иқтисод
ДОПИНГ. ИСТИФОДАИ ОН ҶИНОЯТ АСТ
Бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи барномаи «Тибби варзиш ва муҳофизати варзишгарони тоза» бо иштироки мураббиёни мактабҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва мактабҳои захираҳои олимпии шаҳри Душанбе оид ба мубориза бар зидди истифодаи допинг семинари омӯзишӣ доир гашт.
Дар семинар зикр гардид, ки Конвенсияи байналмилалии зидди допинг 19 октябри соли 2005 дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж қабул шуда, аз ҷониби зиёда аз 170 давлати ҷаҳон тавассути Конвенсияи байналмилалии ЮНЕСКО оид ба мубориза бо допинг дар варзиш эътироф гардидааст. Кишвари мо бошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 августи соли 2011 ба конвенсия ҳамроҳ шуд.
Ба ғайр аз ин, дар мамлакат мубориза бар зидди истифодаи допингро қонунҳо “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи тайёрии варзишӣ”, кодексҳои ҷиноятӣ, меҳнат ва қоидаҳои одоби варзишгар, мураббӣ, довар ва дигар кормандони соҳаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд.
Гуфта шуд, ки Агентии ҷаҳонии зидди допинг соли 1999 таъсис ёфтааст ва дар тамоми ҷаҳон барои истифодаи допинг аз ҷониби варзишгарон мубориза мебарад ва варзиши одилонаро таблиғ менамояд. Агентӣ дар ҳолати имрӯза 5 маркази қитъавӣ дорад ва ҳар сол то 320000 варзишгарро аз ташхис мегузаронад.
Иштирокдорони семинар соҳиби сертификат гардида, дар доираи барнома нақшаи корӣ тартиб дода, дар мактабҳои варзишӣ барои варзишгарони наврасу ҷавон силсилаи семинару вохӯриҳо ташкил хоҳанд кард. Тибқи нақша бояд беш аз 1200 нафар ба семинарҳои мубориза бар зидди истифодаи допинг фаро гирифта шаванд.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2019 №: 11 Мутолиа карданд: 927