иқтисод
ШАҲРИ БӮСТОН. ДАРВОЗАИ БОЗ БА РӮИ САЙЁҲОН
Истиқлолияти давлатӣ ба рушди ҳамаҷонибаи хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳо такон бахшид. Ободониву сохтмонҳои бузург дар гӯшаҳои дурдасттарини ҷумҳурӣ ба чашм мерасанд. Бавижа, шаҳри Бӯстон тайи чанд соли охир симои худро дигар карда, ба шаҳри диданиву зебо табдил ёфтааст. Дар ин маврид суҳбате доштем бо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода:
- Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳр 150 иншоот сохта мешавад. Давоми сол аллакай 22 - тои он ба истифода дода шуд ва корҳои сохтмонӣ дар 17 нуқтаи дигар идома доранд. Азнавсозии боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, боғи Парчами миллӣ, майдончаҳои варзиш, азнавсозии биноҳои истиқоматӣ бо меъмории миллӣ, таъмири роҳҳои маҳаллии шаҳр аз созандагии он дарак медиҳанд. Ҳамчунин, дар бунёди биноҳое, ки оянда сохта мешаванд, аз меъмории миллӣ истифода хоҳад кард.
Рушди истеҳсолот яке аз ҳадафҳои асосии мо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон ба соҳибкорон шароити хуб фароҳам оварда, пайваста барои рушди бахши истеҳсолот тадбирҳо андешида мешаванд. Ин аст, ки қисми зиёди корхонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, суръати афзоиши худро барзиёд таъмин намудаанд. Аз ҷумла, ҶДММ «Анҳор», ҶДММ «Суғд - Пак», ҶДММ «Суғд - аквапласт», ҶДММ «Саҳи - Хуҷанд», ҶДММ «Элегант» ва ҶДММ «Махсум и Ко».
Айни ҳол дар шаҳри Бӯстон ҷиҳати рушди воқеии соҳаи саноат 26 корхонаи саноатӣ, 20 сехи гуногунистеҳсол мавҷуд аст, ки дар болобурдани сатҳи зиндагии мардум саҳм мегузоранд.
Соли 2018 корхонаи калонтарини орд - ҶДММ «Анҳор» ба фаъолият оғоз кард. Иқтидори истеҳсоли он дар як шабонарӯз 500 тонна ордро ташкил медиҳад. Ба фаъолият шурӯъ намудани чунин корхонаҳои азим, мушкили норасоии ҷойи кориро ҳал мекунад.
Бо назардошти аҳамияти бузурги рушди саноат дар шаҳр аз ҷониби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.
Бо мақсади тараққӣ додани туризми дохиливу хориҷӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии шаҳр, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, як қатор чорабиниҳоро анҷом дода истодаем. Зеро сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фарогирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллист.
Соли гузашта бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Бӯстон як қатор корҳои ободонию созандагӣ анҷом ёфтанд. Аз ҷумла, барои истироҳати сайёҳон дар шаҳр 2 фаввораи сунъӣ бунёд ёфт ва дар атрофи онҳо нуқтаҳои истироҳатӣ ба кор оғоз карданд. Майдони “Қасри маданият” - и шаҳр аз нав таъмиру таҷдид шуда, як чанд мағозаи фурӯши армуғонҳои миллӣ фаъол гардиданд.
Дар заминаи корхонаи ҶДММ «Элегант» гармхонаи инноватсионӣ бо усули гидропоника ба фаъолият пардохт. Он маркази фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла тарабхона, манора барои тамошои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо баландии 23 метр, толори маҷлис бо масоҳати 2500 метри мураббаъ ва дигар нуқтаҳои хизматрасониро дар бар мегирад. Шаҳри Бӯстонро дарвозаи вуруди сайёҳон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд меноманд, ки ин дуруст аст. Зеро яке аз фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дар ин шаҳр ҷойгир аст.
Хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ бисёр хуб ба роҳ монда шудааст. Дар шаҳр меҳмонхонаҳои «Абдуқодир Ҷабборзода», «Сипеҳр», «Матин», “Заррин», «Шоҳкант» ва «Шоҳин» мавҷуданд, ки шароити хуби хизматрасонӣ доранд.
Бо мақсади рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар асоси “Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018 - 2020” корҳои зиёд дар нақша аст. Аз ҷумла, дар заминаи маҷмӯи меҳмонхонаҳои «Абдуқодир Ҷабборзода» бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда маркази солимгардонӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд хоҳад шуд. Марказ 3 - ошёна буда, минбаъд коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, маркази солимгардонии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, утоқҳои намояндагии ширкатҳои сайёҳӣ, нуқтаҳои чиптафурӯшӣ, ивази асъор, дорухона, мағозаи армуғонҳои миллиро дар бар мегирад. Инчунин, сохтмони ду меҳмонхонаи дигар давом дорад. Чанде қабл тарабхонаи «Суман» кушода шуд, ки дар он тамоми намуди хӯрокҳои милливу маҳаллии минтақаҳои Тоҷикистон пухта мешаванд. Ин яке аз василаҳои хуби муаррифии хӯроки миллии мо ба сайёҳон мебошад. Дар заминаи корҳои сомонёфта оянда ташкили ширкати сайёҳӣ дар назар аст.
Лола РИЗОӢ, Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2019 №: 11 Мутолиа карданд: 1043