logo

иқтисод

БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ. АЗ ТЕППАҲОИ НАМДОР ИСТИФОДА КУНЕМ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ масъалаи вусъати истеҳсолоти кишоварзиро бо мақсади таъмини пурраи аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ таъкид дошта, дастур доданд, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдони боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ, мунтазам зиёд карда шаванд. Ин нукта аз бисёр ҷиҳат муҳим мебошад.
Солҳои охир Ҳукумати кишвар даҳҳо барномаи рушди соҳаи кишоварзиро қабул намуд, ки ба иҷрои босифати супоришҳои Президенти кишвар такон мебахшанд. Дар заминаи амалишавии барномаҳо, пеш аз ҳама, барои таъмини амнияти ғизоии аҳолии мамлакат ва тақвияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ имконият фароҳам меояд. Ҳамчунин, дар  шароити кӯҳсори Тоҷикистон ва кам будани заминҳои ҳамвори кишт ташкили боғҳо, хусусан интенсивӣ дар доманакӯҳҳо яке аз роҳҳои босамари рушди кишоварзист. Аз як тараф, раванди боғдорӣ дар кишвар бехалал вусъат меёбад, аз ҷониби дигар, доманакӯҳҳои кишвар самаранок истифода мегарданд. Ба ин васила, барои ривоҷ додани парвариши сабзавот аз ҳисоби заминҳои ҳамвор имконияти бештар фароҳам меояд.  Ҳоло маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва барои саломатӣ манфиатбахши боғу токзори Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ эътибори баланд пайдо намуда, талабот ба он пайваста зиёд мешавад. Бинобар ин, роҳбарону масъулони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кор намуда, раванди боғу токпарвариро ҳар чи бештар равнақ бахшанд. Олимону мутахассисони соҳа дар навбати худ бояд корҳои таҳқиқотию ихтироъкориро ҷиҳати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани кишти навъҳои сермаҳсули маҳаллӣ ва ба раванди дигаргуншавии иқлим тобовари зироатҳо бештар вусъат диҳанд.
Сайдалӣ ГУЛОВ,
узви вобастаи Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2019    №: 10    Мутолиа карданд: 925
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед