар АЛӢ


ОДАМ – АМФИБИЯ ДАР ҲИНДУСТОН
Рӯзноманигорон дар иолати Бенгалияи ғарбии Ҳиндустон зани 65 - солаеро бо номи Патарунӣ пайдо карданд, ки қисми зиёди зиндагии 25 - соли охирашро дар кӯли маҳаллӣ мегузаронад.
Тавре шоҳидон тавзеҳ медиҳанд, зан – амфибия ҳар рӯз 12-14 соат дохили об мешавад то дардҳои хешро, ки ба бемориҳои пӯст марбут аст, бартараф намояд. Бист сол қабл, ғайри чашмдошт вай дарк намуд, ки об чун доруи хубе барои бартараф кардани иллати пӯст метавонад хизмат кунад.
Тавре ки ҳамсоягонаш мегӯянд Патарунӣ зани камбағал аст ва пуле надорад, ки ба доктор муроҷиат намояд.
Хешовандони хурофотии зани сияҳбахт метарсанд, ки ӯ тамоми рӯз дар дохили об монда, ба парии обӣ (русалка) мубаддал нашавад. Чизи дигари аҷиб ин аст, ки Патарунӣ  акнун моҳе ҳамагӣ якчанд маротиб хӯрок хӯрда, ба миқдори ками биринҷу сабзаҷот қаноат мекунад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ЯК ҲИКМАТ
Дар дили кучактарин саг дили бузурги садоқат метапад.


БУРД Ё ҶЕКПОТ
Сокини шаҳри Портленди иёлати Орегони Амрико Сэм Хоули барои гирифтани бурди лотореяаш омада, якбора соҳиби ҷекпоти калон ҳам шуд.
Хоули соати 7:30 – и субҳ бо вақти маҳаллӣ барои гирифтани 1759 доллари бурднамудааш ба идораи лоторея меояд. Аммо ба ӯ мегӯянд, ки идора баъди як соат ба кор оғоз менамояд. Аз бекорӣ бо чӣ машғул шуданашро надониста, ба сӯи дукони дар наздикӣ воқеъбуда равона мешавад.
Он ҷо ӯ боз чиптаи лоторея харида, ба он ҳамон рақамҳои дафъаи гузашта чидаашро мегузорад. Баъди боз шудани дарҳои офис Хоули бурдашро мегирад ва санҷидани чиптаи навро хоҳиш менамояд. Ин дам ба Сэм 118 000 доллар бурд намудани лотореяи наваш маълум мегардад.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


СЕРХАРИДОРТАРИН КИТОБҲОИ САДАИ ХХ
Ин ҷо сухан дар бораи нашри китобҳои аз ҳама серхаридор меравад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки китобҳои аз ҳама зиёд бафурӯшрафтаи асри ХХ ва асарҳои серхаридортарини дунё маҳсуб мешаванд.

«10 зангибача»
Романи машҳури нависанда Агата Кристи «10 зангибача» соли 1939 таълиф шудааст ва дар тамоми олам бо номи «Ва касе боқӣ намонд» тарҷумаву нашр гардидааст. Аз рӯи ин асар киностудияи машҳури «Ҳолливуд» филми бадеӣ низ ба навор гирифтааст. Роман дар шакли детектив навишташуда, ҳодисаҳои асрорангези он ҳисси кунҷкобии хонандаро бедор мекунад. Китоб шавқовар буда, айни замон зиёда аз 100 миллион нусхаи он дастраси хонанда гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


10 КИШВАРЧАИ БОЙ
Мо тасмим гирифтем, ки доир ба якчанд кишварҳои хурдакаке, ки аз ҳисоби даромади соҳаи сайёҳӣ рушд намуда, дар шумули даҳгонаи тамошобоби бойтарин қарор доранд, сухане гуфта бошем.
Ба ин рӯйхат кишварҳои хурде интихоб шудаанд, ки даромадашон  вобаста аз вуруди сайёҳон аст.

10.СИНГАПУР
Ҷумҳурии Сингапур шаҳр, мамлакат ва ҷазирае мебошад, ки дар ҷанубу шарқии Осиё ҷойгир аст. Сингапур яке аз кишварҳои поктарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, зеро қонунҳо дар бораи ифлоскунӣ ниҳоят сахтанд. Масалан, соҳибони автомобил, агар ба маркази шаҳр раванд, андози иловагӣ месупуранд, зеро барои ворид шудан пардохти махсуси ситондашавандаи роҳ мавҷуд аст.
Масоҳаташ 715,8 километри мураббаъ буда, 5,5 миллион аҳолӣ дорад. Сарвазир ва Ҳукумат ҳамеша аз пайи беҳбудии тарзи зисти сокинон чораҷӯӣ менамоянд. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар 55 000 долларро ташкил медиҳад, ки ин кишварро нисбат ба бисёр кишварҳои бузург дар ҷойи нисбатан боло мегузорад.
Сингапур барои бисёр давлатҳо чун дарвозаи вуруд хизмат мерасонад, масалан, барои Бали, Чин, Малайзия. Аз ин рӯ, бештари сайёҳон барои шиносоӣ бо фарҳанги ин кишвар ва ҳаловат бурдан аз зебоиҳои он, дар ин ҷо таваққуф мекунанд. Меҳмонон имкон пайдо месозанд, ки давоми се - чор соат дар бораи таърих, фарҳанг, дин, анъанаҳо, урфу одатҳои мардумӣ бисёр маълумот пайдо намоянд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


10 САГИ МАШҲУРИ ТАЪРИХ
7. СНАППИ
Снаппи аввалин саги клоншуда дар ҷаҳон мебошад. Ӯ 24 апрели соли 2005 дар натиҷаи меҳнати чандинсолаи муҳаққиқони Донишгоҳи миллии Сеулсии Куриёи Ҷанубӣ бо роҳбарии Хван Ву Сука ба дунё оварда шуд. Барои сохтани танҳо як клони саг муҳаққиқон 123 модасагро бо беш аз ҳазор ҷанини саги муқобилҷинс ба таври сунъӣ бордор карда буданд. Дар натиҷаи клон кардан, се саг ҳомиладор шуда, танҳо яке аз онҳо – Снаппи зиндаву саломат монд. Снаппи саги наринаи зоти тозӣ буда, 10 сол умр дид. Рӯзномаи Тайм (Time) Снаппиро «Беҳтарин ихтирои ҳайратангези соли 2005» номид.
Минбаъд, дар натиҷаи пажӯҳишҳои лабороторӣ бори аввал дар ҷаҳон Снаппи бо як модасаги клоншуда дар якҷоягӣ 10 сагбача ба дунё оварданд.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Саёҳати шабона дар хобхалта
Шабона, дар маркази шаҳри Мюнстер, роҳгузарон бисёр ҳам ба шигифт омаданд, аз дидани кӯдаки дар роҳ хазида рафта истода. Вай Рафаэли дусола буд, ки аз хона фирор намуда, дар дохили хобхалта ду километр роҳро гавак кашида тай намудааст. Ба пулисҳо зарур омад, ки зодмандони кӯдакро аз хоби пурфароғат бедор созанд. Онҳо ҳатто пайхаст накарданд, ки кӯдакашон ба саёҳати шабона баромадааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, 
тарҷума аз русӣ


ХАЗИНАИ РОҲЗАНҲОИ БАҲРӢ ПАЙДО ШУД, ВАЛЕ…
Аз сабаби зиёд будани роҳзанҳои баҳрӣ дар қаъри уқёнусҳо хазинаҳои бузурге маҳфузанд, ки то ҳол муҳаққиқон барои пайдо кардани ин боигарӣ кӯшиш карда истодаанд.
Арзиши боигарии дар соҳили ҷазираи Кокос пинҳонкардаи роҳзани машҳур Генри Морган зиёда аз 1 миллиард доллар аст. То ин дам беш аз 300 экспедитсияи ҷустуҷӯӣ барои пайдо намудани он гузаронда шудааст. Вале ҳеҷ яке аз онҳо натиҷаи дилхоҳ надод.
Эдвард Тич, роҳзани маъруфи дигар боигариашро дар қалъаи ҷазираи Вирҷиния нигоҳ медоштааст. Муҳаққиқон дороиашро ба садҳо миллион доллар баробар кардаанд. Хазинаи Тичро низ то ҳол касе пайдо накардааст.
Мувофиқи тадқиқоти Ресли Хоупи, бостоншиноси амрикоӣ, арзиши умумии хазинаи роҳзанҳо даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.  То имрӯз, дар маҷмӯъ, 5 - 7 дарсади боигарии роҳзанҳо ёфт шудааст.
Яке аз маълумотҳои ҷолиби дигари мавзӯи мазкур ин аст, ки дар киштии машҳури «Титаник» 57 мусофири миллионер ба сафар баромада буд. Боигарии онҳо  низ дар қаъри об маҳфуз аст.
Таҳияи Р. КАРИМОВ


