logo

фарҳанг

АДАБИЁТ ХАЗИНАИ БУЗУРГИ АХЛОҚӢ

Барои ба воя расондани як инсони комил ҳамон қадар ранҷу машаққат лозим аст, ки барои бунёди як шаҳр. Хушбахтона, баҳри тарбияи дурусти фарзанд мо ганҷинаи дастурҳое дорем, ки ин адабиёти қадиму ҷадиди мост.

Мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Муҳаммад Ғаззолӣ чунин гуфта буд: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ки дар вай ҳар чӣ бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».
Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи фарзанд дар баробари ин ки бар дӯши муассисаҳои таълимӣ мебошад, пеш аз ҳама, масъулият ва вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар ҳам ҳаст.
Классики адабиёти тоҷику форс Кайковус Гелоншоҳ ном писаре доштааст. Ӯ бо мақсади тарбияи фарзанди гиромии худ ва бо роҳи неки зиндагӣ ҳидоят намудани вай дар синни 63 - солагӣ ба навиштани насиҳатномае шурӯъ мекунад, ки бо номи «Қобуснома» машҳур аст. Кайковус насиҳатномаи худро барои адои «шарти падарӣ», бо мақсади тарбияи фарзандонаш таълиф кардааст, вале он ба дастури ахлоқиву тарбиявӣ ва китоби бадеиву хондании ҳазорҳо одамон табдил ёфт ва номи муаллифашро дар таърихи адабиёту афкори педагогии ҷаҳон ҷовидонӣ сабт намуд.
Насри гузаштаи тоҷику форс ҳам ба мисли назми оламшумули он таърихи анъанаҳои шоистаеро дорост. «Қобуснома» - и Унсурмаолии Кайковус дар силки он дурдонаҳоест, ки зиёда аз 900 сол пеш аз ин эҷод шуда, то имрӯз арзиши худро аз даст надодааст ва ҷилову дурахши пешинаашро гум накардааст. Аз ин китоб, ки пур аз панду андарзҳои ҳакимонаву ҳикояту саргузаштҳои ибратбахш аст, чандин насл сабақи зиндагӣ омӯхта, дарси ахлоқу одоби ҳамида гирифтаанд ва ба тарзи рӯзгордории гузаштагон шиносоӣ пайдо карда, анъанаҳои неки онро давом додаанд.
Носири Хусрав дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ва аҳли илму адаби Машриқзамин яке аз шоирону нависандагонест, ки дар давоми умри бобаракати худ бо назму наср асарҳои зиёде эҷод намудааст. Бавижа, асари «Саодатнома» - и ӯ аз беҳтарин осори тарбиявист, ки метавон сармашқи оиладорӣ намуд.
Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» - и худ ба мавзӯъҳои панду ахлоқ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некиву накукорӣ, ростиву ростгӯӣ, донишу хирад, танқиди ҷаҳолат ва ситамкорӣ, ҳифзи Ватан ва муҳаббат аҳамияти бузург додааст. Танҳо «Шоҳнома» кофист, ки чандин насл ҳувиятманду ватандӯст шаванд.
Агар падару модар дар оила, омӯзгорон дар мактаб ва умуман, ҷамъият ба насли ҷавон дар баробари додани донишҳои илмӣ, инчунин, тарбияи нек диҳанд, ба мақсадҳои дар пеши худ гузоштаамон ҳамеша ноил шуда метавонем.
Соҷида САИДАСАНОВА,
омӯзгори МТМУ № 92 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2019    №: 10    Мутолиа карданд: 930
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед