фарҳанг
САЪДӢ ВА ШОҲИН
Мутолиаи осори Шоҳин нишон медиҳад, ки ӯ, бо вуҷуди ҳаёти ноорому фоҷиавии хеш, шароити баду номусоиди эҷодӣ ва имкони андаки мутолиа, тавонистааст, ки аз осори адибони пешин ба андозаи зарурӣ бархӯрдор гардад. Вай дар осори худ аз шоироне чун Фирдавсӣ, Унсурӣ, Асҷадӣ, Муиззӣ, Анварӣ, Хоқонӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Имомӣ, Хоҷу, Салмон, Ҳофиз, Камол, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ ва Бедил ном мебарад, ки ин далели ошноӣ ва иҳотааш ба осори гузаштагон мебошад. Албатта, дар осораш беш аз ҳама аз Саъдӣ ёд мекунад.
Аксари ин ёдкардаҳоро дар маснавии «Туҳфаи дӯстон» боздид менамоем.
Ба дастури Саъдӣ, ки дар «Бӯстон»
Ба мадҳи Абубакр шуд тарзабон.
В-аз он пас ба ҳикмат қалам баргирифт,
Зи ҳар гуна пандаш рақам баргирифт.
Туро поя беҳ аз Атобак бувад,
Чу Саъдӣ маро табъи чобук бувад.
Шоҳин маснавии «Туҳфаи дӯстон»-ро, ки маснавии дувумин ва нотамоми ӯ маҳсуб мешавад, дар татаббӯи «Бӯстон»-и Саъдӣ навиштааст. Ин маъниро борҳо дар асараш таъкид мекунад. Назира будани «Туҳфаи дӯстон»-ро аҳли тазкира низ таъкид менамоянд. Аз ҷумла, Ҳашмат гуфтааст: «Дар каломи фасоҳатанҷом ва балоғатосояш матонати тарзи қудамо, мисли Шайх Саъдӣ, хосса дар маснавиёташ зоҳир… Маснавие дар татаббӯи «Бӯстон» намуда...». Устод Айнӣ низ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» дар пайравии «Бӯстон» навишта шудани ин маснавии Шоҳинро таъкид мекунад ва мегӯяд: «Шоҳин ғайр аз ғазал, қасида, қитъа ва амсоли дигар осори муҳиме низ навиштааст. Аз он ҷумла, яке «Туҳфаи дӯстон» аст, ки ба пайравии «Бӯстон»-и Саъдист, лекин нотамом монда». «Туҳфаи дӯстон», ки бо тарғибу раҳнамоии Хоҷа Зарир иншо шудааст, бояд ҳам аз лиҳози мазмуну муҳтаво ва ҳам сохту бобҳояш ба «Бӯстон»-и Саъдӣ монанд мешудааст. Боби аввал дар адл, боби дувум дар эҳсон, боби савум дар ишқ, боби чаҳорум дар тавозӯъ, боби панҷум дар ризо, боби шашум дар қаноат, боби ҳафтум дар тарбият, боби ҳаштум дар шукр, боби нуҳум дар сабр, боби даҳум дар хотима. Ба ҷуз боби нуҳум бобҳои дигари асари Шоҳин билкул ба бобҳои дигари «Бӯстон»-и Саъдӣ монанданд. Ӯ дар оғози маснавӣ ёдовар мешавад, ки:
Маро гар дар ин пеша дасте расост,
Ҳам аз дастёрии Саъдӣ бихост.
Дар муқаддимаи ин маснавӣ зери сарлавҳаи «Воқеаи навмийя» аз хоб дидани худ сухан дар миён меорад. Ҳангоми хоб дар сари зонуи модар боғи зебоеро мебинад, ки мардумон дар он ҷо ҷамъ шудаанд ва мехоҳанд, парандаеро, ки дар шохи дарахт буд, ба даст бигиранд, аммо муяссарашон намешавад. Вақте ки Шоҳин ба сӯи он даст дароз мекунад, паранда ба дасташ меояд ва мардум бо ҳаяҷону изтиробу хурсандӣ ӯро табрик менамоянд:
Яке боғ дидам баророста,
Чу «Бӯстон»-и Саъдиву бупроста…
Ту Шоҳинӣ, эй кӯдаки растагор,
Кунӣ тоири табъи Саъдӣ шикор.
Ӯ аз хоб бедор мешавад ва хоби худро ба падараш мегӯяд. Падараш хушҳол мешавад ва ба занаш мегӯяд, ки билохира, орзуяш ҷомаи амал пӯшид. Дур нест, ки писараш бо теғи забон мисли Саъдӣ ҷаҳонро тасхир менамояд:
Чунин гуфт бар модарам, к-эй аҷуз,
Қарин гашт шоми умедам ба рӯз.
Умеде, ки ин сабза бӯстон шавад,
Навиде, ки ин қатра Уммон шавад...
Забонаш чу Саъдӣ ба теғи баён
Бигирад карон то карони ҷаҳон.
Сипас, падараш ба ӯ нақл мекунад, ки азизе ба ман як сирри пинҳонӣ гуфта буд ва ман аз он ҳамвора дар ҳайрат будам. Инак, он суханон рост баромад. Вақте ки шоир ин сирро донистан мехоҳад, падараш ба ӯ нақл мекунад, ки ман аз мулки Хатлон азми Бухорову Самарқанд кардам. Аввал дар Самарқанд ду-се сол таҳсили илм намудам. Дар он ҷо марде дарвеш мегашт, ки бо номи Махдуми девона машҳур буд. Ман хостам, ки аз ӯ дуо бигирам. Аз ин хотир, ба дунболаш афтодам. Аз саҳар то шом ӯро пайгирӣ намудам, аммо илтифот накард ва шабонгоҳ ба гӯристон роҳ гирифт. Ман ҳам аз пасаш ба он ҷо рафтам. Ӯ бо ман ишора кард, ки аз хоки баланд каме биканам. Ман ин супоришашро иҷро намудам. Сипас, ӯ маро дуо дод ва гуфт, ки барои ту се чиз аз Парвардигор талаб кардем. Нахустин илму мол ва сеюм фарзанди соҳибкамол, ки дар илму адаб дар офоқ ягона мегардад, дар дилаш сирри Саъдӣ намоён мешавад ва дар хурдӣ шуҳрати тамом меёбад:
Туро мо се чиз аз Худо хостем,
Яке з-он ба сад илтиҷо хостем.
Нахустин туро илм бахшиду мол,
Сеюмбора фарзанди соҳибкамол.
Ниҳоли умедат чунон бар диҳад,
Ки завқи маю таъми шакар диҳад.
Димоғи хирад тоза гардад аз ӯ,
Ҳунар соҳибовоза гардад аз ӯ.
Ба дониш дар офоқ гардад қабул,
Кунад дар дилаш сирри Саъдӣ ҳулул.
Ба хурдӣ бузурге шавад дар улум,
Ки ӯ моҳ гардад, бузургон нуҷум.
Пири Шоҳин дар даҳ боб навиштани «Туҳфаи дӯстон»-ро дар пайравии «Бӯстон» ба ӯ тавсия медиҳад ва дар ин роҳ аз Саъдӣ мадад ҷустанашро тақозо менамояд, зеро вай бовар дорад, ки агар Шоҳин ба Саъдӣ рӯ биёрад, ҳатман дар эҷоди маснавӣ муваффақ хоҳад шуд:
Чу «Бӯстон» ба даҳ боб пироя деҳ,
Зи ҳар бобаш аҳбобро моя деҳ…
Чу раҳ мебарӣ ҷониби «Бӯстон»
Биҷӯ ҳиммат аз рӯҳи Саъдӣ дар он.
Агар рӯҳи Саъдӣ туро ёвар аст,
Чӣ ғам, муҳра боз оварӣ, гавҳар аст.
Албатта, Шоҳин дар эҷоди асарҳояш на танҳо ба осори Саъдӣ, балки ба осори шоирони дигари адабиётамон низ назар доштааст ва аз каломашон суд ҷустааст. Инро ҳамсониҳои осори шоир ба ашъори онҳо собит менамояд. Аммо Шоҳин беш аз ҳама аз осори Саъдӣ баҳраҳо бардоштааст.
Ҷамолиддин САИДЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.01.2019 №: 10 Мутолиа карданд: 954