4 СОҲИЛИ ЗЕБОИ ДУНЁ
3. Малдиви - Cocoa Island дар сегонаи беҳтарин соҳилҳо шомил аст. Масоҳати ин ҷо кам ҳам бошад, вале бисёр ҷолибу тамошобоб аст. Аҷобаташ дар он аст, ки тамоми атрофи  соҳилро баҳр иҳота карда. Аз тамоми кишварҳои ҷаҳон сайёҳон барои тамошои он меоянд.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


8 ШАҲРИ ХУРДТАРИНИ ОЛАМ
Саҳифаи “Шоми шанбе”- и рӯзнома дар бораи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон матолиби мухтасар интишор карда буд.  Ин навбат тасмим гирифтем  шумо – хонандагони азизро бо хурдтарин шаҳрҳои олам шинос намоем.
Мелник. Аҳолиаш 390 нафар
Дар Булғория Мелник ҳамчун шаҳри хурдтарин муаррифӣ гардидааст. Номи шаҳрро ба он хотир Мелник гузоштаанд, ки дар гирду атрофаш харсангҳои ҷилодор зиёд аст. Номи шаҳри Мелник дар асри XI дар баъзе ҳуҷҷатҳо ва китобҳо зикр шудааст. Соли 1215 маркази князигарӣ  мегардад, ки харобаҳои қалъаи он то замони мо боқӣ мондаанд.
Соли 1395 шаҳр ба империяи Усмонӣ ҳамроҳ  мешавад. Дар асри XIX корхонаҳои шароббарорӣ ва коркарди тамоку бунёд мегарданд, ки дар ин замина иқтисодиёташ хеле рушд мекунад.
Дар Мелник ба биноҳои қадима арҷ гузошта, онҳоро ҳифз менамоянд. Биноҳои навро бошад, бо усули меъмории асримиёнагӣ месозанд. Шаҳри Мелник ҳамчун мамнӯъгоҳи таърихӣ - фарҳангӣ шинохта шудааст.
Таҳияи Комрон САФАР


10 ҶОНВАРИ ОБИЕ, КИ НОТАКРОРАНД
7. «ШОҲИГАРӢ» - И МОҲИЧАҲО
Дар кӯлҳои Ҳиндустон ва Сейлон моҳичаҳои аҷоиб зиндагӣ мекунанд. Номи моҳичаҳои мазкур Данио малабарикос буда, онҳо ба таври оилавӣ ҳаёт мегузаронанд. Ҳайати ҳар оила аз даҳ моҳича иборат аст. Дар оилаи моҳиҳо итоати хурдон ба калонҳо ҳукмфармо мебошад. Агар дар оила ягон моҳӣ қоидаҳои муқарраршударо вайрон кунад, моҳии «баландрутба» вайро бо қанотҳояш зада, ҷазо медиҳад.
Оилаҳо дар кӯл ҳудуди муайян дошта, онро аз «истило» - и дигарон устуворона муҳофизат мекунанд. Дар навбати худ, ҳудуди муайяншуда ба қитъаҳо тақсим шудаанд.
Мавқеи ишғол кардани бадан нишон медиҳад, ки кадом моҳӣ чӣ рутба дорад. Масалан, сардор ҳамеша ҳолати уфуқиро мегирад. Дигар моҳиҳо бошанд, нисбат ба хати уфуқӣ кунҷи муайянро ишғол мекунанд.
Таҳияи Б. БАҲОДУР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2019    №: 10    Мутолиа карданд: 1096
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед